Бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ

Туразода Ҷамшедхон Аскар – декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ аз ҷумлаи аввалин сохторҳои таълимии донишгоҳ маҳсуб меёбад. Бо фармони ректори донишгоҳ аз 4.07.1994 №8 факултети бизнес ва иқтисоди ҷаҳонӣ таъсис ёфта, бо қарори Шӯрои олимон аз соли 1999 факултети бизнес ва ҳисобгирӣ ном гирифтааст. Факултет 1 июли соли 1994 дар заминаи филиали Хуҷандии Институти давлатии кооперативӣ-тиҷоратии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ 2 маротиба тағйироти сохторӣ ба амал омада, дар аввал факултети бизнес ва идоракунӣ, сониян факултети   бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ ном гирифт.

Ҳайати кадрии садорати факултет аз инҳо иборатанд: декан, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Туразода Ҷ.А., эдвайзери факултет, муаллимаи калон Турсунова З.Ғ, муовини декан оид ба корҳои тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Исоқов М.Т., муовини декан оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ахмедова М.А.

Дар факултет аз рўи ихтисосҳои 1-96.01.01-хадамоти гумрукӣ, 1-26020110-соҳибкории иқтисодӣ, 1-2501073001-иқтисодиёти рақамӣ, 1-26.02.03.09-маркетинг дар комплекси агросаноатӣ,  1-25.01.03- иқтисодиёти ҷаҳонӣ, 1-25.01.07-иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-250105-омор, 1-26.01.01-идораи давлатӣ, 1-26.02. 02-менеҷмент, 1-26.02.02-менеҷмент, 1-26.02.03-маркетинг мутахассисон омода карда мешаванд.

Теъдоди умумии донишҷӯёни факултет 1000 нафарро ташкил медиҳад, ки, аз ин дар шуъбаи рӯзона 650 нафар ва  таҳсилоти фосилавӣ 350 нафар таҳсил менамоянд.  Шумораи умумии магистрантон 38 нафар, докторантон 7 нафар ва унвонҷӯён 37 нафарро мебошад.

Раванди таълим дар 15 синфхонаҳои таълимӣ ва 1 лабораторияи компютерии бо воситаҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет 50 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 22 нафар номзади илм-дотсент, 3 нафар доктори илм-профессор, 18 нафар муаллими калон ва 8 нафар ассистент мебошанд.

Факултет бо Донишгоҳи давлатии технологии Житомир (Украина), Донишгоҳи “Нархоз”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва Донишгоҳи давлатии аграрии Ӯзбекистон дар самти табодули таҷрибаи устодон  ва баланд бардоштани тахассусмандии донишҷўён мунтазам ҳамкориҳо дорад.

Шахрванд Туразода Ҷамшед Аскар
Дар вазифаи декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ кор мекунад, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Моҳи сентябри соли 2016 Ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ Сомон, дар назди кумитаи маҳаллаи Суғдиён таъин шуд
Соли таваллуд 25.08.1975
Чои таваллуд ш.Душанбе
Миллат тоҷик
Маълумот олӣ
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст
Ихтисос молшинос-тиҷоратчӣ
Кадом забонхои хоричиро медонад русӣ, англисӣ

21.02.2022 то ҳол    Декани факултети бизнес ва идоракунӣ ш.Хучанд

09.1997-03.2002 Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон ш.Хучанд

03.2003-01.2004 Ёрдамчии раиси ноҳияи Спитамен,мудири қабулгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен н.Спитамен

03.2005-11.2006 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Чкалов ш.Чкалов

11.2006-01.2007 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум ш.Қайроққум

01.2007-12.2014 Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон ш.Хучанд
01.2015-07.2016 Сардори ЧСШК “Исфарагаз” ш.Исфара

