Дастпарварони мо

РАҶАБЗОДА ШЕРМУҲАММАД, сардори Хадамоти ташрифоти Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз зумраи дастпарварони баландноми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳсуб меша- вад. Ў 15 ноябри соли 1980 дар ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи пизишк таваллуд шудааст. Таҳсилкардаи мактаби миёнаи

№16-и шаҳраки Бўстон мебошад. Сипас, дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқии ДДҲБСТ илму ма- лака андўхта, онро соли 2002 бо дипломи аъло хатм карда- аст. Фаъолияти пурҷўшу хурўши хештанро аз ибтидо дар Вазорати корҳои хориҷии кишварамон оғоз карда, то ба имрўз идома медиҳад. Мавсуф дар ин давра вазифаҳои гуногуни масъулиятталаби ин вазоратро бо камоли кордонӣ ба ҷо оварда, ба обрўю эътибори шоиста ноил гардид.

Шермуҳаммад Раҷабзода аз соли 2013 то кунун масъулияти сардори Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дўш дорад. Хизматҳои Шермуҳаммад Раҷабзодаро Ҳукумати кишвар баланд қадр карда, бо меда- ли “Хизмати шоиста” сарфароз намудааст.

 

 

МУИНӢ МАВСУМА МУИНЗОДА,
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо дипломи аъло хатм менамояд. Соли 2003 фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун устоди кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур оғоз намуда, аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ», «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика» ҳамчун омўзгор фаъолият мебарад. Солҳои 2009-2014 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, дар ин вазифа фаъолият менамояд. Муинӣ Мавсума Муинзода солҳои 2017- 2021 Муовини Раиси шаҳри Душанбе, 2021-2023 Раиси шаҳри Бўстон. Дорандаи медали “Хизмати шоиста” (2015)

 

 

 

САМАДӢ БИВОЛИДА ЗОИДЗОДА, Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

28 сентябри соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш аввал дар Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (алҳол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил карда, ихтисосҳои омўзгор ва иқтисодчиро соҳиб шудааст.

Биволида Зоидзода фаъолияти меҳнатиашро  соли  1992 ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида, солҳои 2006-2007 дар вази- фаи мутахассиси идораи хадамоти методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2011 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум, солҳои 2011-2016 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ва то соли 2018 мушовири Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то имрўз ба ҳайси Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ифои вазифа менамояд.

 

 

МИРЗОЗОДА МАВЛУДАХОН ЗАЙНӢ,
вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996- 2001 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил менамояд. Бояд гуфт, ки ў солҳои 1993-1995 дар вази- фаи котиби маҷлиси судӣ ва солҳои 1995-2005 дар вазифаи иҷрочии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамояд.

Соли 2005 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин мегардад ва то соли 2011 дар ин вазифа фаъолият менамояд.

Солҳои 2011-2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи судяи Суди вилояти Суғд фаъолият мебарад.

Аз майи соли 2017 ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2020 дубора вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

 

 

АҲМАДЗОДА  ДИЛНОЗА  – муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли  2006  пас  аз  хатми  бомуваффақияти  гимназияи №1-и ба номи М.Беҳбудӣ (имрўз ба номи Раҳим Ҷалил) дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳоямро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон супурдам. Пас аз имтиҳонҳо номи баланди донишҷўро сазовор шудам.

Устодони донишманд Почомуллоев Тўхта, Ҳасанов Солеҳбой, Ахмедов Нарзулло, Назира Ғаффорӣ, Кенҷаев Шўҳрат, Ҳасанов Музаффар, Мухторов Киромиддин, Бол- туев Самад, Раҳматуллоев Абдуҷаббор, Муллоҷонова Нигора, Каримова Муаззам ба мо дарс мегуфтанд. Маҳз талошҳои пайвастаи устодон буд, ки имрўз ҳамсафони мо дар сохторҳои гуногуни  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  бо  рутбаҳои  баланди

хизматӣ фаъолияти назарас доранд. Соли 2011 бо супоридани имтиҳони давлатӣ бо дипломи аъло ин боргоҳи маърифатро хатм намудам ва ҳамон сол фаъолияти меҳнатиамро дар донишгоҳ оғоз намудам.

