Технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
Хоҷаева Дилрабохон Абдусамадовна –декани факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ
Факултет дар заминаи факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти №9 аз 24 январи соли 2013 ташкил карда шудааст. Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 24.08.2023 ба таркиби сохтории факултет тағйирот ворид гардида, факутети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ном гирифт.
Дар факултет 6 кафедра – кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ, кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосир, кафедраи аудит ва ревизия, кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мебаранд.
Дар заминаи факултет мутахассисон аз рўи самтҳои муҳандис – иқтисодчӣ, муҳандис –барномасоз – иқтисодчӣ, муҳандис – барномасоз, муҳандис – дизайнер, муҳандис – телеком, математик – барномасоз, омўзгори фанни математика (информатика) ва иқтисодчӣ омода карда мешаванд. Донишҷўён аз рўи ихтисосҳои 1-31.03.04 – информатика, 1-31.03.04.08 – WEB -дизайн ва графикаи компютерӣ, 1-40.01.01.02 – системаҳои автоматикунонидашуда, 1-45.01.01.03 – технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, 1-40.01.01 – таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, 1-40.01.01.08 – муҳандиси барномавӣ (IT – технология), 1-02.05.03.02 – математика, информатика (омӯзгор), 1-98. 01.01 амнияти компютерӣ, 1-40.01.02.02 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), 1-40.01.02.02.01 – технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 1-25.01.11 – аудит ва ревизия ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Таълим дар намуди рўзона, фосилавӣ ва ғоибона, зинаҳои таҳсили бакалавр ва магистр ба роҳ монда шуда, хатмкунандагони факултет дар самтҳои иқтисодиёт, аз ҷумла ба ҳайси муҳандис – барномасоз дар фаъолияти бонкӣ, барномасоз дар соҳаи низоми иттилоотӣ, ташкилоту корхонаҳо, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, низоми муҳосиботи ташкилоту муассисаҳо фаъолият менамоянд.
Теъдоди профессорон ва дотсентон дар факултет 50 дарсадро аз шумораи умумии ҳайати устодон ташкил дода, корҳои илмию тадқиқотӣ аз рўи барномаҳои давлатӣ вобаста ба самти рушди инноватсионӣ ва илмҳои риёзию техникӣ ба роҳ монда шудаанд.
- Ғаюров Ҳ.Ш., Ҷабборов А.А. Муродов М.К. Маҳмудов А.С. Асосҳои WEB-дизайн// Китоби дарсӣ.Матбаи ношир. Хуҷанд -2018. 304 саҳ.
- Ғаюров Ҳ.Ш. Ташкили технологияи информатсионӣ, системаҳо ва шабакаҳо// Китоби дарсӣ Хуҷанд-2018, нашрияи ДДҲБСТ, «Дабир» 336 саҳ.
- Байзоев С. Математикаи олӣ // Китоби дарсӣ, Хуҷанд 2019, нашриёти “Хуросон”, 374 саҳ.
Ихтирооти аз тарафи муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба қайд гирифташуда
- Ғаюров Ҳ.Ш., Муродов М.К., – Лоиҳа: «База даннқх мулҳтимедийнқх технологий в системе автоматизации образования в общеобразователҳнқх учреждениях Республики. № 4201800370 аз 14 марти соли 2018
- Пӯлотов Б.Б., Бобозода А.А., Бобобеков М.К.,- Лоиҳа: Манбаи маълумотҳои иттилооти сайёҳӣ барои телефонҳои мобилӣ № 4201800373 аз 17 апрели соли 2018
- Маҳмудов А.С., Қосимова М.И., Авлиёхоҷаев Д.З., Зарифӣ М.М., – Лоиҳа: Web-сайтдля продажи цветов и букетов. №4201800371 аз 17 апрели соли 2018
- Маҳмудов А.С., Қосимова М.И., Қосимова Д.И., – Лоиҳа: Web-сайт для шифрования даннқх. №4201800372 аз 17 майи соли 2018
- Лутфуллоев М.Д., Баховуддинов Ҷ.Ҳ., Лоиҳа: Манбаи маълумотҳои оморӣ, бахши иҷтимоию демографӣ ва нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ. № 4201800385 аз 20 июни соли 2018
- Исмоилов Ш.М., Хӯҷамқулов Р.Б., Қодиров Р.М. – Лоиҳа: Web-сомона «Сайёҳӣ ва хунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №4201800384 аз 20 июни соли
- Ғаюров Ҳ.Ш., Шарипов Ҳ.Б. – Лоиҳа: “TSULBP MESSENGER – системаи додугирифти иттилоот дар реҷаи Онлайн”. №4201900397 аз 12 марти соли 2019
- Қосимова Д.И., Қосимова М.И., Умаров Ф.Ш., Лоиҳа: “Автоматизированная база даннқх «Справочник формул по Физике»” №4201900400 аз 17 апрели соли 2019