21.02.2022 то ҳол Декани факултети бизнес ва идоракунӣ ш.Хучанд

  1. Дар соли хониши 2018-2019 омӯзгорони факултет Абдулазизов Р.А., Абдуллоева А.Т., Ҳоҷибоева М.А.  ва  Шамсиев Ф.К рисолаҳои илмиашонро  ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гаштанд.
  2. Дотсент Хӯҷаназарова М.И. бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
  3. Омўзгорони факултет Азимов А.Ч., Хӯҷаназарова М.И ва Хоҷаева Д.А. дар соли 2019  бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
  4. Дотсентон Ҳайитбоева Н.А.,  Ахмедова М.А.,  Хоҷаева Д.А. –бо Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд (2019)
  5. Тошов Мунис Раҷабович – донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси 1-26.02.02.01т-менеҷменти молиявӣ – ғолиби озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Қазони  Федератсияи Русия аз рўи намуди гўштини камарбандӣ дар вазни 68 кг – 2019 .
  6. Каримова Нозила Асламовна-донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.07т- иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо– ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол – 2018”, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар давраи вилоятӣ соли 2019, гирандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд.
  7. Ҷўраев Худойшукур Рашидович – донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.03т-иқтисоди ҷаҳонӣ-ғолиби озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» – 2018, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ» – и донишҷўён – 2019, гирандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд дар соли хониши 2018-2019.
  8. Шарипов Тимур Абдулафизович – донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.03т-иқтисоди ҷаҳонӣ, иштирокчии ҳамоиши байналхалқӣ вобаста ба пешниҳоди лоиҳаҳои иқтисодӣ ва савдо дар Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ – 2019, гирандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд дар соли хониши 2018-2019.
  9. Устозода Фарангис – донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.03т-иқтисоди ҷаҳонӣ , ғолиби лоиҳаи байналхалқии ENACTUS – 2018, гирандаи стипендияи Раёсати донишгоҳ дар соли хониши 2018-2019
  10. Абдуллоева Умедаҷон Баҳромовна – донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.07т-иқтисодиёти корхонаҳо -гирандаи идрорпулии Раиси вилоят дар соли хониши 2018-2019
  11. Исмоилова Наргиса Абдуғафоровна, Абдуғафорова Махфуза Сайфидиновна – донишҷӯёни курси 4-ум, ихтисоси 1-25.01.07т-иқтисодиёти корхонаҳо- гирандагони стипендияи Раёсати донишгоҳ дар соли хониши 2018-2019.

Номгўи китобу дастурҳо

Соли нашр Муаллиф

Ҳаҷм

КТМ аз фанни рақобатпазирии байналхалқии иқтисодиёт

барои доншҷўёни ихтисоси 1-25.01.03 – иқтисоди ҷаҳонӣ

Хуҷанд-2018, ДДҲБСТ Абдуллоева А.Т., Аминов Д.Ғ.

 

120 саҳ.
Дастури методӣ оид ба навиштани рисолаи хатми бакалавр барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1- 25.01.03 – иқтисоди ҷаҳонӣ Хуҷанд-2018, ДДҲБСТ Тошматова М.Д. 56 саҳ.
Дастур барои навиштани рисолаи хатм барои донишҷўёни ихтисоси 1.26.02.02.01, 1.26.01.01 Хуҷанд -2018, ДДҲБСТ Норматова Ш.М., Бурҳонов И.Б. 35 саҳ.
Дастур барои гузаштани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ-пешаздипломӣ барои ихтисоси 1.26.02.02.01, 1.26.01.01 Хуҷанд -2018, ДДҲБСТ Норматова Ш.М.

Шамсиев Ф.К.

 38 саҳ.
Усули таълифи корҳои курсӣ ва мавзўъҳои он аз фанҳои иқтисодӣ (дастури таълимӣ-методӣ) Хуҷанд-2018, ДДҲБСТ Ғаюров Ҳ.Ш., Кенҷаев С., Хоҷаева Д.А., Шамсиев Ф.К., Абдураҳмонова Б. 120 саҳ.
КТМ аз фанни

«ОМОР»

Хуҷанд -2018, ДДҲБСТ Ахмедова М.А.

Махмадиева Ҳ.

Негматова Ш.

134 саҳ.
Дастури методӣ оид ба навиштани рисолаи хатми бакалавр барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1- 25.01.03 – иқтисоди ҷаҳонӣ Хуҷанд-2018,

ДДҲБСТ

Тошматова М.Д. 110саҳ.
КТМ аз фанни “Иқтисодиёти соҳаҳо” Хуҷанд-2019, ДДҲБСТ Зокирова Ш.М., Шарипова З.С., Турсунова З.Г 148 саҳ.

