Молия ва андоз
Абдулазизов Раҳимҷон Абдувалиевич – декани факултети молия ва андоз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Факултети молия ва андоз ҳамчун падидаи тозаи даврони соҳибистиқлолӣ тибқи талаботи замони муосир – иқтисодиёти бозоргонӣ соли 1996 таъсис ёфтааст. Аввал факултет муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ унвон дошта, бо мурури замон чанд маротиба тағйири ном намудааст. Аз ҷумла, иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент, молия ва менеҷмент ва баъдан аз соли 2007 то соли 2023 факултети молия ва аз 1 сентябри соли 2023 факултети молия ва андоз унвон гирифтааст.
Дар давоми фаъолияти факултет сарварии онро солҳои мухталиф олимони барҷаста, ба монанди д.и.и., профессор Мирсаидов Аброр Бобоевич (1996-2005), н.и.и., дотсент Сатторова Фирӯза Масудовна (2005-2012), н.и.и, дотсент Тоҷзод Далер Ҳамропур (2012-2016), н.и.и., дотсент Қаюмов Наимҷон Набиҷонович (2016-2018), д.и.и., профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович (2018), д.и.и., дотсент Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна (2018-2024) бар уҳда доштанд. Алҳол роҳбарии факултетро н.и.и., дотсент Абдулазизов Раҳимҷон Абдувалиевич ба зимма дорад.
Дар таъсису ташаккули факултет олимони варзида, аз қабили д.и.и., профессор Ғозибеков А.Ғ., н.и.и., дотсент Ҳомидов Ҳ.Ҳ., д.и.т., профессор Бобоев А.Ҷ., н.и.и., профессор Абдуллоев З.Р., н.и.и., дотсент Негматов Т.Н., н.и.и., дотсент Абдуллоева О.И. ва дигарон саҳми назаррас гузоштаанд.
Факултет мутахассисонро барои сохахои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла сохторҳои гуногуни молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои бонкию қарзии ватанию бурунмарзӣ ва муассисаҳои илмӣ омода менамояд.
Алҳол фаъолияти самти таълими факултетро муовини декан оид ба таълим, ассистент Муъминов Ф. Т., самти тарбиявиро муовини декан оид ба корҳои тарбия, муаллими калон Саломов Д. Ф. ва самти илмро н.и.и., дотсент Насимова М. А. пеш мебаранд.
Дар назди факултет 6 кафедра – молия ва қарз, кори бонкӣ, назарияи иқтисодӣ, андоз ва андозбандӣ, забони тоҷикӣ ва забони русӣ амал мекунанд.
- Донишгоҳи давлатии идоракунии шаҳри Москва
- Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Донишгоҳи Деусто (ш. Билбаои Испания),
- Донишгоҳи Генуя (ш. Генуяи Италия),
- Донишгоҳи Тарту (ш. Тарту, Эстония),
- Донишгоҳи техникии Дрезден (ш. Дрезден, Олмон),
- Донишгоҳи Палацко (ш. Оломоутс, Чехия).
- Раҳимов А.М., Алиҷонова С.А., Хоҷаева М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –160с.
- Абдуқодиров Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи афкори иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –140с.
- Абдуқодиов Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни моделиронии раванди макроиқтисодӣ Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –135с.
- Рахимов А.М., Насимова М.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои ихтисосҳои ғайрииқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –128с.
- Исмаилова М.М., Хоҷаева М.И., Насырова У.И. Дастури методӣ оиди навиштани рисолаи кори курсӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ: макроиқтисод, ДДҲБСТ, 2019. –60с.
- Каримов А.А., Кенҷаев С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ, барои ихтисоси иқтисодӣ. Хуросон, – 244 саҳ.
- Шокиров Т. С., Ҳалимова М. Забони тоҷикӣ. Машғулиятҳои амалӣ ва КМРО. Хуҷанд, 2018.- 247 саҳ.