- Исмоилов Ш.М., Муродов М.К. Лоиҳа: «Web сайт лекарственнқх растений Таджикистана» № 4201900434 аз 11 июни 2019
- Қурбоналиев А.Ҳ., Хӯҷамқулов Р.Б. ва Қосимова Д.И. Лоиҳа: «Информационнқй портал для продвежения туристических услуг» № 4201900433 аз 11 июни 2019
- Пулотов Б.Б., Бобозода А.А. Лоиҳа: База даннқх «Информационнқй справочник о инвестиционнқх проектов для мобилҳнқх телефон» № № 4201900445 аз 22.07.2019
- Муртазоқулов М.Р., Бобозода А.А. Лоиҳа: База даннқх «Документооборот кафедрқ» № 4201900447 аз 22.07.2019
- Ғаюров Х.Ш., Муродов М.К., Бобозода А.А. Лоиҳа: База даннқх “Информационно-коммуникационнқе технологии” № 4201900444 аз 22.07.2019
- Пулотов Б.Б., Бобозода А.А. Лоиҳа: Мобилҳная приложения “Проверка зананий студентов по техническим наукам” № 4201900446 аз 22.07.2019
Ҷабборов Абдуқудус Абдуманонович – декани факултети инноватсмя ва телекоммуникатсия, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Соли таваллуд: 15.10.1971, миллат тоҷик
Суроға: ш.Хуҷанд, мкр 31, хонаи 28, ҳуҷраи 28.
телефон: +992 92 8240008
Таҳсилот: – Хатмкардаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ), факултети механикаю математика
Унвон: – Номзади илмҳои физикаю математика, қарори Шўрои дисертатсионии ДМТ аз 07 декабри соли 2006 таҳти №5 ва қарори комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 07 ноябри соли 2007, таҳти рақами № 45к/90, серия ДКН № 042399 ш. Москва. Мавзўъи рисолаи номзадӣ «Априорнқе оценки и существования ограниченнқх во всей плоскости решений квазилинейнқх эллиптических систем первого и второго порядка (01.01.02 – дифференциалҳнқе уравнения)», Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кор ва фаъолияти собиқа:
2001-2002 – Ассистенти кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
2002-2007 – Ассистент, сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
2007 -2012 – Мутахассис-маслиҳатчии низоми кредитии таҳсил, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
2012 – 2015 – Мудири шўъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
2015-2016 – Мудири кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
2016-2017 – Ҷонишини сардори Раёсати таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Аз декабри 2017 то ҳол – Декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Фанҳои дарсдиҳанда: Математикаи олӣ, назарияи эҳтимолият, усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ ва моделсозӣ.
Маълумотҳои иловагӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд.
Таълифоти илмӣ
Кафедраҳои факултети инноватсия ва телекоммуникатсия
Лутфуллоев Мазбутҷон Дадоҷонович- мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, н.и.и., дотсент
Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар заминаи кафедраи математикаи олӣ ва информатика 27 июли соли 2001 бо номи кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ ташкил шудааст. Солҳои аввали ташкилшавии кафедра роҳбарии онро д.и.ф-м., профессор Наимов А.Н. (с.2001-2003) дар зимма дошт. Минбаъд солҳои 2003-2006 ва 2009-2010 н.и.ф-м., дотсент Шерматов Ш.М., н.и.ф-м., дотсент Эгамов М.Х. (с.2007 -2009), н.и.и., дотсент Қурбоналиев А.Ҳ. (с.2010-2015), н.и.ф-м., дотсент Мухамедова Ш.Ф. (2016 – 2019), н.и.ф-м., дотсент Рустамова М.З. (2017-2018), н.и.и., дотсент Исмоилов Ш.М. (2019 – 2025) онро роњбарї намудаанд. Аз моҳи январи соли 2025 н.и.и., дотсент Лутфуллоев М.Д. вазифаи мудирии кафедраро ба зимма дорад.
Дар назди кафедра мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 1-40.01.02-02 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) ва 1-40.01.02.02-01-технологияи иттилоотии хисоби бухгалтерӣ омода карда мешаванд. Њайати омўзгории кафедраро 10 нафар устодон, аз љумла 5 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент ташкил дода, устодон ва кормандони кафедра бо баробари тадқиқоти илмӣ ба донишҷӯён аз рӯи зиёда 30 фанҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ машѓулият мегузаронанд.