 

 

АДҲАМ МАЪМУРЗОДА, раиси шаҳри Истаравшан

Соли 2000-ум баъди хатми мактаби миёна нахустин қадами худро ба остонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузоштам.

Соли 2005 баъди бо дипломи аъло хатм кардани донишгоҳ корро дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оғоз карда, то соли 2010 дар вазифаҳои мутахассис, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва роҳбари дастгоҳи ташкилоти мазкур фаъолият кардам.

Мавриди тазаккур аст, ки тўли солҳои 2007-2010 дар ка- федраи сиёсатшиносии донишгоҳамон низ ба ҳайси ассистенти кафедра дар шакли ҳамкор омўзгорӣ намудам. Аз соли 2010 фаъолияти хешро дар пойтахти азизамон шаҳри  Душанбе,  дар  Кумитаи  Марказии  ҲХДТ  идома дода, ба ҳайси мудири бахши бақайдгирӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири шуъбаи умумӣ ва кор бо кадрҳо, роҳбари маркази таблиғот ва таҳлили Кумитаи Марказии ҲХДТ адои вазифа намудам.

 

 

ШАРИФҶОН ҶУМЪАЗОДА
Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ман ҳамчун дастпарвар ва камолёфтаи ин даргоҳи маърифат муқаддас ва боиси ифтихору арҷгузорист. Зеро ҳанўз дар айёми наврасиям дар дил орзуи таҳсил дар ин донишгоҳро мепарваридам ва бо амри тақдир соли 2001 ба номи донишҷўӣ сазовор гардида, ин боргоҳи илмро бо ша- рофати ҳидояту раҳнамоӣ, сахтгирию меҳрубонӣ ва муҳим аз ҳама, савияи баланди малакаи касбию донишҳои фарохи устодони арҷмандам ба итмом расонидам. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кориамро дар Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан дар

Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд аз мутахассис то ба мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят кор кардам, ки ҳамаи дастовардҳои худро аз мактаби бузурги инсонӣ, илмию сиёсии устодони донишгоҳ медонам. Баъд фаъолиятро ба ҳайси мудири котиботи Сарвазири мамлакат ва раиси шаҳри Ҳисор идома додам.

 

 

ҶЎРАЕВА ДОНОХОН ТЎРАХОНОВНА,
прокурори калони шуъбаи назорати прокуратураи вилоят

Соли 1993 ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ дохил шуда, соли 1999 онро бомуваффақият хатм намудам. Аз зумраи нахустин хатмкардагони донишгоҳи азизам ҳастам. Аввалин устодам, ки маро баробари фарзандашон медонистанд, инсони бузург декани факултет Ҳасанов Солибой Ҳасанович буданд. Саҳми Солибой Ҳасанович дар ташкили донишгоҳ хеле калон аст.

Бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2000 ман ба кори фаврӣ таъин шудам.

Бо фармонҳои прокурори вилояти Суғд дар вазифаҳои муфаттиш оид ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим, ёрдамчии прокурори шаҳри Бўстон, прокурори шуъбаи назорати умумии дастгоҳи прокуратураи вилоят, ёрдамчии про-

курори вилоят оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсия, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони дастгоҳи прокуратураи вилоят ва то инҷониб ба ҳайси прокурори калони прокуратураи вилояти Суғд фаъолият бурда истодаам.