 

КТМ аз фанни «Асосҳои соҳибкорӣ»

 

Хуҷанд-2019, ДДҲБСТ Хоҷаева Д.А., Хайитбаева Н., Рауфова Ш.М., Зокиров М. 204  саҳ.
КТМ аз фанни «Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ» Хуҷанд- 2019, ДДҲБСТ Мирсаидов С.А., Солиев Ҳ.А 144 саҳ.
Дастури методӣ оид ба омода ва ҳимояи рисолаҳои хатм (барои донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25.01.07 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-26.02.01- бизнс-маъмуриятчигӣ Хуҷанд, 2019, ДДҲБСТ Қаюмов Ф.Ғ., Ҷӯраев Ф.М., Зокирова Ш.М., Ҳайитбоева Н.А 31 саҳ.
Дастури методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ (барои донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25.01.07- иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-26.02.01-бизнес-маъмуриятчигӣ). Хуҷанд, 2019, ДДҲБСТ Қаюмов Ф.Ғ., Абдулазизов Р. 35  саҳ.
УМК по предмету  «Экология»  для дистанционного обучения Худжанд- 2019,ТГУПП Мухиддинов М.

Пулотова М.Х.

101 саҳ.
КТМ аз фанни «Бозори кишоварзӣ» Хуҷанд -2019, ДДҲБСТ Хўҷаназарова М. 138 саҳ.
КТМ аз фанни «Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат» Хуҷанд-2019, ДДҲБСТ Зокирова Ш.,  Умарова С. Рауфова Ш. 219 саҳ.
КТМ аз фанни «Ташкили хоҷагии деҳқонӣ» Хуҷанд- 2019, ДДҲБСТ Хўҷаназарова М. Ашўров С.Х., Азимов А.Ҷ. 220 саҳ.

Таълифоти илмӣ

Кафедраҳои факултети бизнес ва идоракунӣ

Шамсиев Фурқат Каримович– мудири кафедраи менеҷмент

Кафедраи менеҷмент дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ таҳти  № 8 аз (01.03.06) ва  фармони ректори донишгоҳ таҳти № 6 аз 19.04.04 дар тобеияти кафедраи менеҷмент ва агробизнес. ташкил шудааст. Дар давраҳои гуногун кафедраи менеҷментро мутахассисон ва олимони шинохта Абдуллоев З.Р., Сатторова М.С., Асророва М.А., Зокирова Ш.М. ва Хоҷаева Д.А.,  Норматова Ш.М. роҳбарӣ менамуданд. Аз соли 2021  то ба имрӯз Шамсиев Ф. К. роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсент ба ўҳда дорад.

Азнавташкилёбии кафедраи менеҷмент имкон дод, ки ҳадафи асосии рушди минбаъдаи онро ташкили коллективи  омӯзгорони баландихтисос ва олимони дорои қобилияти баланди омоданамудаи мутахасс-идоракунандаи сатҳи олӣ, имкони ҳаллӣ муаммоҳои илмӣ-амалии муҳимиятдошта  мебошанд,  ифода намояд.  Фаъолияти аъзоёни кафедра ба мукаммалгардонидани самтҳои таълимӣ, илмӣ ва корҳои тарбиявӣ нигаронида шудааст.

Дар кафедра 16 нафар омўзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 6 нафар дотсент, 7 нафар сармуаллим, 3 нафар ассистент мебошанд. Аъзоёни кафедра корҳои илмию таҳқиқотии худро  тибқи консепсияи панҷсола дар мавзўи «Стратегияи менеҷменти муосир дар инкишофи минтақа»  барои солҳои 2015-2020 пеш мебаранд.  Аз ҷониби  омўзгорони кафедра – 5 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, ки самтҳои асосии корҳои таҳқиқотии кафедраро инъикос менамояд, нашр гардидааст.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода менамояд: 1.26.01.01-идораи давлатӣ (шўъбаи рўзона ва шўъбаи ғоибона), 1.26.02.02 -менеҷмент (шўъбаи рўзона), 1.26.02.02-менеҷмент (магистратура)

