Идомаи таҳсил баъд аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, силсилаи АУ 0001866, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳамасола Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули довталабонро барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд.
Довталабон тибқи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017, №3/9 тасдиқ шудааст, қабул карда мешаванд.
Хатмкардагон коллеҷҳои соҳавӣ бо «Дипломи аъло» дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 6 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ғоибона (таҳсилоти фосилавӣ)-и донишгоҳ қабул карда мешаванд.
Хатмкардагони коллеҷҳои соҳавӣ бо дипломи муқаррарӣ пас аз 3 соли хатм ва кор кардан дар истеҳсолот, (дар ҳолати зарурияти истеҳсолӣ ба таври истино бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти мавҷудияти фарқият дар ҳаҷми то 18 кредит) ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ғобонаи донишгоҳ аз рўи натиҷаҳои аттестатсия ва озмун қабул карда мешаванд.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 31 июл ва муҳлати гузаронидани суҳбат аз 1 то 20 август муқаррар шудааст.
Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод менамоянд:
-ариза ба номи ректор;
-ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).
Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд.
Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашта ҳисобида мешаванд.