 

 

НАЗАРЗОДА АВАЗҶОН НАРЗУЛЛОҶОН,
Прокурори вилояти Хатлон

Дар қатори чанд нафар аз ҷавонони хуштолеъ соли 1995 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудам. Ба мо устодо- ни соҳибкасбу ботаҷриба Ҳасанов С., Болтуев С., Ахмедов Н., Орипов Т., Шоев С., Раҳматуллоев А., Ахмедов Г. ва дигарон хеле шавқовар дарс мегуфтанд. Устодонамон серталаб, дилсўз, инсонпарвар буданд ва моро дар руҳияи масъулиятшиносӣ ва меҳнатдўстӣ тарбия намуданд. Бо шарофати заҳмати онҳо то ба имрўз садҳо хатмкунандагони донишгоҳ вазифаҳои хешро сарбаландона адо менамоянд. Донишу маърифати андўхта ва ҳамон тарбияи устодон буд,

ки камина низ бештар аз бист сол инҷониб дар мақомоти прокуратура кору фаъолият намуда, то ба сатҳи рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 1 (полковник) шарафёб гардидам.

 

 

МУТАВАЛЛИЁН ШОИРА АБДУВАЛӢ,
сарнозири шуъбаи ташкили кор ва назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз хурдсолӣ сифати ҳақҷўиву адолатхоҳӣ дар ман нисбат ба дигар сифатҳо бештар эҳсос мешуд. Ва орзу мекардам, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуқуқшинос гардам. Хушбахто- на, соли 2001 дар қатори дигар ҷавонони хуштолеъ ман ҳам ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудам. Аз он шодам, ки ба мо устодони соҳибкасб ба монанди Ҳасанов С., Орипов Т., Обидов Д., Ғаффорова Н., Раҳматуллоев А., Ахмедов Н., Почоева М. дарс гуфтаанд.

Боиси хушҳолиам буд, ки соли 2006 баъди бо дипломи аъло хатм намудани донишгоҳ ба Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба кор қабул гардидам ва то ин муддат дар ин мақомот фаъолият бурда истодаам. Соли 2021 барои фаъолияти чандинсолаи пурсамар дар ин сохтор бо унвони Аълочии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сарфароз гардидам.

 

 

МАЪРУФЗОДА НЕКРУЗ НАРЗУЛЛО,  раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Соли 2011 ба факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ дохил шуда соли 2015 бо сарбаланди ин боргоҳи илму маърифатро хатм намудам. Тули солҳои донишҷўи аз устодони арҷманд донишу са- вод омўхтам, дарси ҳаёт гирифтам, ки имрўзҳо дар фаъолияти касбӣ барои ҳалли муаммоҳои ба вуҷуд омада ёрӣ мерасонанд. Факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, яке аз марказҳои бонуфузи илмомўзи дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти меҳнатиро аз котиби судии суди шаҳри Хуҷанд соли 2004 оғоз намудам, баъдан соли 2011 котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд, соли 2014 мутахассиси пешбари суди шаҳри Хуҷанд, соли 2015 котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд, соли 2016 коромўз – судя, аз соли 2017 то соли 2021 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон судяи суди шаҳри Хуҷанд. Тамоми дастовардҳои ман натиҷаи заҳмату талошҳои устодони азизу меҳрубон ба ҳисоб меравад, ки барои дар ҷамъият мавқеъ пайдо намудани мо шогирдон меҳнати софдилона намуданд.

 

 

НИГОРАХОН ҒАФФОРЗОДА,
Раиси шаҳри Бўстон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даргохи бароям бениҳоят муқаддас мебошад. Даргоҳе, ки нахустин донишҳои сиёсиву иқтисодиамро маҳз дар ҳамин ҷо гирифтаам. Дар хотир дорам, гурўҳи мо 0212- А яке аз гурўҳҳои фаъолу аълохон буда, дар он ҳама ҷавонони болаёқату ғайратманд таҳсил мекарданд. Роҳбари гурўҳамон- устоди азизам Музаффар Фаёзов яке аз устодони пуртаҷриба ва нозукбину сиёсатшинос буд. Дар он худи ректори донишгоҳ  шодравон профессор Пўлотов Ҳомид Ризоқулович иштирок доштанд. Имтиҳон хеле ҷиддӣ буду нисфи донишҷўён баҳои паст гирифтанд. Вақте ки навбати ман расид, кўшидам , то ба ҳамаи саволҳои устодон пурра ва бехато ҷавоб диҳам. Устод Пўлотов Ҳ.Р. дафтарчаи имтиҳонамро аз назар гузарониданду табассум карданд ва гуфтанд: «Шумо, духтарам, дониши хуб доред ва дар ҷомеа ҷойгоҳи хосро хоҳед дарёфт» ва мо шогирдон ҳамеша аз насиҳатҳои падаронаи он кас бархурдор будем.