Кафедраи менеҷмент аз соли 2013 тибқи  шартнома  бо Донишгоҳи давлатии технологии Житомер ҳамкорӣ дорад. Суроға: Донишгоҳи давлатии технологии Житомер, кўчаи Чудновская 103, Украина 10005, сомонаи донишгоҳ:  https: // ztu.edu.ua. суроғаи электронии донишгоҳ: Igor­­_Burachek@ukr.net:

  1. Асророва М.А., Ҳоҷибоева М.А., Шамсиев Ф.К., Бурҳонов И.Б., Азизова Н.Х. Менеҷменти ташкилот. КТМ, ДДҲБСТ, 2017 - 10,1ҷ.ч
  2. Бурҳонов И.Б. Муаммои худидоракунии махаллӣ. КТМ, ДДҲБСТ, 2017. -  8,5 ҷ.ч.
  3. Шамсиев Ф.К., Абдураҳмонова Б. С. Менеҷменти стратегӣ, фаврӣ-тактикӣ. КТМ,. ДДҲБСТ, 2017. 17,5 ҷ.ч.
  4. Комилова М.А., Зокирова Ш.М. Этикаи касбӣ. КТМ, ДДҲБСТ, 2018. -7,6 ҷ.ч.
  5. Ахмедова М.А., Махмадиева Ҳ.Ҷ., Негматова Ш.Ғ. Омор. КТМ. ДДҲБСТ, 2018. - 7,5 ч.
  6. Ахмедова М.А. Идоракунии шуғли аҳолӣ. КТМ . ДДҲБСТ, 2019. -8,2 ҷ.ч.
  1. Шамсиев Фурқат Каримович рисолаи номзадиашро дар мавзўи “Рушди низоми саноати минтақавӣ дар шароити ташаккулёбии муносибатҳои корпоративӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)», санаи 13 июли 2019 сол ҳимоя намуд.
  2. Ҳоҷибоева Мукаддас Абдуқодировна рисолаи номзадиашро дар мавзўи “Хусусиятҳои амалкарди бозори истеъмолии ҳудуди дар шароити инкишофёбии муҳити институтсионалӣ” (дар мисоли вилояти Суғди ҶТ), санаи 29 июли 2019 ҳимоя намуд.

Хатмкунандагони ихтисоси 1.26.01.01. - идораи давлатӣ

  1. Сарабекзода Орзу- Ҳукумати вилояти Суғд, мутахассиси шўъбаи муроҷиати арзу шикояти шаҳрвандон
  2. Мухторова Фариза –Амонатбонк-и ш. Хуҷанд
  3. Бобоев Акмал- Миҳд-и вилояти Суғд, шўъбаи ташкилӣ
  4. Зоҳиров Фирдавс Насимҷонович- шўъбаи идеологияи ноҳияи Б.Ғафуров
  5. Ахмадов Бахтиёр Исмоилович- ёрдамчии муовини раиси шаҳри Бўстон
  6. Раҳимова Фарзона Исроиловна- шӯъбаи сармоягузорӣ МИҲД вилояти Суғд

Хамткунандагони  ихтисоси 1.26.02.02.01-менеҷменти молиявӣ

  1. Ибрагимов Иброҳим - ширкати мобилии Tcell – мутахассис
  2. Акрамов Ғулом Ғаниевич- сармуҳандиси корхонаи давлатии оби нӯшоки н.Спитамен.
  3. Эрназарова Фотима Азимовна- Имон Интернешнл. Ташкилоти қарзӣ, ноҳияи Спитамен
  4. Нуруллоев Шодимурод Гулмуродович – ташкилоти қарзии Арванд – Калининободи н.Ғончӣ
  5. Икромбеков Мирчалол Ғайратҷонович- Бонки Эсхата ноҳияи Ҷ. Расулов
  6. Хомидов Миршохид Хомидович- Вазорати молия мутаххасиси пешбар
  1. Норматова Шахноза Маноновна
  2. Ахмедова Муқаддасхон Абдуҳамидовна
  3. Махмадиева Ҳоҷимо Ҷумаевна
  4. Ҳоҷибоева Муқаддас Абдуғаниевна
  5. Тошматова  Рано  Қайюмовна
  6. Негматова Шоҳида Ғуфроновна
  7. Шарипова Шифоатхон Муқимовна
  8. Шамсиев Фурқатҷон Каримович
  9. Бурҳонов Идибек Баҳромбекович
  10. Комилова Матлуба Мухторовна
  11. Азизова Наргис Хуршедовна
  12. Абдурахмонова Барнохон Саидахматовна