Кафедра бо донишгоҳу марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Киев, Санкт-Петербург, Вологда, Воронеж, Душанбе, Хуҷанд робитаҳои илмӣ дорад.
- Муродов М.К. Технологияи шабакавӣ. КТМ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. – 123 с.
- Шамсиев А.А., Пулотов Б.Б.Системаҳои оператсионӣ.КТМ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. – 249 с.
- Набиева М.А., Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Комплекси таълимию методӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 133 саҳ
- Баҳовудинов Ҷ.Ҳ., Рустамова М.З., Технологияи UML, 2019. Комплекси таълимию методӣ. – Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 204 саҳ.
- Исмоилов Ш.М., Курбоналиев А.Х., Теория экономических информационных систем. – 2019
- Исмоилов Ш.М. рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Организационно – экономический механизм инновационного развития в сфере образования (на материалах республики Таджикистан)” бомуваффақият ҳимоя намуд (30.09. 2017)
- Хӯҷамқулов Р.Б. дар мавзӯи “Совершенствование механизма оплаты и стимулирования труда на промышленных предприятиях в условиях рыночной экономики” рисолаҳои номзадиашро бомуваққият ҳимоя намуд (27.10.2018)
| Номи ихтироот | Муаллиф (он) | Рақами шаҳодатнома | Сана |
| Лоиҳа: «База данных мультимедийных технологий в системе автоматизации образования в общеобразовательных учреждениях Республики. | Ғаюров Ҳ.Ш., Муродов М.К. | № 4201800370 | 14 .05.2018 |
| Лоиҳа: Манбаи маълумотҳои иттилооти сайёҳи барои телефонҳои мобилӣ | Пӯлотов Б.Б., Бобозода А.А., Бобобеков М.К. | № 4201800373 | 17.04.2018 |
| Лоиҳа: Web-сайтдля продажи цветов и букетов. | Маҳмудов А.С., Қосимова М.И., АвлиёхоҷаевД.З. Зарифӣ М.М. | №4201800371 | 17.04.2018 |
| Лоиҳа: Web-сайт для шифрования данных. | Маҳмудов А.С., Қосимова М.И., Қосимова Д.И. | №4201800372 | 17.05.2018 |
| Лоиҳа: Манбаи маълумотҳои оморӣ, бахши иҷтимоию демографӣ ва нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ. | Лутфуллоев М. Баховуддинов Ҷ. | № 4201800385 | 20.06.2018 |
| Лоиҳа: Web-сомона «Сайёҳи ва хунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» | Исмоилов Ш.М., Хӯҷамқулов Р.Б., Қодиров Р.М. | №4201800384 | 20.06.2018 |
| База данных «Информационный справочник о инвестиционных проектов для мобильных телефон» | Пулотов Б.Б., Бобозода А.А. | № 4201900445 | 22.07.2019 |
| База данных “Информационно-коммуникационные технологии” | Ғаюров Х.Ш., Муродов М.К., Бобозода А.А. | № 4201900444 | 22.07.2019 |
| Мобильная приложения “Проверка зананий студентов по техническим наукам” | Пулотов Б.Б., Бобозода А.А. | № 4201900446 | 22.07. 2019 |
| Web-сайт лекарственных растений Таджикистана | Исмоилов Ш.М., Муродов М.К. | № 4201900434 | 11.06.2019 |
| Автоматизация базы данных «Справочник формул по Физике » | Қосимова Д.И., Қосимова М.И., Умаров Ф. | № 4201900400 | 17.04.2019 |
| Информационный портал для продвижения туристических услуг | Қурбоналиев А.Ҳ., Хуҷамқулов Р.Б., Қосимова Д.И. | № 4201900433 | 11.06.2019 |
| TSULBP MESSENGER – Системаи додугирифти маълумот дар реҷаи онлайн | Ғаюров Х.Ш., Шарипов Х.Б. | № 4201900397 | 11.06.2019 |