 

 

НОДИРӢ ШЕРМУҲАММАД
сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ви- лояти Суғд

Ман Нодирӣ Шермуҳаммад Гулмаҳмадзода 9 апрели соли 1986 дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шуда, маълумоти миёнаи умумиро аз соли 1993 то 2004 дар мактаби №11-и ноҳия аз худ намудам. Моҳи августи соли 2005 бо амри дил дар имтиҳоноти дохилшавии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, дар натиҷаи ба даст овардани холҳои му- айян аз рўи ихтисоси 010212 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» и факултаи «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ» и донишгоҳи мазкур дохил ва онро соли 2010 бо дипломи аъло хатм намудам. Бо истифода аз фурсат ба нафароне, ки дар роҳи соҳиби маълумоти олӣ гардидани банда саҳмгузории беандоза намудаанд, аз ҷумла ба устодон Каримзода О.Қ., Ҷўразода Ҷ.Ҳ., Юсупов М., Ризоев Б., Олимов Б., Саидов Ҳ., Саломов А., Ҷамолов С., Тўраев З., Муҳиддинов Л., Мирзоев А., Муртазоқулов А., Алиҷонова М., Марофиева С., Олимбоева Ш. ва дигарон сипосу эҳтироми бепоёни худро иброз менамоям.

 

 

КАРИМЗОДА МИРЗОҚОСИМ,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 2006 ва 2011 дар Донишгоҳидавлатииҳуқуқ, бизнесвасиёсати Тоҷикистондар факултетҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда, ба ҳайси омўзгор ифои вазифа намудааст.

Мирзоқосим Каримзода фаъолияти меҳнатии хештанро дар идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд оғоз кардааст. Минбаъд муддате ба ҳайси мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони комитети иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Пас аз ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадӣ давоми солҳои 2009-2011 дар маркази илмию методии «Тоҷикистон: таърих ва сиёсати замони муосири ДДҲБСТ» ба сифати ходими илмӣ заҳмат кашида, дарозои солҳои 2011-2018 дар кафедраҳои таърихи халқи тоҷик ва фанҳои ҷамъиятии донишгоҳ ба ҳайси дотсент ба таълиму тарбияи донишҷўён ва корҳои илмӣ шуғл варзидааст.

 

 

АШЎРМАТОВ  ФИРДАВС БАҲРОМОВИЧ,
Директори планетарияи ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2004- 2009 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибҳои байналхалқии Донишгохи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил кардааст..

Дар фурсати кўтоҳ бо дастгирии ҳамсабақонам Мирзоманнон Мирзоолимов, Шероз Ниёзов, Ҷалолиддин Калонов, Алишер Бобобеков, Наргиса Саидова тавонистем, як гурўҳи ҳамфикрони хубро сарҷамъ намуда, мулоқоти донишҷўёнро бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Рашид Олимов, консули генералии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Азим Ярахмедов ва дигар дипломатони собиқадор ташкил намоем.  Имрўз дар маориф соҳаи афзалиятнок фаъолият дошта, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастам. Соли 2020 дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илм бо унвони баланди «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» шарафёб гардидам.

Ба донишгоҳи азизам дар самти тайёр кардани кадрҳои соҳибтаҷриба барору муваффақиятҳои нав хоҳонам.