- Раҳматова Д.А., Ҳакимова Б. Комплекси таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ, барои ихтисоси техникӣ. Парки технологии ДДҲБСТ. – 2019,
- Каримов А.А., Кенҷаев С. Тоҷзод Д.Ҳ. Дастури таълимию методӣ. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён омили рушди фаъолияти эҷодист (барои донишҷӯёни соли якуми таҳсил).. Парки технологии ДДҲБСТ. – 2019
- Каримова М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни амалиёти бонкӣХуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –.237с
- Юсупова Д.Б., Акрамов М.А., Валиева Н.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни танзим ва назорати асъор. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –154 с.
12. Тухтаев Т.М. Менеҷменти молиявӣ (назария ва амалӣ) /Китоби дарс ӣ . Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –438с.
13. Шокиров Р.С. /Комплекси таълимию методӣ аз фанни таҳлили молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 324с.
14. Шокиров Р.С., Темиров К.О., Низомаддинова З.Я. /Комплекси таълимию методӣ аз фанни молияи мамлакатҳои хориҷӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 280с.
15. Шокиров Р.С., Раҳимова Н.Ш. Комплекси таълимию методӣ аз фанни молия ва қарз. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 217с.
16. Самадов Р.И, Турдиматова П.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни молияи корхонаҳо. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 321с.
17. Самадов Р.И., Исматов Х.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назорати молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 270с.
18. Самадов Р.И., Исматов Х.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назорати молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 258с.
19. Обидова М.Р., Бобоҷонов Д.Р. Комплекси таълимию методӣ аз фанни муносибатҳои байналхалқӣ, асъорию қарзӣ ва молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 272с.
- Хоҷаева Д.А. – Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон – 2019 с.
- Насимова М.А. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Баланд кардани дараҷаи ҷалбкардани нуқтаҳои рушд дар иқтисодиёти минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» – (10.10.2019)
- Каримова М.И. –ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Такмили муҳити ниҳодӣ дар баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08. 00. 01 – назария иқтисодӣ ( 29.12.2018)
- Самадов Р.И. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Идоракунии ҷараёнҳои ташаккулёбии иқтидори инноватсионии иқтисодиёти миллӣ» ҳимоя намудааст (15.09.2018)
- Сафаров А.Г. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои назарияивии мукаммалгардонии муносибатҳои пулӣ дар иқтисодиёти гузариш (05.2019).
- Каримов Садам – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25.01.04т, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди самбо дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини дзюдо
- Боқӣ Валимуҳаммад – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25.01.04т, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди самбо дар Ҷумҳурии Қирғизистон
- Камолова Мижгона, Дадобоева Муқаддас – гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд
Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна
| Маълумот дар бораи худ | Сана ва соли таваллауд: – 01.11.1976 Миллат: тоҷик
Суроғаи зист: ш.Хуҷанд, мкр-н 19, хонаи 2, ҳуҷраи 50 Телефон: моб. +992928000405 e-mail: dilrabo.hodjaeva@mail.ru |
| Маълумот: | Олӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1999)
касби иқтисодчӣ-байналхалқӣ, тахассуси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ |
| Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: | номзади илмҳои иқтисодӣ (2007), самт: 08 00 05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии қишлоқ |
| Доираи таваҷҷӯҳи илмӣ: | Мавзӯи рисолаи номзадӣ: Конкурентоспособность хлопкового волокна и пути её повышения
Мавзӯи рисолаи докторӣ: Повышение конкурентоспособности рынка хлопковой продукции в Таджикистане |
| Фаъолияти меҳнатӣ | Декани факултети молия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (аз соли 2018- то ҳоло)
Мудири кафедраи менеҷмент дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2015-2018) Мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2010-2015) Дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ ва муовини декан оид ба илми факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2009-2010) Сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, раиси бонувон ва духтарони факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2007-2009) Ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2000-2007) |
| Дастовардҳо: | Зиёда аз 55 мақолаҳои илмӣ, 2 монографияи илмӣ, 4 дастури методӣ ва 7 комплекси таълимӣ-методӣ ба нашр расонидаам. |
| Фанҳои таълимӣ: | Идоракунии сифат, идоракунии захираҳои инсонӣ |
| Маълумоти иловагӣ:
Таълифоти илмӣ
|
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд
|
Кафедраҳои факултети молия
Каримова Муаззама Исматуллоевна – мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедраи молия ва қарз бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти №35 аз 06 декабри соли 1999 таъсис ёфтааст. Кафедра дар самти ташкилу идоракунӣ, таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла молиёт, қарз, муомилоти пулӣ, фаъолияти бонк, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суғурта ва ғайра мутахассис омода менамояд. Устодони кафедра дар чор факултети донишгоҳ аз фанҳои мухталифи соҳаи иқтисод машғулиятҳои таълимӣ мегузаронанд. Кафедра дар асоси нақшаи таълимӣ ва стандари давлатӣ аз рўи ихтисоси 1-25.01.04 – молия ва қарз мутахассис омода менамояд.
