Шурои олимон

Раиси шурои олимон – ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ.

Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2006, № 18/3 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.

Шўрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, иқтисодию молиявии донишгоҳ дар назди ректор таъсис дода шуда, сохтори идоракунандаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Вазифаи асосии Шўрои олимони донишгоҳ дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ.вазифаи раисии Шўрои олимони донишгоҳро бар дўш дорад.

Шўрои олимони донишгоҳ дар ҳайати ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, директори китобхонаи илмӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои донишгоҳ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти Шўрои олимони донишгоҳ мутобиқи нақшае, ки барои ҳар як нимсола таҳия мегардад, сурат мегирад.  Нақшаи кори Шўрои олимонро ректори донишгоҳ, пас аз барасии он дар ҷаласаи Шўрои олимон, тасдиқ менамояд.

Масъалаҳои дар ҷаласаҳои шўрои олимон баррасишаванда ба такмили фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва иноноватсионӣ, тарбиявӣ, мустаҳкам намудани пояи илмию методии донишгоҳ равона гардида, ба рушди минбаъдаи донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолият мусоидат менамоянд.

Котиби шўрои олимони ДДҲБСТ Марофиева С.Х.
Тел:2-08-43,
Email: shuroi-olimon@tgu.tj