 

 

РУСТАМ РАҲМАТУЛЛО, Раиси ҶДММ “Наҷм”, соҳибкори ширкати хусусӣ

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз зумраи марказҳои соҳибнуфузест, ки дар оғўши хеш ҳазорҳо ҷавононро тарбия намуда, роҳи зиндагӣ ва фаъолияташонро мунаввар намудааст. Аз ҷумла, 20 апрели соли 1994 тариқи ин тихоб маро раиси иттифоқи ҷавонони донишгоҳ таъин намуданд. Ин иқдом боис гардид, ки аз лиҳози маърифату шахсият рушд намуда, мавқеи худро дар ҷомеа муайян намоям. Пас аз ин бароям имконият фароҳам омад, то ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ расам. Оғози фаъолият ҳамчун сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати агентии шуғли аҳолӣ, меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва сарвари ширкати хусусиву саҳм гузоштан дар тарбияву рушди иқтисоду иҷтимоёти мамлакат маҳз аз таҷрибаву дониши гирифтаам аз ин боргоҳи илму маърифат маншаъ мегирад. Имрўз аз муваффақиятҳои тозаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ хушҳол мешавам ва бо шавқ ҳар як навиди хушро интизорӣ мекашам. Таманно дорам, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба дастовардҳои бештар ноил гардида, солиёни зиёд ҷиҳати тарбияи кадрҳои соҳибтахассус ва лаёқатманд саҳми муассир гузорад.

 

 

БЛИНИЧКИНА НАДЕЖДА ЮРИЕВНА,
профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш. Самараи  Федератсияи Русия

1 январи соли 1985 дар шаҳри Тошканд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи № 2-и шаҳри Истаравшан бо баҳои аъло таҳсил карда, пас аз хатми он соли 2002 ба факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2007 онро низ бо дипломи аъло хатм намуд.

Аз моҳи сентябри соли 2007 аввал дар вазифаи омўзгори кафедраи хадамоти гумрук фаъолият оғоз намуда, то ба дараҷаи дотсенти кафедраи мазкур камол ёфт.

Соли 2022 олими ҷавон ба гирифтани дараҷаи баланди илмии доктори илмҳои иқтисодӣ низ мушарраф гардид.

Соли 2012 то 2023 ба ҳайси мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ фаъолият намуд.

Соли  2019  муҳаққиқи  ғайратманд  ва  пуркор  Надежда  Юриевна  дар  озмуни донишгоҳӣ ғолиб омада, «Олими сол»-и ДДҲБСТ пазируфта шуд.

 

 

РАҲИМБЕРДИЕВ ҒАЙБУЛЛОҶОН ҲАБИБУЛЛОЕВИЧ, сармуҳосиби Мактаби умумӣ бо омўзиши амиқи фанҳои
алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов

Соли 2002 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултети бизнес ва хисобгирӣ, ихтисоси бухгалтер ва аудит дохил шудам. Дар панҷ соли таҳсил дар боргоҳи муқаддаси маърифат илм ва таҷрибаи ихтисосиамро мустаҳкам намудам. Соли 2007 донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расонида, барои боз ҳам мукаммал намудани дониш ва ҷаҳонбинии худ дар факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда, соли 2014 дипломи ихтисоси ҳуқуқшиносиро низ соҳиб гардидам. Пас аз хатми донишгоҳ аз сентябри соли 2007-ум фаъолияти худро дар донишгоҳи азизам ДДҲБСТ дар ибтидо ба ҳайси нозири шўъбаи илм, ассистенти кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва дертар ба сифати муовини декани факултети бизнес ва идоракунӣ, муҳосиби калони бахши ҳисобӣ, сармуҳосиб ва ҷонишини сармуҳосиби донишгоҳ идома бахшидам.