Кафедра дар ошёнаи сеюми бинои таълимии №2, факултети молия ва андоз ҷойгир буда, дар назди он кабинети муҷаҳҳази таълимию методӣ таъсис дода шудааст. Дар кафедра семинари илмию назариявӣ, методӣ ва маҳфили донишҷўён «Молиячии ҷавон» амал мекунанд.
Бобоева Парвина Мансуровна – мудири кафедраи
кори бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедра бо фармоиши ректори ДДҲБСТ, №23 аз 13.03.2015 таъсис ёфта, аз ибтидо то сентябри соли 2016 н.и.и., дотсент Ќаюмов Н.Н., солҳои 2016 – 2025 н.и.и., дотсент Юсупов Д.С. онро сарварӣ намудаанд. Аз январи соли 2025 вазифаи мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоева П.М. ба уҳда дорад.
Дар назди кафедра мутобиќи наќша ва стандарти давлатӣ таълим аз рўи ихтисоси 1-25.01.04.02 – кори бонкӣ ба роҳ гузошта шуда, дар самту соҳаҳои иќтисодӣ, аз ҷумла муомилоти пул ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суѓурта, таъминот ва суѓуртаи иҷтимоӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Дар кафедра таълим аз рўи 20 фан роҳандозӣ ва 9 нафар устодон ба корҳои таълиму тарбия ва пажўҳишоти илмӣ машѓул мебошанд.
Кафедра дар утоќҳои 325 ва 323-и факултети молия ва андоз ҷойгир буда, дар назди он кабинети таълимию методии муҷаҳҳаз таъсис ёфтааст.
Дар кафедра семинарҳои илмию назариявӣ, таълимию методӣ ва маҳфили илмии донишҷўён бо номи «Бонкдори ҷавон» фаъолият дорад.
- Ҷаборов Ғ.Н. Комплекси таълимию методӣ аз фанни фаъолияти суғурта, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2015. –187 с.
- Исматуллоев С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни маркетинги бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2016. –164 с.
- Каримова М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни амалиёти бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –237 с.
- Юсупова Д.Б., Акрамов М.А., Валиева Н.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни танзим ва назорати асъор, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –154 с.
- Исомаддинов Ф.Б. – хатмкардаи соли хониши 2014-2015 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶДММ ТАҚХ Арванд
- Амонов Амонулло - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
- Илолова Ангома - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи интиқоли маблағ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар н.Ҷ.Расулов
- Маҳмудзода Сироҷиддин - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар БДАҶТ «Амонатбонк» дар н. Ҷ. Расулов
- Солимова Шукрона- хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
- Дадобоев Акбарҷон - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
- Замонов Абдумалик - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - хазиначӣ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ш. Хуҷанд
- Тошматов Бахтиёр - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шӯъбаи интиқоли маблағ дар ҶДММ ТАҚХ «Азизи молия» дар н. Ҷ.Расулов
- Ҷаборова М.И. - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 – мутахаассиси шӯъбаи илмӣ ДДҲБСТ дар ш. Хуҷанд
- Ҳайдарова Меҳрафрӯз - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар н. Ашт
- Юсупов Давронҷон Сиддиқбоевич
- Каюмов Наимдҷон Набиевич
- Каримова Муаззама Исматуллоевна
- Сафаров Алимаҳмад Гулович
- Ҳафизова Парвина Абдувоситовна
- Ҷаборов Ғанӣ Набиҷонович
- Хакимов Файзулло Абдурасулович
