Ҳуҷҷатҳои асосӣ
. Муқовимат ба коррупсия – мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №118 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, низоми хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷўёнро муайян менамояд.
Дар бораи тасдиқи «Низомномаи тањсилоти фосилавӣ дар
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда,
қ а р о р м е к у н а д:
1.Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисањои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Ректорони муассисаҳои тањсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таҳсили фосилавиро дар асоси Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
Дар бораи амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, №19/24
Бо мақсади амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016 №19/24 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 13-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145) .
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢНизомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – муассисаи таҳсилоти олии касбӣ) вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, баріамдиҳӣ, вазифа, сохтор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, молиявӣ, байналмилалӣ ва идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медарорад.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;
– аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани маѕоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадіои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадіои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1465).