Донишгоҳ: дирӯз ва имрӯз

Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ,  бизнес  ва  сиёсати Тоҷикистон  дар  ислоҳоти  қонунгузорӣ  “маркази  зеҳнӣ”  гардида,  дар соҳаҳои  соҳибкорӣ,  фаъолияти  тиҷоратӣ  ва  ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,           

маҷаллаи «Деловой мир», 24.01.1995

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1993 ба ҳайси макони тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ таъсис ёфт.

Дар оғози фаъолият ва марҳилаҳои тақдирсози донишгоҳ нақш ва мавқеи олими варзидаи соҳаи кооператсияи тоҷик, иқтисодчии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори шодравон Арслонбек Ғозибеков, ки солҳои  1994-1999 вазифаи ректори донишгоҳро ба ўҳда дошт, назаррас аст.

Минбаъд, дар марҳилаҳои  рушди донишгоҳ Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессори шодравон Ҳомид Пўлодов,  профессорон Осим Каримзода ва Ҷамшед Ҷўразода ҳамчун сарварони ин муассисаи бонуфуз нақши босазо гузоштаанд. Бахусус, аз соли 2006 марҳилаи сифатан нав дар донишгоҳ оғоз ёфта, муҳимтарин дастоварди ин давр бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ёфтани корҳои сохтмонӣ дар соли 2008 ва дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супоридани бинои нави таълимии донишгоҳ дар соли 2011 маҳсуб мешавад, ки дар таърихи донишгоҳ бо хатҳои зарин сабт гардидааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017,  таҳти №129  Шарифзода Мумин Машокир  ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардид.

Имрўзҳо фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ дар асоси Иҷозатномаи (АУ №00018666), ки аз тарафи ВМИҶТ аз 13.07.2015, №2025 дода шудааст, идома дорад.

Дар сохтори донишгоҳ 7 факултет, 5 бинои таълимӣ, 161 аудитория, 18 лабораторияи таълимӣ, толорҳои барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тениси рӯи миз ва шоҳмот, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои тестӣ ва лабораторияи компютерӣ, Маркази омўзиши Аврупо ва забонҳо, парки технологӣ, хобгоҳи замонавӣ ба хизмати донишҷўён вогузор шуда, барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байналхалқӣ, таҷрибаомўзӣ дар коргоҳу муассисаҳои пешқадам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Табодули донишҷўён ба давлатҳои Қазоқистон ва Русия доимӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба раванди таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаҳои мухталиф ҷалб гардида, аз 367 нафари ҳайати умумии омўзгорони донишгоҳ 163 нафарро кормандони дорои унвон ва дараҷаҳои илмидошта ташкил медиҳад.

Алҳол дар донишгоҳ 6852 нафар донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ва  917 нафар аз давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз қабили  Руссия, Хитой, Афғонистон  ва Ӯзбекистон  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Идоракунии раванди таълим дар донишгоҳ  бо барномаи “DEM.TJ” ба роҳ монда шудааст, ки  рейтингҳои марҳилавию ниҳоии донишҷӯёнро муайян карда, натиҷаҳои донишазхудкунии донишҷӯён дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъбаст мегардад.

Донишгоҳ бо 82 муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва Лигаи донишгоҳии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад. Соли 2019 ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия),  молия ва қарз соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид, ки  ин дастовард эътирофи донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ, як қадами устувор дар роҳи ворид гардидан ба фазои таҳсилот ва рейтинги байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад. Тибқи мориторинги Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф донишгоҳ дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаи олии касбии мамлакат пазируфта шуд.

Пас аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони болаёқат метавонанд таҳсили худро дар магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD) идома диҳанд. Дар назди донишгоҳ Шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўи ихтисоси иқтисодиёти минтақа амал мекунад.

Дар радифи корҳои омодагӣ  ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷўён ба варзиш толори варзишии замонавӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила байни Вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ  ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби Тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Бинои факултети мушитарак дорои  275 нафар ҷойи нишаст буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири техникии раванди таълим муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултети муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Факултети муштарак  аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналхалқӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Ихтисосҳои зикршуда дорои сертификати аккредитатсияи байналхалқӣ буда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешавад.

Дар соли нави таҳсил раванди омодагиҳо ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён дорад.