- Шамсиева Мавзуна Зафаровна
Кафедраи андоз ва андозбандӣ
Мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маъмуров Анварҷон Маҳмудҷонович
Кафедраи андоз ва андозбандӣ дар асоси Низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 30.06.2003, №10 ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи пурифтихори он таълиму тадриси низоми андоз дар ҳамаи ихтисосҳои иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Аввалин мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ д.и.и., профессор Ғоибназаров Ш.У. тайин шуда, мавсуф то охири соли 2015 ин вазифаро бар дўш доштанд. Соли 2015 н.и.и., дотсент Бобоев Ҳ.С. ва аз солҳои 2017 то 2024 н.и.и., дотсент Салимова М.М., вазифаи роҳбарии кафедраи андоз ва андозбандиро ба уҳда доштанд. Айни замон роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Маъмуров А.М. ба зимма доранд. Дар ин давра мувофиқи тақозои давру замон ба омўзиши амиқ ва ҳадафноки раванди андоз ва андозбандӣ чун рукни асосии давлатдорӣ ва асоси молиявии мавҷудияти давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар таърихи мавчудияти кафедра олимон ва устодони маъруф (А.Б.Мирсаидов, Н. Абдуллоев, Ш.У.Гаибназаров, А.С. Номанова, А.М. Маъмуров, М.М. Салимова, Ф.Т. Хонхуҷаев, М.М. Абдуллоев, Ҷ.Р. Қоситов, Н.Ю. Салимов) ва омўзгорони соҳибтаҷриба (А.С. Номанова, Д.Ҷ. Сабуров, В. Маҳмудов, М.М. Абдуллоев ва дигарон) фаъолияти илмию омўзгории хешро ба ин боргоҳи таълиму тадриси илми молия бахшида, дар омўзиш, рушд ва инкишофи соҳаи андози кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро гузоштаанд.
Рисолати кафедра – омода намудани мутахассисони соҳаи андозбандӣ барои мақомоти андози кишвар ва корхонаву ташкилотҳо буда, кафедра кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро тарбия намояд. Кафедра ба стандарти меъёрии ҳуқуқии мактабҳои олии равияи иқтисодии талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгў буда, дар ин замина фаъолияти худро аз рӯи нақшаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ–методӣ ва илмӣ–тадқиқотӣ ба роҳ монда, мутахассисони ихтисоси 1-25 01 04 03 – андоз ва андозбандӣ дар се зинаи таҳсилот – бакалаврӣ, фосилавӣ ва магистратура омода месозад. Кафедра тибқи нақшаи дурнамои фаъолият амал мекунад, ки таҳти он вазифаҳои мушаххаси ҳалталаб, аз ҷумла: корҳои ташкилӣ, таълимӣ, тадқиқоти илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, иртибот бо мактабҳои олии ҳамҷавор, татбиқи амалии қонунгузории андоз дар назар аст. Кафедра муваффақ шудааст, ки раванди таълимро бо амалия пайваста бо маводҳои таълимӣ таъмин намояд. Дар ин бахш зикри китобҳои дарсии А.М.Маъмуров, («Афзалиятҳои низоми маъмурикунонии андоз дар иқтисодиёти минтақа», -Хуҷанд, -2024), М.М. Абдуллоев, А.М.Маъмуров, («Андозҳои маҳаллӣ», -Хуҷанд 2023), М.М.Салимова («Менеҷменти андоз», -Хуҷанд, 2022, «Андозҳои умумидавлатӣ», -Хуҷанд, 2023), дастурҳои таълимии Ш.У. Гаибназаров, А.М.Маъмуров, М.М.Салимова, Д.Ҷ.Сабуров, А.С.Номанова, М.М.Абдуллоев, Ҷ.Р.Қоситов («Андоз ва андозбандӣ», -Хуҷанд, 2014; «Андоз ва андозбандӣ»,- Хуҷанд, 2019; «Андоз ва андозбандӣ: дар ҷадвал ва нақшаҳо», -Хуҷанд, 2020; «Андоз ва андозбандӣ», -Хуҷанд, 2023; «Буҷети давлатӣ», -Хуҷанд, 2022; «Андозбандии соҳибкорони инфиродӣ», -Хуҷанд, 2019; «Коргузорӣ дар мақомоти андоз», -Хуҷанд, 2013) хеле бамаврид аст.