- Сангинов Ёқуб – директори генералии ширкати «Равзана»
- Тоибов Акрам – мутахассиси маркази ҳисоббарорӣ дар КВД «ТалКО»
- Ҳасанова Фотима – мутахассиси шуъбаи иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
- Мазамов Шавкат – ТАҚҲ «Арванд»-и н.Шаҳристон
- Ҷӯраева Мухлиса – ҶСК «Агроинвестбонк»-и ш.Хуҷанд
- Тошматов Ғулом – ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Спитамен
- Ахмедова Манижа - ҶШКТКХ «Имон Интернешнл»-и ш. Конибодом
- Сайдуллоев Алиёр – сардори бахши молиявии қисми ҳарбии ш.Истаравшан
- Зокиров Абдусаттор – ҶСК «Агроинвестбонк»-и ш.Истаравшан
- Ашуров Хуршед – ҶСК «Бонки Эсхата»-и ш.Конибодом
- Сангинов Давлат – ТАҚҲ «Финка»-и ш.Истаравшан
- Зоиров Қодир – ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мастчоҳ
- Ҳодибоева Заррина – ТК Мобайл
- Ҳотамова Ситора – ФБД «Амонатбонк»-и ш.Конибодом
- Калонов Абдулҳайр - ҶСК «Эсхата»-и н.Спитамен
- Абдуғафуров Диловар – ҶСК «Эсхата»-и н.Ашт
- Абулов Беҳруз - ҶСК «Бонки Эсхата»-и н.Ашт
- Бобоев Зафар - ҶШКТКХ «Имон Интернешнл»-и н. Ашт;
- Носиров Ҷовид – ФБД «Амонатбонк»-и ш.Қайроқум;
- Эшматов Ҳилолиддин – ҶСК «Бонки Эсхата»-и н.Ашт;
- Нозирова Умеда – ФБД «Амонатбонк»-и ш.Исфара;
- Охунов Назир – ҶСК «AccessBank Tajikistan»-и ш.Хуҷанд;
- Ғафуров Осимҷон – ҶСК «Агроинвестбонк»-и ш.Хуҷанд;
- Иброҳимов Бахтиёр – ҶСК «Билайн»-и Федератсияи Русия;
- Каримов Рустам- ҶШКТКХ «Имон Интернешнл»-и н.Спитамен;
- Раҳимов Абдурашид- ФҶСК «Бонки Эсхата»-и н.Ҷ.Расулов;
- Каҳҳоров Азизҷон - Мудири филиали «Ориёнбонк»-и ш.Истаравшан
- Исмоилов Шуҳратҷон Мамараҳимович
- Мухамедова Шоира Файзуллоевна
- Хӯҷамқулов Рустам Боймахмадович
- Лутфуллоев Мазбутчон Дадочонович
- Қосимова Дилрабо Икромалиевна
- Баҳовудинов Ҷамшедхон Ҳайдархоҷаевич
- Пӯлотов Баҳодурҷон Бобоҷонович
- Муродов Маскурбек Келдибекович
- Баҳриддинов Ҳабибҷон Баҳодурович
- Шарипов Ҳотам Бекназарович
- Марофиев Фирдавс Муқимович
- Набиева Маърифат Абдукамоловна
Мухаммедова Шоира Файзуллоевна – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ, н.и.ф.- м., дотсент
Кафедра тибқи қарори Шурои олимони донишгоҳ аз моҳи январи соли 2013 дар заминаи кафедраи методҳои риёзӣ дар иқтисодиёт таъсис ёфтааст. Кафедра мутахассисонро дар самтҳои муҳандисӣ, аз ҷумла муҳандис-барномасоз, WEB-дизайнер, муҳандиси автоматикунонии системаҳо ва муҳандис дар системаҳои телекоммуникатсионӣ омода менамояд. Аз ибтидо то ноябри соли 2017 вазифаи мудири кафедраи мазкур (аз соли 2013 — кафедраи ТИКБ) ба зиммаи н.и.ф-м., дотсент Шерматов Ш.М. вогузор гардид. Аз ноябри соли 2017 то ноябри 2019 кафедраро н.и.ф-м., дотсент Мироватова Б.Ф. роҳбарӣ намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2019 то имрӯз вазифаи мудири кафедра ба зиммаи н.и.ф-м., дотсент Муҳамедова Ш.Ф. гузошта шудааст.
Устодони кафедра аз рӯи фанҳои асосҳои барномасозӣ, барномасозӣ дар забонҳои сатҳи олӣ, системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда, WEB-технологияҳо, асосҳои назарияи идоракунӣ, асосҳои техникаи микропротсессорӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, лоиҳагирии системаҳои телекоммуникатсионӣ, идоракунии маълумотҳо, зеҳни сунъӣ ва ғайра машғулият мегузаронанд.