Тошматова Мунира Далиловна – мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ,  

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 16 июни соли 2005 № 78 дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва дипломатия дар таркиби факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст.  Моҳи феврали соли 2013 бо қарориШўрои олимони донишгоҳ кафедра ба факултаи молия ва соли 2015 ба факултаи бизнес ва идоракунӣ гузаронида шуд.  Дар солҳои мухталиф кафедраро устодони зерин роҳбарӣ намудаанд: н.и.и., дотсент Fозибеков С.А. (1998-200),  н.и.и., дотсент Раҳимов А.Р. (2000-2005), д.и.и., профессор Бобоҷонов Д. Д. (2005-2012), н.и.и., дотсент Шокиров Р.С. (2012-2015),   д.и.и., профессор Пўлотова И.Р. (2015-2018). Айни ҳол  вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Тошматова М.Д. ба зимма дорад.

Кафедра мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, тиҷорати байналхалқӣ ва фаъолияти иқтисодии берунаи ташкилотҳо тайёр менамояд. Вазифаи кафедра тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва тиҷорати байналмилалӣ бо роҳи таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим мебошад.

Кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ бо Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, шубаи робитаҳои иқтисодии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корхонаҳои муштарак ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳо ва таъмини донишҷӯён бо ҷойҳои корӣ мунтазам ҳамкорӣ дорад.

Дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ 9 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо – 2 нафар доктори илм – профессор, 3 номзади илм – дотсент, 4 нафар сармуаллим мебошанд.

1. Абдуллоева М.Ғ., Аминов Д.Ғ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Суғуртаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –110с.
2. Абдуллоева А.Т., Аминов Д.Ғ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Рақобатпазирии байналхалқии иқтисодиёт. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –139с.
3. Пӯлотова И.Р., Тошматова М.Д., Аминов Д.Ғ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –384с.
4. Пӯлотова И.Р., Тошматова М.Д., Аминов Д.Ғ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Хадамоти байналхалқӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –139с.
5. Тошматова М.Д. Дастури методи оид ба навиштани рисолаи хатми бакалавр барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1- 25.01.03 – иқтисоди ҷаҳонӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –34 с.
6. Пӯлотова И.Р., Тошматова М.Д., Аминов Д.Ғ. Дастури методӣ оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолии пешаздипломӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1- 25.01.03 – иқтисоди ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –20с
7. Пӯлотова И.Р., Тошматова М.Д., Аминов Д.Ғ., Абдуллоева А.Т., Абдуллоева М.Ғ., Саломов С.Б., Тюряев Ҷ.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Иқтисоди ҷаҳонӣ ДДҲБСТ, 2019. –215с.
8. Пӯлотова И.Р., Тошматова М.Д. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Асосҳои бизеси байналхалқӣ.Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –С.203.
9. Саломов С.Б. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Иқтисоди ҷаҳонӣ ва ФИХ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –236с.
Абдуллоева А.Т. –рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнати ва таъсири он ба рушди бозори меҳнати минтақа (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)” санаи 28.06.2019 ҳимоя намуд.
1. Орифҷонова Ҳусния – хатмкунандаи соли хониши 2004-2005, БДА –и Вилояти Суғд
2. Ниёзов Шермамад - хатмкунандаи соли хониши 2007-2008, Дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Байзаков Эгамберди – хатмкунандаи соли хониши 2016-2017, мутахассиси Раёсати агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия
4. Мавлянов Амриддинхон – хатмкунандаи соли хониши 2016-2017, мутахассиси Раёсати агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия
5. Ахмедов Насимљон – хатмкунандаи соли хониши 2016-2017, маркетолог дар маркази савдои Армуғон
6. Абдураупов Бахромҷон – хатмкунандаи соли хониши 2017-2018, мутахассиси пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
7. Шарипова Умринисо - хатмкунандаи соли хониши 2017-2018, муҳосиби ҶДММ Стар пласт дар ш. Хуҷанд
8. Очилов Абдугани - хатмкунандаи соли хониши 2017-2018, мутахассиси ТАҚХ Бонки Матин
9. Давлатшоева Дилангез - хатмкунандаи соли хониши 2017-2018, шӯъбаи кадрҳои Донишгоҳи аграри Тоҷикистон
10. Каримова Гулҷаҳон- хатмкунандаи соли хониши 2017-2018, Нозироти андози ш. Бӯстон

