Сиёсатшиносӣ ва МБ

                                                                                                                                 

Саидзода Шӯҳрат Шукур – декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ 1-уми апрели соли 2002 тибқи қарори Шурои олимони ДДҲБСТ ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ба ҳайси нахустдекани факултет дипломат, фиристодаи фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Шуравӣ профессор Я.И. Исломов таъин гардида буд. Минъбад дотсентон А. Раҳимов, М. Юсупов, профессор И.Раҳимӣ вазифаи декани факултетро ба ӯҳда доштанд. Сипас, дотсент Ҷ. Ҷӯразода тайи солҳои 2005-2006, 2009-2012 вазифаи сарвари факултетро иҷро намуд. Солҳои 2012-2016 д.и.т., профессор Ф. Ҳомидов ва аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи апрели соли 2024 дар вазифаи мазкур доктори  илмҳои сиёсӣ, профессор,  Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста М. Акмалова, аз моҳи апрели соли 2024 то моҳи сентябри  соли 2025 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Д. Ф. Майнусов адои вазифа намуданд.

Айни ҳол, вазифаи декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқиро    номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур ба уҳда дорад.

Ҳадафи асосии фаъолияти факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ, дипломатӣ, робитаҳои байнифарҳангии донишҷӯён ва ба воя расонидани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои байнифарҳангӣ  ва забоншиносӣ мебошад.

Соли 2018 дар факултет ихтисосҳои нав 1-23.01.02.02 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ, таҳсилоташ бо забони англисӣ) ва 1-23.01.02.05 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии беруна (забони хитоӣ) ҷорӣ карда шуд.

Ҳайати  роҳбарикунандаи факултетро декани факултет, н.и.ф., дотсент Саидзода Ш.Ш., муовини декан оид ба илм н.и.ф., дотсент Нурмаҳмадов Ю.Ш.,  муовини декан оид ба тарбия, сармуаллим Ахмедов Ш., эдвайзер Ибрагимов Р.Ҳ. ташкил медиҳад.

Ҳайати омӯзгорони факултет 73 нафар буда, аз он  4 нафар профессор, 30 нафар номзади илм, 13 нафар сармуаллим ва 26 нафар ассистент мебошанд.

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Қазони Федератсияи Русия, Маркази захиравӣ-таълимии Осиёи Марказӣ, Пажӯҳишгоҳи стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии  Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии “НАРХОЗ”-и Ҷумҳури Қазоқистон, Донишгоҳи Кентукки, Донишгоҳи Бритониёи Кабир, Донишгоҳи давлатии Чехия, Донишгоҳи давлатии Прага, Донишгоҳи давлатии педагогии Син-Сзяни вилояти Урумчии Хитой, Консулгариҳои ИДМ, вазоратҳо,  марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии  ҷумҳурӣ робитаи доимӣ дорад. 

[/vc_column_text]

“Кафедраи сиёсатшиносӣ” tab_id=”3″]

                                                                              

                 Якубов  Ҷума Калонович –  мудири кафедраи

                                              сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент 

                                                                  

Кафедра бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 15 июли соли 2000 таъсис дода шудааст. Аз ибтидои фаъолият сарварии онро Ш.М. Султонов (2000-2002), А. Холиқӣ ( 2002-2007), О. Зоҳидов (2007-2008), М. Юсуфов  ( 2008-2010), М. Акмалова ( 2010 -2016), Ф.М. Ҳомидов (2016-2018), С.Я. Қобилова (2018-2019), Ш.Ш. Саидзода (2019-2024)., Ф.М. Ҳомидзода (2024-2025) бар зимма доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2025 н.и.с., дотсент Ҷ.К. Якубов ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносӣ фаъолият менамояд.

Мақсади фаъолияти кафедра омода кардани мутахассисони баландихтисос тибқи талаботи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти ихтисосҳои 1-23.01.06.01 – сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), 1-23.01.06.01 – сиёсатшиносӣ (фаъолияти илмӣ-педагогӣ) ва 1-23.01.06.03 – сиёсатшиносӣ (менеҷменти сиёсӣ) мебошад.