Айни замон дар кафедра 7 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки дараҷаи унвоннокӣ 52,1 ва синну соли миёнаи кормандони нерўи илмӣ 39,1 фоизро ташкил медиҳад. Тўли фаъолият ҳайати кадрии кафедра ба он ноил гаштанд, ки маҷмуи маводи таълимӣ – методии ҷавобгў ба талаботи замони муосир ва стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ омода карда шавад, ки натиҷаи он дар таълифи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ-методӣ ва мақолаҳои илмӣ инъикос меёбад.
Ҷиҳати дар сатҳи матлуб ва ҷавобгў ба роҳ мондани сифати таълим дар назди Раёсати андоз дар вилояти Суғд намояндагии кафедра амал мекунад, ки дар ин замина ба раванди таълим мутахассисони мақомоти андоз дар вилояти Суғд ҷалб карда шуда, гузаронидани лексияҳои меҳмонӣ ва дарсҳои кушод дар кафедра самти афзалиятнок маҳсуб меёбад. Бо мақсади устувор нигоҳ доштани мавқеи худ, кафедра бо дигар кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он, инчунин ширкатҳои маҳаллӣ ҳамкории судманд дорад.
Ҳамчунин дар кафедра семинарҳои илмӣ ва методӣ амал мекунанд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои илмию методӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Таъмини Барномаи таҳсилоти ихтисос ва иҷрои нақшаи таълимии ихтисос аз муҳимтарин вазифаҳои кафедра маҳсуб ёфта, дар таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва комплексҳои таълимию методӣ ба назар мерасад.
Ба мақсади наздик гардонидани назария ва амалияи андозбандӣ кафедра дар Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд намояндагӣ дошта, курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисосро ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати устодони кафедраи андоз ва андозбандӣ корҳои илмӣ – таҳқиқотиро дар асоси тибқи нақша – дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз руи самти умдаи тадқиқоти илмии кафедра “Раванди ислоҳоти андозбандӣ дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш бурда, фаъолияти илмии худро дар шакли таълифи монографияҳо, мақолаву маърузаҳои илмӣ марҳила ба марҳила тақвият медиҳанд. Устодони дорои дараҷаи илмии кафедра дар мавридҳои муайян ба рисолаҳои илмии муҳаққиқон тақриз дода, ба ҳайси комиссияҳои экспертӣ, муқарризон ва муассисаи пешбар баромад менамоянд.
Сафаров Алимаҳмад Гулович – мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедраи назарияи иқтисодӣ бо фармоиши №9, аз 16.07.1994 ҳамчун кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва баъдтар бо фармоиши №5, аз 28.03.1995 бо номи кафедраи назарияи иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Аз оғози таъсисёбӣ кафедра дар сохтори факултети бизнес ва муносибатҳои ҷаҳонӣ, солҳои 1997 – 2002 дар факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент ва соли 2002 дар ҳайати факултети молия (ҳоло молия ва андоз) фаъолият дорад. Аввалин мудири кафедраи мазкур д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. таъин ва минбаъд н.и.и., профессор Абдуллоев З.Р., д.и.и., профессор Ҷалилов Т., д.и.и., профессор Исмоилова М.М., н.и.и., дотсент Назаров Х.С., д.и.и., профессор Раҳимов А.М. ва н.и.и., дотсент Маҳмудов М.Қ. кафедраро сарварӣ намудаанд. Аз моҳи сентябри соли 2025 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафаров А.Г. ба уҳда дорад.
Кафедра фаъолияти худро тибқи нақшаи дурнамо аз рўи мавзуи «Муаммоҳои рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи рақамикунонӣ» ба роҳ мондааст. Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тадрис, густариши самт ва равиши пажўҳишоти илмї ва методї, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат ва самтҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат бахши умдаи фаъолияти кафедраро ташкил медиҳад.
- Рахимов А.М., Алиҷонова С.А., Хоҷаева М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –160с.
- Абдуқодиров Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи афкори иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –140с.
- Абдуқодиов Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Моделиронии раванди макроиқтисодӣ Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –135с.
- Рахимов А.М., Насимова М.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои ихтисосҳои ғайрииқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –128с.