Қаюмов Фурқат Ғайбуллоевич – мудири кафедраи  иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа, номзади илмқои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи иқтисодиёти корхона дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ (№13 аз 06.02.1996) ташкил шудааст. Дар пешрафти фаъолияти кафедра саҳми мудирони кафедра – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдусамадов Ғ.С. (1996- 2000), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Набиева А.Я. (2000_2004), Дониёров М.Р. (2004-2005, 2007-2010), Тоҷзод Д.Ҳ. (2005-2006), Зокирова Ш.М. (2006-2007), Хоҷаева Д.А. (2010-2015) назаррас мебошад. Бо фармоиши № 209-К аз 01.09.2018 кафедра ба иқтисодиёти корхонақо ва минтақа номгузорӣ карда шуда, айни қол номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаюмов Ф.Ғ. вазифаи мудири кафераи мазкурро ба ўқда дорад.

Вазифа ва мақсади асосии кафедра – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёт ва идора дар корхона ва бизнес – маъмуриятчигӣ мебошад.

Дар кафедра аз рўи 33 фанни таълимӣ машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи устодону омӯзгорони кафедра ба табъ расидани зиёда аз 26 номгӯи китобу дастурҳои методӣ ва комплекси таълимию методӣ дастоварди муҳим дар самти фаъолияти таълимию илмӣ арзёбӣ мегарданд.

Дар кафедра 13 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2 нафар д.и.и., профессор, 6 нафар номзадони илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 4 нафар сармуаллим,  1 нафар ассистент мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа магистратура аз рӯи ихтисоси 1-25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона, инчунин докторантура (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D050602 – иқтисодиёти минтақа омода карда мешаванд. Вобаста ба мавзўи самти тадқиқотии кафедра «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт: стратегияи рушди устувори минтақаҳои кишвар» 9 монография ва 150 адад мақолаҳои илмӣ нашр гардиданд.

1. Зокирова Ш.М., Умарова С.И., Рауфова Ш.М. Комплекси таълимӣ методӣ аз фанни «Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат». Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –219с.
2. Зокирова Ш.М., Шарипова З.С., Турсунова З.Ғ. Комплекси таълимӣ методӣ аз фанни «Иқтисодиёти соҳаҳо». Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –148с.
3. Хоҷаева Д.А., Хайитбаева Н.А., Рауфова Ш.М., Зокиров М.А. Комплекси таълимӣ методӣ аз фанни «Асосҳои соҳибкорӣ». Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019-204с.
4. Қаюмов Ф.Ғ., Ҷӯраев Ф.М., Зокирова Ш.М., Ҳайитбоева Н.А. Дастури методӣ оид ба омода ва ҳимояи рисолаҳои хатм (барои донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25.01.07 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-26.02.01 бизнс-маъмуриятчигӣ). Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 31с.
5. Қаюмов Ф.Ғ., Абдулазизов Р.А. Дастури методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ (барои донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25.01.07 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-26.02.01 бизнс-маъмуриятчигӣ). Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. -С. 35.
1. Сармуаллими кафедра Исоқов М.Т. дар Шӯрои диссерататсионии донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 20.04.2017 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Совершенствование инновационного механизма развития животноводства в региональной экономике» бо мувафаққият қимоя намуд
2. Дотсенти кафедра Ҳайитбоева Н.А. дар озмуни олими соли ДДҲБСТ аз рӯи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ ғолиб дониста шуда, бо «Диплом»-и Олими соли ДДҲБСТ сарфарозонида шуд.
3. Сармуаллими кафедра Абдулазизов Раҳимҷон Абдувалиевич дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 27.09.2018 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Региональные аспекти экономической эффективности развития косточкового садоводства (на материалах Согдийской области Республики Таджикистан)» қимоя намуд.
1. Раҳманов Шаҳриёр- хатмкардаи солҳои хониши 1994-1998, ҷонишини сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.
2. Ғаниев Луқмон- хатмкардаи солҳои хониши 1995-1999, љонишини сардори Индиго Тоҷикистон.
3. Шарипов Сухроб-хатмкардаи солҳои хониши 1997-200, мутахассиси шӯъбаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Холиқов Иноғбек Шодибекович-хатмкардаи солҳои хониши 2001-2006, сардори шӯъбаи сохтмони корхонаи муштараки «Зарафшон» -и шаҳри Панҷакент
5. Раҷабов Зоҳирҷан Раҳматович хатмкардаи солҳои хониши 2001, сармуҳосиби манзилию коммуналии шаҳри Истаравшан
6. Ҳомидов Нозим Розиқҷонович хатмкардаи солҳои хониши 2002-2007, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара
7. Набиев Мухаммадҷон Иномоҷонович хатмкардаи солҳои хониши 2014-2018, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Хӯҷаназарова Мақсудахон Имомназарова мудири кафедраи маркетинг-агробизнес, номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсент

            Кафедраи маркетинг-агробизнес дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ (сур.9 аз 9.07.2001), бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №157/1, аз 20.08.2001 дар факултети бизнес ва ҳисобгирӣ таъсис ёфтааст. Бо фармони ректори донишгоҳ аз 13.09.2002 сол таҳти рақами №164 ба ҳайати факултети молия ва менеҷмент гузаронида шуд. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 09.07.2008 дар донишгоҳ факултети нав бо номи инноватсия ва технологияи тиҷорат таъсис ёфта, аз оғози соли хониши нави 2008-2009 кафедраи маркетинг-агробизнес ба факултети мазкур шомил гардид. Баъдан дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз моҳи январи соли 2013 кафедраи мазкур аз нав ба сохтори факултети бизнес ва идоракунӣ гузаонида шуда, то имрўз амал карда истодааст.

Дар кафедраи маркетинг-агробизнес 14 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 7 нафар номзади илм, 3-нафар сармуаллим, 3-нафар ассистент,  1 –нафар коргузор, мебошанд.   Раванди таълим аз ҷониби устодони кафедра аз рӯи 21 фанни таълимӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо), матни лексияву дигар маводи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти илмию омӯзгории кафедра ба омӯзонидани фанҳои тахассусии ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ва  маркетинг ба донишҷӯён равона гардидааст. Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи кафедра дар шаш факултетҳои донишгоҳ баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ки саҳми худро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат мегузоранд, машғулиятҳои лексионӣ ва  семинарӣ мегузаронанд.

Кафедраи маркетинг-агробизнес кафедраи тахассусӣ буда, пас аз хатми донишгоҳ ба хатмкунандагон тахассусмандии иқтисодчӣ аз рӯи ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ва маркетинг дода мешавад.