Аз моҳи августи соли 2022 вазифаи сармуҳосиби мактаби россиягӣ -тоҷикистонии ба номи А.П.Чехови шаҳри Хуҷандро ба ҷо оварда истодааст.

 

 

АБДУҒАФОРӢ АНВАРҶОН, Раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд

02.01.1986 дар ҷамоати деҳоти Қистақўз (ҳозира Хистеварз)- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар суди шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон) ба сифати котиби маҷлиси судӣ, аз соли 2011 ба вазифаи коромўз-судя таъин гардида, аз соли 2012 то соли 2019 дар вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, аз соли 2019 то соли 2021 ҳамчун судяи суди вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 2021 то инҷониб дар ва- зифаи раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд фаъолият дорад.

 

 

АБДУЛЛОЗОДА ШАРИФУЛЛО БОБОҶОН – Раиси иттифоқи касабаи вилояти Суғд

(10.08.1959,н.Б.Ғафуров), омўзгори фанни физика, иқтисодчӣ. Иститути давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм намудааст(1981), дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон(1999) соҳиби маълумоти дуюм шудааст. Вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Б.Ғафуров (2005-2010), медалҳои “Жуков “(2005), “Хизмати шоиста” (соли 2021).

Аз соли 2017 то ҳоло раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мебошад.

 

 

 

АБДУЛЛОЗОДА ЗАФАР МАҲМАДРАҲИМӢ,  прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи вило- яти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2

Соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм карда, соли 2008 фаъолияти меҳнатиашро аз ёрдамчии прокурори ноҳияи Ишкошими ВМКБ оғоз кардааст. Соли 2012 муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд таъин гардид ва то соли 2015 адои вазифа намуд. Аз соли 2015 инҷониб дар Прокуратураи вилояти Суғд дар вазифаи масъул фаъолият намуда истодааст.

 

 

АШУРЗОДА ХУСРАВ – Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия Мастчоҳ

Соли 2009 ба ДДҲБСТ ба факултети «Инноватсия ва технологияи тиҷорат» дохил шуд ва онро соли 2013 хатм намуда, соли 2014 фаъолияти кориро аз Ширкати Инновацтев роуд солюшнз ЛТД дар вилояти Суғд оғоз намуд.

Аз 01.01.2020 дар Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ба вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва аз 01.01.2023 ба ҳайси Роҳбари дастгоҳ- мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия фаъолият менамояд.

 

 

 

БАХТИЁР СУЛТОН – муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва соли 2011 Академияи умуми- россиягии давлатии андози Вазорати молияи Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва идора- кунии давлатӣ – андоз ва андозбандӣ хатм намуд.

 

 

 

БАҲРИДДИНЗОДА АҚЛИДДИН – муовини сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Соли 2013 бо ихтисоси сиёсатшинос-маъмур ва соли 2018 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 2012- 2013 мутахассиси шуъбаи ҳуқуқии Федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Суғд. Солҳои 2013-2014 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2014- 2015 мутахассиси шуъбаи ҳуқуқии Федератсияи иттифоқи ка- сабаи вилояти Суғд. Солҳои 2015-2018 мутахассиси пешбари бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Солҳои 2018-2019 роҳбари дастгоҳи

раиси ноҳияи Ашт. Солҳои 2019-2020 сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд. Аз соли 2020 то 09.2020 ҳуқуқшиноси шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Суғд.

 

 

КОМИЛЗОДА НАИМҶОН, мутахассиси пешбари шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Соли 2001Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро  хатм кардааст.

Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи нақлиёт ва алоқаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, мутахассиси шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд (2002- 2004), сармутахассиси шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд (2004-2006), сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд (2006-2008), сармутахассис – ҳуқуқшиноси Нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2008-2009), Раиси ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров (2009-2014), сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2014-2015), сармутахассиси бахши кадрҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд (2015-2018), мудири бахши кадрҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд (2018- 2020), сармутахассиси гурўҳи санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳои андози шуъбаи санҷишҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд (2020- 2021), мудири бахши кадрҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд (2021-2023). Аз соли 2010 то инҷониб вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Б.Ғафуров мебошад.