Иқтидори зеҳнӣ ва тахассусии кафедра аз 13 нафар  корманд: 2 нафар профессор,  6 нафар дотсент, 2 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент иборат аст.

Кафедраи сиёсатшиносӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабудллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров робитаи густурда  дорад.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷўён таҳти унвони «Сиёсатшиноси ҷавон»  амал  менамояд.

Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода – мудири кафедраи

муносибатҳои байналхалқӣ,  доктори илмҳои таърихпрофессор

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) бо қарори Шурои олимони ДДҲБСТ аз 10 декабри соли 2002,  таҳти № 2 дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шуд. Онро солҳои гуногун номзади илмҳои филология, дотсент Юсупов Мирзоҷон (2002-2008), доктори илмҳои таърих, профессор Ризоев Бурҳон Мирзоевич (2008-2012) ва номзади илмҳои таърих, дотсент Олимов Ботурҷон Ҳамидович (2013-2022) роҳбарӣ намудаанд. Аз соли 2022 инҷониб вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ба зимма дорад.

Мақсади фаъолияти кафедраи мазкур ин омода намудани бакалаврҳо дар самти ихтисоси 1-23.01.01 – муносибатҳои байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Вазифаҳои асоси кафедра таълими фанҳои таърих,  назария ва амалияи дипломатия, омӯзиши муаммоҳои муносибатҳои байналхалқӣ, таъмин намудани донишҷӯён бо малакаи касби интихобнамуда, тарбияи завқ, одоб ва эстетикаи равобити байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи корӣ, рушди қобилияти эҷодии муҳассилин мебошад. Кафедра ҳамчунин фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани тахассусмандии ҳайати кормандон ба роҳ мондааст.

Дар кафедра 7 нафар устодон кору фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар номзади илм, дотсент ва 3 нафар муаллими калон мебошанд.

Қобили зикр аст, ки барномаи таълимии кафедра аз рӯи ихтисоси 1-23.01.01 – муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) дар сатҳи бакалавр соли 2019 аз ҷониби Агентии аккредитатсия ва рейтинги байналмилалии IAAR бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.

  1. Олимов Б.Ҳ - “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)
  1. Ғоибназаров Ф. – хатмкардаи соли 2014, Вазорати рушди савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҷумабоев Т. – хатмкардаи соли 2014, нозири Бонки байналмилалӣ дар в. Суғд.
  3. Юсупов Ф. – хатмкардаи соли 2014, нозири бонки Эсхата
  4. Мирзобекзода М. – хатмкардаи соли 2018, хадамоти бехатарии фурудгоҳи байналхалқии Хуҷанд.
  5. Хидиров П. – хатмкунандаи соли 2017, мутахасиси пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Истиқлол.
  6. Азимова Ф.А – хатмкардаи соли 2017, мутахасиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
  7. Мамадов А. – хатмкардаи соли 2017, мутахассиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара
  8. Каримова М. – хатмкардаи соли 2018, мутахассиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд.
  9. Тоҷибоев М. – хатмкардаи соли 2019, тарҷумон дар ширкати Кӯҳӣ -металлургии шаҳраки Зарнисор.
1. Давлатов У.Н. Комплекси таълимию методӣ аз фанни ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ, 2019. – 164 с. 2. Дастури таълимию методӣ “Хронологогия важнейших событий в международной деятельности Таджикистана (1944-2011)”. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ, 2019.- 397 с. 3. Олимов Б.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи муносибатҳои байналхалқӣ. Хуҷанд. Парки технологии ДДҲБСТ. 2018.-140 с. 4. Олимов Б.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни ҳамкории байналхалқӣ. Хуҷанд. Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-120 с. 5. Сайфуллоева М.А.Комплекси таълимию методӣ аз фанни мукотибаи кори дипломатӣ. Хуҷанд. Парки технологи ДДҲБАСТ. 2019-120 с.
  1. Олимов Ботурҷон Ҳамидович
  2. Юсупов Мирзоҷон
  3. Сайфуллоева Музайяна Атахоновна
  4. Алиҷонова Адибаҷон Ҳомидовна
  5. Давлатов Умедджон
  6. Мустафаева Парвинахон Хасановна
  7. Мирмаматова Райхона
 