Факултетҳои донишгоҳ

Ҳуқуқшиносӣ

Бизнес ва идоракунӣ

Молия

Инноватсия ва телекоммуникатсия

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Баҳисобгирӣ ва андоз

Факултети муштараки ДДҲБСТ бо ДМТ

Р\т Рамзи ихтисос Номи ихтисос Забон Намуд
Кластери 1- «Табиӣ ва техникӣ»
1. 1-40.01.01.02 Системаҳои автоматикунонидашуда Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
2. 1-45.01.01.03 Технолияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ Тоҷикӣ Рўзона
3. 1-31 03 04 08 WEB-дизайн ва графикаи  компютерӣ Тоҷикӣ Рўзона
4. 1-31 03 04 Информатика Тоҷикӣ Рўзона
5. 1-25 01 07 30 01 Иқтисодиёти рақамӣ Тоҷикӣ Рўзона
6. 1-02 05 03-02 Математика. Информатика (омӯзгорӣ) Тоҷикӣ  Рўзона/Фосилавӣ
Р\т Рамзи ихтисос Номи ихтисос Забон Намуд
Кластери 2- «Иқтисодӣ ва география»
1. 1-25 01 03 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ Тоҷикӣ

русӣ

англисӣ

Рўзона/Фосилавӣ
2. 1-40 01 02 02 Технология ва низоми иттилоотӣ

(дар иқтисодиёт)

Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
3. 1-25 01 04 Молия ва қарз Тоҷикӣ

Русӣ

Рўзона/Фосилавӣ
4. 1-25 01 11 Аудит ва ревизия Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
5. 1-26 01 01 Идораи давлатӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
6. 1-26 02 01 Бизнес – маъмуриятчигӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
7. 1-96 01 01 Хадамоти гумрукӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
8. 1-25 01 04 02 Кори бонкӣ Тоҷикӣ

Русӣ

Рўзона/Фосилавӣ
9. 1-25 01 04 03 Андоз ва андозбандӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
10. 1-25 01 07 Иқтисодиёт ва идора дар корхона Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
11. 1-25 01 08 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Тоҷикӣ

Русӣ

Рўзона/Фосилавӣ
12. 1-26 02 02 Менеҷмент Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
13. 1-26 02 03 Маркетинг Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
14. 1-40 01 02 02 01 Технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ Тоҷикӣ Рўзона
15. 1-25 01 05 Омор Тоҷикӣ Рўзона
16. 1-25 01 02 Иқтисодиёт Тоҷикӣ Рўзона
17. 1-26 02 01 10 Соҳибкории иҷтимоӣ Тоҷикӣ Рўзона
18. 1-26 02 03-23 Логистика Тоҷикӣ Рўзона
19. 1-25 01 01 Назарияи иқтисодӣ (омӯзгорӣ) Тоҷикӣ Рўзона

ӣ

Р\т Рамзи ихтисос Номи ихтисос Забон Намуд
Кластери 3- «Филология, педагогика ва санъат»
1. 1-23 01 02 04 Таъминоти  забонии робитаҳои байни-фарҳангӣ (муносибатҳои  сиёсии берунӣ) Тоҷикӣ Рўзона
2. 1-23 01 02 02 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ) Тоҷикӣ Рўзона
3. 1-23 01 02 05 Таъминоти забонии робитаҳои байнифар-ҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ) Тоҷикӣ Рўзона
4. 1-02 03 06 Забони англисӣ (омӯзгорӣ) Тоҷикӣ Рўзона
Р\т Рамзи ихтисос Номи ихтисос Забон Намуд
Кластери 4- «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ»
1. 1-23 01 01 Муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия) Тоҷикӣ

Русӣ

Рўзона
2. 1-24 01 02 Ҳуқуқшиносӣ Тоҷикӣ

Русӣ

Рўзона/Фосилавӣ
3. 1-24 01 01 Хуқуқи байналмилалӣ Тоҷикӣ

англисӣ

Рўзона/Фосилавӣ
4. 1-24 01 03 Хуқуқи иқтисодӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
5. 1-21 03 01 05 Таърих (сиёсатшиносӣ) Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
6. 1-23 01 06 03 Сиёсатшиносӣ Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ
7. 1-93 01 01 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ Тоҷикӣ Рўзона
8. 1-93 01 02 Санҷиши судӣ Тоҷикӣ Рўзона
9. 1-26 01 02 Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ Тоҷикӣ Рўзона
10. 1-23 01 06-01 Сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ) Тоҷикӣ Рўзона
11. 1-02 01 02-05 Таърих. Диншиносӣ (омӯзгорӣ) Тоҷикӣ Рўзона
12. 1-02 01 02 Таърих. Ихтисоси иловагӣ (омўзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ) (омӯзгорӣ) Тоҷикӣ Рўзона/Фосилавӣ