Дар заминаи кафедра аз рўи ихтисосҳои 1-40.01.01-02 — системаҳои автоматикунонидашуда, 1-31.03.04.08 — WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, 1-45.01.01.03 — технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, 1-31.03.04 — информатика, 1-40.01.01.08 — муҳандиси барномавӣ (IT-технология), 1-40.01.01 — таъмини барномавӣ ва технологияи иттилоотӣ, 1-98.01.01 — амнияти компютерӣ донишҷўён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин кафедра дар самти таълими зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси 1-40.01.01 – таъмини барномавӣ ва технологияи иттилоотӣ ва докторантура 6D070500 – амсиласозии математикӣ ва компютерӣ (6D070502 – амсиласозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплексҳои барномаҳо) фаъолият мекунад.
Кафедра ҷоизадори озмуни донишгоҳии «Кафедраи сол – 2019» ва «Кафедраи сол – 2020» мебошад.
Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Кафедра моҳи сентябри соли 1996 дар асоси қарори Шурои олимони ДДҲБСТ ҳамчун кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар ҳайати факултети бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Дар давоми фаъолият кафедраро н.и.и., дотсентон Қурбонов З.Қ., Ғозибеков А.Ғ., Акрамов М.А., Абдуллоев О.О., Дадоматов Д.Н., Комилов Р.А. сарварӣ намудаанд. Айни замон дар ҳайати кафедра д.и.и., профессор Дадоматов Д.Н., (мудири кафедра), н.и.и., дотсентон Абдуллоев О.О., Қӯзибоева Б.М., Саидҷонов С.Ш., Умматов И.А. ва Тӯхтаев Т.М., муаллимони калон Номанова А.С., Нишонбоев А.Н., Нуриддинов М.Б., ассистентон Тошматова Ҳ.М., Собирова М.Д., Абдуллоева Д.К. кору фаъолият доранд.
Фаъолияи илмию таҳқиқотии кафедра ба масъалаҳои татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоравӣ ва самтҳои алоҳидаи баҳисобгирӣ равона гардидааст.
Ҷиҳати таҳкими раванди ҳамгироии илм ва истеҳсолот кафедра бо ҶДММ «Суғдаудит» дар ш. Хуҷанд, Ширкати аудитории ҶДММ «Эбикон Тоҷикистон», Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Урали Федератсияи Русия ҳамкорӣ дорад.
Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна – мудири кафедраи аудит ва ревизия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедра дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ аз 16 июни соли 2016, таҳти № 10 дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар назди факултети баҳисобгирӣ ва андоз таъсис дода шуда, фаъолияташро аз сентябри соли 2016 оғоз намудааст. То ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ дотсентон Комилов Р.А., Бабаев Ҳ.С. ба уҳда доштанд. Айни ҳол н.и.и., дотсент Хоҷаева М.И. ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият дорад.
Корҳои илмию тадқиқотии кафедра тибқи нақшаи дурнамо дар мавзуи «Таъсири рақамигардонӣ ва технологияҳои муосир ба самаранокии аудит» ба роҳ монда шуда, дар заминаи кафедра мутахассисон аз рўи ихтисоси 1-25.01.11 –аудит ва ревизия омода карда мешаванд.
Ҳайати омўзгории кафедра аз 6 нафар иборат буда, аз онҳо 4 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар муаллими калон, 1 нафар ассистент мебошанд. Омўзгорон аз рўи 21 фанни таълимии кафедра, аз ҷумла аудит, ревизияи фаъолияти хоҷагидорӣ, назарияи аудит, таърихи инкишофи аудит, назарияи назорат ва ревизия, аудити андозӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, ташхиси судӣ-муҳосибӣ, аудит дар соҳаҳо, тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкили баҳисобгирӣ ва аудит дар бонкҳо, ташкили назорати давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба донишҷўён таълим медиҳанд.
Муродова Мадина Набиҷоновна –мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир, н.и.ф.-м., дотсент
Кафедра дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ аз 16 июни соли 2016, таҳти № 10 дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар назди факултети баҳисобгирӣ ва андоз таъсис дода шуда, фаъолияташро аз сентябри соли 2016 оғоз намудааст. То ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ дотсентон Комилов Р.А., Бабаев Ҳ.С. ба уҳда доштанд. Айни ҳол н.и.и., дотсент Хоҷаева М.И. ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият дорад.
Корҳои илмию тадқиқотии кафедра тибқи нақшаи дурнамо дар мавзуи «Таъсири рақамигардонӣ ва технологияҳои муосир ба самаранокии аудит» ба роҳ монда шуда, дар заминаи кафедра мутахассисон аз рўи ихтисоси 1-25.01.11 –аудит ва ревизия омода карда мешаванд.