Кафедраи таърих ва диншиносӣ

Мудири кафедра, номзади илмҳои таърих, дотсент

Ҳомидова Манзура Маҳмудовна

Кафедра тибқи фармоиши ректори ДДҲБСТ,  таҳти №81 аз 26.06.2005  таъсис ёфтааст. Тӯли мавҷудияти он бо номҳои кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ (1994-1995), фанҳои ҷамъиятӣ (1995-1998; 2003-2005),  таърих ва фарҳанги халқи тоҷик (1998-2003),   фанҳои ҷамъиятӣ ва таърихи халқи тоҷик (2005-2011) ва  таърихи халқи тоҷик (2011-2021)  фаъолият бурдааст.  Солҳои гуногун кафедраи мазкурро олимони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқ, таърих ва фалсафа Т.О. Орипов, А.Ҷ.  Бобоев,  А. Мамадов, Ҷ. Ҳомидов, Ҳ.С. Тоатов, Ҷ.Б. Исомитдинов, Ф. М.  Ҳомидзода  сарварӣ  намудаанд.  Айни ҳол  вазифаи мудирии кафедраи мазкурро н.и.т.,  дотсент  М.М. Ҳомидова ба зимма доранд.

Ҳадафи фаъолияти кафедра омода намудани мутахассисони тибқи талаботи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти 1-21.03.01-05 – таърих (сиёсатшиносӣ)  ва  1-02.01.02.05 – таърих (диншиносӣ) мебошад. Вазифаҳои асосии кафедра ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, омодакунии мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла омўзгорони таърих, мутахасисони соњаи сиёсат ва дин, густариши корҳои илмию тадқиқотӣ, бозомӯзии касбӣ  ва баланд бардоштани тахассуснокии ҳайати кафедра равона карда шудааст.

Дар кафедра аз рўи 27 фанни таълимӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст. Ба раванди таълиму тарбияи мутахассисон 14 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3 нафар доктори илми таърих, профессор, 4 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 3 нафар ассистент ҷалб карда шудаанд.

 

         Эгамназаров Ҳамза Ҳақназарович – мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филология, дотсент

Кафедра тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ, №3 аз 31.08.2012 таъсис ёфта, аз ибтидо то соли 2015 н.и.ф., дотсент Н.П. Пулотова, солҳои 2015-2019 н.и.ф., дотсент Д.С. Негматова, солҳои 2019-2025 н.и.ф., дотсент Ҳ.Ҳ.Эгамназаров, соли 2025 н.и.с., дотсент З. Рустамзода онро сарварӣ намудаанд. Аз моҳи сентябри соли 2025 вазифаи мудири кафедраи забонҳои хориҷиро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳ.Ҳ. Эгамназаров ба уҳда дорад.

Дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷӣ мутахассисони аз рӯи ихтисосҳои 1-23.01.02 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), 1-23.01.02-05 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии беруна), 1-23.01.02-02 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) ва 1-21.06.01.02-01– забони муосири хориҷӣ (хитойӣ- англисӣ) омода карда мешаванд.

Ҳайати кафедра аз 6 нафар омӯзгори дорои унвон ва дараҷаи илмӣ, 4 нафар муаллими калон, 3 нафар аcсистент иборат буда, устодон аз фанҳои забонҳои англисӣ, хитойӣ, хориҷии касбӣ, арабӣ, амалияи нутқи шифоҳию хаттӣ, грамматикаи амалӣ ва фонетикаи амалии забонҳои хитойӣ ва арабӣ, муқаддимаи филологияи Чин, муқаддимаи забоншиносӣ, назарияи тарҷума, услубшиносии забонҳои омӯзиш, лексикология, тарҷумаи матнҳои васоити ахбори омма, кишваршиносӣ  машғулият доир менамоянд. Фаъолияти ду утоқи лингафонӣ барои  самаранок ба роҳ мондани раванди таҳсилот мусоидат менамояд.

Самти фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар асоси нақша барои солҳои 2025-2030 ба таҳлили муқоисавӣ ва типологии масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ, романо-германӣ, арабӣ ва хитойӣ (самтҳои лингвистӣ, гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ)” равона гардидааст.

