Ихтисосҳои магистратура ва қоидаҳои қабул
Ихтисосҳои магистратура
- 1-25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона;
- 1-25.01.04.03 – андоз ва андозбандӣ;
- 1-25.01.04 – молия ва қарз;
- 1-25.01.03 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
- 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
- 1-24.01.02 – ҳуқуқшиносӣ;
- 1-23.01.06.03 – сиёсатшиносӣ;
- 1-40.01.02.02 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт);
- 1-23.01.02.04 – таъминоти забонии робитаҳои байни фарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ);
- 1-26.02.02 – менеҷмент;
- 1-96.01.01 – хадамоти гумрук.
Қоидаҳои қабул ба магистратура
Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.
Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
- Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ӯ рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд.
Ба магистратура то 20 % хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд.
- Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо дода мешавад. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад. Низоми баҳодиҳиро комиссияи қабул аз рӯи пешниҳоди факултетҳои марбута муқаррар менамояд.
- Шахсоне, ки ба магистратура дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
- дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
- дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор дар компютер, нусхаи мақолаҳои илмӣ.