  1.  Азимов А.Ҷ., Солиев Ҳ.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Маркетинги аграрӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –120с.
  2. Мирсаидов С.А., Ашӯров С.Х, Солиев Ҳ.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Иқтисодиёти кишоварзӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –149с.
  3. Муҳиддинов М., Пулотова М.Х. Комлпекси таълимию методӣ аз фанни Экология барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибона (фосилавӣ). Хуҷанд, 2018. –102с.
  4.  Мирсаидов С.А., Ашӯров С.Х, Қурбонова Ш.С. Дастури таълимӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ – пешаздипломӣ (барои донишҷӯёни ихтисоси 1-26.02.03.09 – маркетинг дар КАС; 1-26.02.03 – маркетинг). Хуҷанд, 2019. – 28 с.
  5. Мирсаидов С.А., Ашӯров С.Х. Дастури таълимӣ барои омода ва таҳияи рисолаи хатми бакалавр (барои донишҷӯёни ихтисоси 1-26.02.03.09 – маркетинг дар КАС; 1-26.02.03 – маркетинг). Хуҷанд, 2019. -30 с.
  6. Мирсаидов С.А., Қодирова Н.А., Ҷӯраев Ғ.Ғ., Азимова М.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография. Хуҷанд, Ношир, 2019. –232с.
  7.  Мирсаидов С.А., Қурбонова Ш.С., Азимова М.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Маркетинг. Хуҷанд, Ношир, 2019. –172с.
1. Азимов А.Ҷ. –«Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019)
  1.  Атовуллоев Соқихӯҷа – хатмкардаи соли хониши 2009-2010, муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ.
  2. Джурабоев Ёрбек –хатмкардаи соли хониши 2010-2011, сардори минтақавии департаменти ташкилоти қарзии хурди «Арванд» дар ш. Истаравшан
  3.  Исломов Ғолибҷон – хатмкардаи соли хониши 2010-2011, сардори хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»
  4. Нурматов Шоҳрӯз – хатмкардаи соли хониши 2015-2016, мутахассиси пешбар дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
  5. Искандаров Фаррух – хатмкардаи соли хониши 2015-2016, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Б. Ғафуров
  6.  Азаматов Дилшод – хатмкардаи соли хониши 2015-2016, мутахассис- иқтисодчӣ дар хоҷагии деҳқонии ноҳияи Ашт
  7.  Қурбонов Аҳмад -хатмкардаи соли хониши 2015-2016, мутахассиси пешбари корхонаи воҳиди давлатии амволи ғайриманқули ноҳияи Зафаробод.
  8. Абдураҳмонов Фирдавс – хатмкардаи соли хониши 2017-2018, сармутахассиси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд
  9. Зиёев Муйддинҷон – хатмкардаи соли хониши 2017-2018, мутахассиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
  10. Солиев Абдулатиф – хатмкардаи соли хониши 2017-2018 сардори хоҷагии деҳқонии (Абдулатиф) н.Зафаробод.
  1. Мирсаидов Саидакмал Аброрович
  2. Муҳидинов Мазбутҷон
  3. Азимов Абдурахим Чалолович
  4. Хӯҷаназарова Мақсуда Имомназаровна
  5. Сангинова Матлуба Юлдошевна
  6. Қурбонава Шоира Солиҷоновна
  7. Ҷўраев Ғайратҷон Ғафурович
  8. Азимова Муқадасхон Мухамедовна
  9. Пӯлотова Марҳамат Холиқовна
  10. Қодирова Нигина Абдумаҷидовна

Мирзозода Фарҳод Ҷумъабой– мудири кафедраи хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсент

Кафедраи хадамоти гумрук дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 26 июни соли 2005, таҳти № 81 бо мақсади таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шуд, ки он фаъолияти хешро асосан аз 1 сентябри 2005 оғоз намуд. Аз соли 2005 то соли 2013 профессор А.О. Орифов вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дошт. Дар ташкил ва пешрафти кафедра саҳми д.и.и., профессор А.О. Орифов  назаррас аст. Соли 2013 то моҳи август кафедраро Юсупов Д.С., – н.и.и., дотсент  ва аз моҳи августи соли 2013 то соли 2022 дотсент Р.А. Каримов сарварӣ менамуд. Айни ҳол н.и.и., дотсент Мирзозода Ф. Ҷ. вазифаи мудири кафедраи хадамоти гумрукро ба ўҳда дорад.

Мақсади фаъолияти кафедра омода кардани мутахассисони баландихтисос тибқи талаботи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти ихтисоси 1-96 01 01 – хадамоти гумрукӣ мебошад. Вазифаҳои асосии кафедра ба қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, гирифтани маълумоти олии касбӣ; омодакунии кадрҳо ва мутахассисони баландихтисоси фаъолияти гумрукӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии ҳайати кормандон ва ғ. равона карда шудааст.

Дар кафедра аз рўи 20 (бист) фанни таълимӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст. Ба фаъолияти касбӣ 8 нафар устодони кафедра  машғул мебошанд, ки аз 2 нафар дотсент, 3 нафар  сармуаллим, з нафар ассистент мебошанд.

Бо қалами олимони кафедра 12 адад дастурҳои таълимию методӣ, 3 адад монография ва зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд. Доир  ба ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва корӣ, махзани саволномаҳои тестӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, дастурҳои методӣ, номгӯи мавзӯҳои корҳои мустақилона, рефератҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, барномаи имтиҳони давлатӣ омода карда шудаанд. Вобаста ба фанҳои таълимӣ комплексҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ  ба нашр расида, дар ҷараёни таълим самаранок истифода бурда мешаванд.