- Раҳимов Абдулатиф Маҷидович
- Назаров Хуршед Собирҷонович
- Насирова Умеда Наимовна
- Ҳомидов Фарҳодҷон Муқимович
- Бобоҷонов Тоҳирҷон Толибҷонович
Рустамов Шавкат Раҳимович – мудири кафедраи
забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Кафедра моҳи сентябри соли 1994 чун кафедраи забонҳо таъсис ёфта, баъдан кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва забони арабӣ (с.2000), забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ (с.2006), забони тоҷикӣ (с.2012) ном гирифтааст. То имрӯз олимони зерин ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият доштанд: н.и.ф., дотсент К.С.Абдуллохоҷаева (1993-2000), н.и.ф., дотсент С.Ҳоҷиев (2001-2003), д.и.ф., профессор Т.Бердиева (2003), д.и.ф., профессор А.Сайфуллоев (2003-2005), н.и.ф., дотсент Б. Бобоҷонова (2005), д.и.ф., профессор Раҳимов И. (2006-2012), д.и.ф., профессор Т.С.Шокиров (2012-2017), н.и.ф., дотсент А.А.Каримов (2017-2021), н.и.ф., дотсент Ю.Кенҷаев (2022 – 2023). Аз моҳи майи соли 2023 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. дар вазифаи мудири кафедра фаъолият дорад.
Солҳои гуногун дар кафедра ҳамчунин, дотсентон Ф.Сатторова, Ю.Кенҷаев, М. Камолов, М.Аҳмадов, М.Раупова, С.Кенҷаев, М.Ҳалимова, А.А.Каримов, Д.А.Раҳматова, М.Т.Каримова, Б.Ҳакимова, М.Атамуллоева, омӯзгорон С.Бобоев, М.Раҷабова, И.Нуров, М.Фаёзов, М.Шарипова, М.Пўлодова, М.Ф.Голованова, Т.А.Давидкина, С.Марофиева, З.Тўраев, Ҷ.Шокиров, М.Мирниёзов, Г.Шералишоева ва дигарон кору фаъолият кардаанд.
Айни замон дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, 5 нафар номзади илм, дотсент ва як нафар ассистент ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Соли 2013 кафедра ба гирифтани ҷоизаи “Кафедраи тиллоӣ” мушарраф гардида, бо медали Намоишгоҳи байналмилалии Париж «LIVRE PARIS-2018» қадршиносӣ шудааст. Ҷоизадори озмуни “Кафедраи сол – 2018” ва «Кафедраи сол – 2022» мебошад.
Негматова Мухбирахон Мирзохӯҷаевна, мудири кафедраи забони русӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Кафедра аз 13 июни соли 2002 таъсис ёфта, нахуст вазифаи мудирии онро дотсент А.Саидмамадов ба уҳда дошт. Аз соли 2007 вазифаи мудирии кафедраро н.и.ф., дотсент Д.Д.Мирзоева ба зимма дошта, солҳои 2012 – 2014 н.и.п., дотсент М.Ҷ. Хоҷаева, 2014 – 2022 дотсент Д.Д. Мирзоева ба ҳайси мудири кафедра фаъолият бурдаанд. Аз моҳи октябри соли 2022 то ҳол н.и.п., дотсент Негматова М.М. мудири кафедраи мазкур мебошад.
Айни ҳол дар кафедра 8 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 3 нафар номзади илм, дотсент, 3 нафар муаллими калон, 2 нафар ассистент мебошанд.
Дар кафедра семинари илмӣ-назариявӣ, илмӣ-методӣ, маҳфили илмии донишҷӯён “Молодой литературовед” ва маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” амал менамояд.
Аз соли хониши 2025 – 2026 дар назди кафедра ихтисоси 1-21.05.01.08 – забон ва адабиёти рус таъсис ёфта, мутахассисони баландихтисос дар соҳаи забон ва адабиёти рус омода карда мешаванд.
Самти умдаи фаъолияти илмию тадқиқотии кафедраро компаративистика ва типологияи забонҳо, такмилу таълими забони русӣ дар шароити гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон, забоншиносию адабиётшиносӣ ташкил медиҳад.
- Design