Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баррасишаванда

Ба маълумоти устодони донишгоҳ расонида мешавад, ки тибқи барқияи Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.07.2022 №05 (30) 05-916, Вазорат тасмим гирифтааст, ки то охири моҳи декабри соли ҷорӣ зиёда аз 50 санадҳои меъёриву ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбиро таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ намояд.

Дар робита ба ин, лоиҳаи 16 санади меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва таҷдиди назар шуда истодааст.

Бинобар ин, тибқи барқияи болозикр устодони донишгоҳ метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро оид ба лоиҳаҳои санадҳои болозикр ба таври хаттӣ ва электронӣ ба почтаи электронии донишгоҳ (tsulbp@rambler.ru) то санаи 28.07.2022 ирсол намоянд.

Санадҳо Бахудгирифтан (Скачать)
1. Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ; Бахудгирифтан (Скачать)
2. Дастурамал оид ба тартиби истифодаи журнали гурўҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
3. Дастурамал оид ба тартиби амалишавии таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат Бахудгирифтан (Скачать)
4. Дастурамал оид ба иҷрои корҳои назоратӣ (контролӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Бахудгирифтан (Скачать)
5. Тартиби аз пардохти маблағи таҳсил дар гурўҳҳои таҳсилоташон ғайриройгони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани донишҷўён – ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ  ва бозиҳои осиёӣ Бахудгирифтан (Скачать)
6. Низомнома оид ба кори (лоиҳаи) курсӣ (аз рӯйи барномаи бакалавриат) Бахудгирифтан (Скачать)
7. Низомномаи намунавии таҷрибаомузии педагогии
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахудгирифтан (Скачать)
8. Консепсияи муҳити бехатар ва мусоиди таълим  дар  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
9. Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
10. Низомнома дар бораи бакалавриат Бахудгирифтан (Скачать)
11. Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
12. Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
13. Низомномаи мутахассис Бахудгирифтан (Скачать)
14. Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷўёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
15. Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахудгирифтан (Скачать)
16. Тартиби таъини раисони комиссияи аттестатсияи хатм. Бахудгирифтан (Скачать)

 

You might also like