 

 

КУШНЕРЮК АРТЕМ ИГОРЕВИЧ, окончил Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики, получил степень магистра по специальности «Технология и информационные системы (в экономике)». С 2018 года является сотрудником Российского центра науки и культуры.

Первым местом его работы стал Российский центр науки и культуры в г. Худжанде. Он приобрел опыт оказания содействия в организации образовательно-просветительской экспедиции в таких программах, как: Международная волонтерская программа «Послы русского языка», организация Международной выставки-ярмарки «Российское об- разование. Таджикистан 2021-2022». В рамках своих обязанностей он отвечает за сопровождение делегаций из вузов стран СНГ и за реализацию их профориентационных меро- приятий.

 

 

МУҲАМАДИЕВ МУҲАММАДТОҲИР, сардори Маркази хизматрасонии «Абраш» ҶДММ «Матин»

Муҳамадиев Муҳаммадтоҳир солҳои 2007 – 2012 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил намуда, онро аз рўи ихтисоси андоз ва андозбандӣ бомуваффақият хатм намудааст. Дар солҳои тўлонии фаъолият дар соҳаи бонкдории ҷумҳурӣ ба ҳайси мутахассиси варзида дарк менамояд, ки саҳми устодони ин боргоҳи маърифат барои соҳиби касб гардидани ў басе  назаррас аст, зеро маҳз роҳнамоиву ғамхориҳои эшон буд, ки имрўз соҳибмаълумот ва соҳибтахассус гардида, дар пешбурди соҳаи бонкдории кишвар нақши созгор гузошта истодааст.

 

 

 

 

НАБИЕВ АБДУМАЛИК, сармутахассиси Сарраёсати молияи вилояти Суғд

Набиев Абдумалик аз хатмкунандагони муваффақи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ин боргоҳи илму маърифат таассурот ва хотироти хуб дорад, зеро маҳз ба туфайли сабақомўзии устодони донишгоҳ имрўз дар соҳаи молияи кишвар ба ҳайси мутахассиси босалоҳият саҳми муносиб гузошта ис- тодааст. Имрўз дар Сарраёсати молияи вилояти Суғд фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, дар соҳибкасб гардиданаш аз устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сипосгузор аст ва итминон дорад, ки дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат минбаъд ҳам тамоми донишу маҳорати худро ба манфиати Ватани азизамон сарф мекунанд.

 

 

НЕГМАТОВ ШАҲОБИДДИНХОН ШАВКАТ-ҶОНОВИЧ, менеҷери маркази савдои ш. Москваи Федератсияи Русия.

Солҳои 2018-2023 дар факултети бизнес ва идоракунӣ аз рўи ихтисоси итисодиёти ҷаҳонӣ таҳсил намудааст. Барои сайқал додани донишу малака ва гирифтани таҷрибаи хеш аз рўи ихтисосаш ба ў муяссар гардидааст, ки бо яке аз барномаҳои хориҷии “Ausbildung” аз наздик шинос шуда, дар Олмон низ таҳсил намояд. Шаҳобиддинхон Негматов, ҳамчун шаҳрванди кишвари худ ифтихор дорад ва қавли қавӣ додааст, ки дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузорад, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунад ва ҳамчун фарзанди бонангу номус ба давлати Тоҷикистон содиқона хизмат менамояд.

 

 

ПЎЛОТИЁН  МИРЗОҲУСЕЙН АҲРОРЗОД –    муттахасиси иқтисодиёт дар хориҷа кору фаъолият дорад. Соли 2015 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултети “Бизнес ва идоракунӣ” ба ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ” бо холи баланд дохил шуда, соли 2019 бомуваффақият донишгоҳро хатм намуд. Бинобар хониши хубу аъло доштан ба магистратураи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ” дохил гардид ва онро соли 2021 бо муваффақият хатм намуд.