  1. Эгамназаров Ҳ.Ҳ. Забони англисӣ. Қисми – I  барои ихтисоси таърих 1-21 03 01 05. Хуҷанд «Дабир»,  2017- 127с.
  2. Эгамназаров Ҳ.Ҳ. Кишваршиносӣ барои ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ 1-23 01 02 04, Хуҷанд, «Дабир», 2018 - 145с.
  3. Шокиров Ҷ.В. Грамматикаи забони арабӣ. Қисми I. Хуҷанд Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019.-143 с.
  4. Шокиров Ҷ.В. Грамматикаи забони арабӣ. Қисми II-III. Хуҷанд, Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019 - 257 с.
  5. Шокиров Ҷ.В. Фонетикаи забони арабӣ.  Хуҷанд,  Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019.- 165 с.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 2019) сарфароз гардонида шуд.
  1. Султонова Мушарраф Шукруллоевна - хатмкардаи соли хониши 2016-2017, омўзгори фанни забони англисии гимназияи №1, шаҳри Истаравшан
  2. Ҷамолов Имомалӣ Нурудинович хатмкардаи соли хониши 2016-2017, омўзгори мактаби Президентӣ
  3. Муҳиддинова Нодира - хатмкардаи соли хониши 2017-2018, мутахассиси пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
  4. Турсуналиев Илёс – хатмкардаи соли хониши 2017-2018, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
  5. Гулваши Иброҳим - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон
  6. Раҳматуллоева Ирода - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон
  7. Болтуев Маъруфҷон - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
  8. Вализод Беҳрўз - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
  1. Эгамназаров Ҳамза Ҳақназарович
  2. Пўлодова Наима Юсуфовна
  3. Негматова Дилошўб Садуллоҷоновна
  4. Ишанкулова Дилбар Гафуровна
  5. Шокиров Ҷамшед Валиевич
  6. Тўраев Зиёдалӣ Саидмаликович
  7. Раупова Шаҳнозахон Маҳмудхоновна
  8. Норматова Меҳрангез Азамовна
  9. Сулаймонова Гулрухсор
  10. Сайфиддинова Рухшона Бахтиёровна

Давлятова Чинорой Абдуллоевна –мудири кафедраи

                                                       забони англисӣ, номзади илмҳои  ҳуқуқшиносӣ , дотсент

Кафедраи забони англисӣ дар асоси  фармоиши ректори донишгоҳ  аз 31 августи соли 2012 таъсис дода шуда,  вазифаи  мудири кафедраро  н.и.ф., дотсент М.Қ. Мирзоҷонова ба ӯҳда дошт.  Аз 25 январи 2025 то ҳол н.и.ф., дотсент Ч.А. Давлятова ба ҳайси мудири кафедраи забони англисӣ ифои вазифа менамояд.

Ҳайати кафедра аз 12 нафар омўзгори асосӣ иборат мебошад, ки 10 нафари онҳо соҳиби унвони илмӣ мебошанд. Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён омӯзгорон Ч.А. Давлятова,  М.Қ. Мирзоҷонова, М.А. Назирова, М.М. Ҳакимова,  Д.И. Маҷидова,  З.Ҷ. Пӯлотова,  М.А. Абдувоҳидова, Ш.М. Тоирова, М.Х. Хоҷаева,  М.Б., Имомназарова, М.Б. Почакалонова ва З.О. Олимова ҷалб карда шудаанд.

Мақсади асосии кафедра бо таълими забони англисӣ, инкишоф додани нутқи шифоҳӣ ва хаттии донишҷуён мебошад. Корҳои илмию тадқиқотии кафедра ба самти таҳлили воҳидҳои забонӣ  –   омонимҳо, антропонимҳо,  фразеологизмҳо, эвфемизмҳо ва пешвандҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар раванди омӯзиши забони хориҷӣ  равона карда шудааст.

Аъзоёи кафедра фаъолияти илмӣ, педагогию методӣ ва тарбиявии худро аз рӯи нақшаи тасдиқгардида ба роҳ мондаанд.  Устодони кафедра бо баробари корҳои  таълимию тарбиявӣ, инчунин дар кафедра вазифаҳои мушаххас, ба амсоли роҳбарии семинарҳои илмию назариявӣ, илмию методӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд.

Барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии донишҷӯён ва ҳавасманд сохтани онҳо дар омӯхтани забони англисӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “Speak only English” фаъолият мебарад. Ҳамзамон, дар доираи барномаи TEMPUS FLEPP устодони кафедра дар  донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд ва тахассуси худро баланд мебардоранд.

  Каримов Аслам Аъзамҷонович  – мудири кафедраи

            фанҳои ҷамъиятӣ , доктори илмҳои филология, дотсент

Кафедра соли 1994 таъсис ёфта, то моҳи сентябри соли 1995 бо номи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекард. Роҳбарии кафедраро дар ин давра номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Т.О Орифов ба уҳда дошт. Моҳи ноябри соли 1998 кафедра ба ду бахши мустақил ҷудо гардид: кафедраи сиёсатшиносӣ ва фалсафа ва кафедраи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик.

Қаблан, соли 1995 дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятӣ, кафедраи мустақили фанҳои ҷамъиятӣ ташкил шуда буд, ки роҳбарии онро доктори илмҳои таърих, профессор А.Ҷ. Бобоев анҷом медод.  Тайи солҳои  2000 -2005 кафеда бо номи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ фаъолият бурда, роҳбарии онро дар ин давра номзади илмҳои фалсафа, дотсент А. Мамадов иҷро менамуд.

Бо қарори раёсати донишгоҳ аз 31.05. 2005 кафедра номи таърихи халқи тоҷик ва фанҳои ҷамъиятиро гирифт ва ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷ. Ҳомидов таъин гардид. Дар солҳои минбаъда устодон  н.и.т., дотсент Турсунов Б.Р. (2012 – 2016), н.и.п., дотсент Бобоева С.Б. (2016 – 2022), н.и.ф., дотсент Мурадбекова М.Ҳ. (2022 –2023), дотсент Пулотова М.А. (2023 –2024), н.и.с., дотсент Саидзода Ш.Ш. (2024 – 2025) ба ҳайси мудири кафедра фаъолият бурданд. Аз соли 2025 вазифаи  мудири кафедраро д.и.ф., дотсент А.А. Каримов бар зимма дорад.

Айни ҳол ҳайати кафедраро 16 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2 нафар доктори илм, 6 нафар номзади илм, 6 нафар  сармуаллим ва 1 нафар ассистент мебошанд.

 

                                                                 Абидова Умедахон Нумоновна- мудири кафедраи

                                                              методикаи таълим, номзади илмҳои педагогӣ 

Кафедраи  методикаи  таълим вобаста ба самти омӯзгорӣ  ва риояи талаботи боби 1, банди 5-и  Низомномаи  кафедраи  муассисаи  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори   Шурои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 28.02.2025 таъсис дода шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ  У.Н. Абидова мебошад.

Дар  Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои 1-02.04.06-01 – Химия, биология,  1-21.05.01.08- забон ва адабиёти рус, 1-02.03.06 – забони англисӣ, 1-21.06. 01.02.01– забони муосири хориҷӣ (хитойӣ- англисӣ), 1-21060101-забонҳои муосири хориҷӣ, 1–02.03.01- забон ва адабиёти тоҷик,  1-02.05.03.02 – математика, информатика,  1-02.01.01 – таърих, 1-02.01.02 – таърих, ҳуқуқ, 1-23.01.06-03 – сиёсатшиносӣ (фаъолияти илмию педагогӣ), 1–01. 02.01– таҳсилоти ибтидоӣ ва 1- 01.02.02-01-таҳсилоти ибтидоии томактабӣ омӯзгор барои фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва  миёнаи умумии гуногуншакл омӯзгор омода карда мешавад.

Доираи фаъолияти хатмкунандагон ба самтҳои педагогӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию педагогӣ, фарҳангию тарбиявӣ, созмондиҳию идоракунӣ, танзими ҳуқуқӣ, фаъолияти назоратӣ, таҳлилӣ, нақшавию ҳуқуқӣ, танзимию идоракунӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ равона гардидааст.

 

[/vc_column][/vc_row]