Ҳайати омўзгории кафедра аз 6 нафар иборат буда, аз онҳо 4 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар муаллими калон, 1 нафар ассистент мебошанд. Омўзгорон аз рўи 21 фанни таълимии кафедра, аз ҷумла аудит, ревизияи фаъолияти хоҷагидорӣ, назарияи аудит, таърихи инкишофи аудит, назарияи назорат ва ревизия, аудити андозӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, ташхиси судӣ-муҳосибӣ, аудит дар соҳаҳо, тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкили баҳисобгирӣ ва аудит дар бонкҳо, ташкили назорати давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба донишҷўён таълим медиҳанд.
- Байзоев С. Математикаи олӣ: китоби дарсӣ. Нашриёти «Хуросон».-374 с.
- Ҷабборов А.А., Раҳимова М.А. Математикаи олӣ: комплекси таълимию методӣ (қисми 3). Дар ШИМД аз 29.08.2019 (протоколи №1) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-227 с.
- Байзоев С. Дастури методии “Амсилаҳои математикӣ ва татбиқи онҳо”. Дар ШИМД аз 29.08.2019 (протоколи №1). Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-28 с.
- Байзоев С. Дастури методии “Татбиқи ҳосила”. Дар ШИМД аз 29.08.2019 (протоколи №1) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-28 с.
- Мухсинов Ё.М. Муродова М.Н., Ризоев Э.С. Консепсияҳои табиатшиносии муосир: комплекси таълимию методӣ. Дар ШИМД аз 26.10.2018 (протоколи №3) тасдиқ шудааст. -Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-162 с.
- Мухсинов Ё.М. Муродова М.Н., Ризоев Э.С. Математикаи олӣ: комплекси таълимию методӣ. Дар ШИМД аз 26.10.2018 (протоколи №3) тасдиқ шудааст. -Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-132 с.
- Азимова Н.С. Усулҳои иқтисодию риёзӣ ва моделсозӣ: комплекси таълимию методӣ. Дар ШИМД аз 29.05.2014 (протоколи №10) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.-178 с.
- Юсупов С., М.Рахмон. Физика: комплекси таълимию методӣ. Дар ШИМД аз 25.01.2019 (протоколи №6) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ.- 2019.-214 с.
- Ахмедов Р. Конспекты лекций по концепции современного естествознания. Дар ШИМД (Протоколи №9 аз 26.04.2019) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.- 350 с.
- Азимова Н.С. Раҳимова М.А. Эконометрика: комплекси таълимию методӣ. Дар ШИМД (Протоколи №9 аз 24.04.2015) тасдиқ шудааст. Хуҷанд, Парки технологии ДДҲБСТ. 2019.- 144 с.
- Азимова Назира Самадовна
- Байзоев Саттор
- Мухсинов Ёдгор Мирзоевич
- Зиёмидинов Баҳодур Мирзомидинович
- Шойимқулов Маҳмудбек
- Раҳимова Махсуда Аюбовна
- Ҷалилова Умринисо Тўхтаевна
- Юсупов Сиддиқбой
- Муродова Мадина Набиҷоновна
- Шодиева Раъно Раҳимовна
- Моҳираи Раҳмон
- Мухамедова Шаҳло Файзуллоевна
Тӯйчиев Мирраҷаб Султонхонович – мудири афедраи тарбияи ҷисмонӣ
Кафедра бо қарори Шурои олимони ДДҲБСТ аз моҳи октябри соли 2000 таъсис ёфта, аввалин мудири он сармуаллим Охунов А. (с. 2000-2003) мебошад. Сипас, солҳои гуногун вазифаи мазкурро Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ, номзад ба устоди варзиш Ахмедова Ш.А. (с. 2003), сармуаллим Сафаров Қ.Н. (с. 2004-2009), сармуаллим Мукаррамов С.Т. (2009 – 2014), сармуаллим Бойматов З.Ш. (2015-2020), муаллими калон Баротов Ф.М. (2020 – 2023) ба зимма доштанд. Аз соли 2023 муаллими калон Тӯйчиев М.С. дар вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият дорад.
Айни ҳол дар кафедра 5 нафар омӯзгор кору фаъолият доранд, аз онҳо 3 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент мебошанд. Дар назди кафедра маҳфилҳои варзишӣ оид ба намуди баскетбол, волейбол, футбол, футболи хурд, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка амал менамояд.