 

 

 

РАҲИМӢ МАВЗУНА МУИНЗОДА-мудири филиали №24 КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм кардааст, ихтисос иқтисодчӣ-муҳосиб”. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) сарфароз гардидааст. Фаъолиятро ба ҳайси хазинадори шўъбаи муомилоти арзи Бахши БДА Хуҷанд (2001-2002) оғоз карда, минбаъд зинаҳои зиёдеро муваффақона тай кардааст. Муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналхалкии филиали №23 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд (2008-2010), Сардори     шуъбаи  муносибатҳои  байналхалқии  филиали №23 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд (2010-2013), муовини мудири филиали №23 БДА ҶТ”Амонатбонк”дар вилояти Суғд( 2013-2021), сардори шуъбаи молия ва иқтисодиёти филиали №23 БДА ҶТ “Амонатбонк”(2021-2022), мудири филиали №24-и КВД ва ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд  аз 01.08.2023.

 

 

САНГИНОВ  ЁҚУБҶОН ҶУРАБОЕВИЧ-роҳбари  ҶДММ Ободсоз

Барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ соли 1991 ба МТМУ

№30-и ноҳияи Б.Ғафуров қадам ниҳода, соли 2001 мактаби мазкурро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуд. Худи ҳамон сол ба ДДҲБСТ дохил шуда, ба гирифтани ихтисоси 0719 – Системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт ноил гардид. Соли 2005 дар ҳамин донишгоҳ ба факултети ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, соли 2010 ба гирифтани ихтисоси дуюм ҳуқуқшинос муяссар шуд.

 

 

САИДМУХТОРЗОДА  ШУҲРАТ  – Судяи  суди  шаҳри Хуҷанд.

Соли 2002 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуд. Тўли панҷ сол аз омўзгорони беҳтарин, устодони варзида дониш ва таҷриба омухтам. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи мудири бойгонии суди вилояти Суғд оғоз намуд. Давоми ду соли фаъолият ба вазифаи котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд гузашт. Соли 2012 ба вазифаи судяи Суди ноҳияи Дар- вози ВМКБ таъин гардид. Аз соли 2015 инҷониб вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷандро иҷро намуда истодааст.

 

 

 

УСМОНЗОДА НОДИР- Раиси ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Соли таваллуд 06.12.1986, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, деҳаи Меҳргон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст, соли 2005 пас аз хатми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш ба ДДҲБСТ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардааст.

Соли 2010 фаъолияти худро аз вазифаи мутахассиси гурўҳи худтаъминкунии назди бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов оғоз намудам. Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷ.Расулов (2011-2012). Соли 2012- 2015 иҷрокунандаи вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷ.Расулов. Солҳои 2018-2022 муовини Раиси ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

 

 

ҲАКИМЗОДА МАЪРУФ МАҲМУДӢ

Декани факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии МДТ Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иқтисодчии шуъбаи омори ноҳияи Б.Ғафуров (2000-2004), сармутахассиси шуъбаи иҷтисодиёти ноҳияи Б.Ғафуров (2004-2005), мудири шуъбаи сармоягузории раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд (2007-2008), роҳбари

дастгоҳи раиси ноҳияи Б.Ғафуров (2008-2015), раиси ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров (2015-2017), мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Б.Ғафуров (2017-2019), ходими илмии осорхонаи академик Б.Ғафуров (2019-2020), н.и.и., муаллими калони кафедраи менеҷменти МДТ Донишкадаи иқтисод ва сав- дои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Аз соли 2010 то инҷониб Вакили Маҷлиси вакилони халқи н.Б.Ғафуров мебошад.

 

 

ҶАМШЕД НАБИЗОДА-мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд.

Соли 1998 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2003 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2004 ба ҳайси қосиди Суди вилояти Суғд фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуда- аст. Солҳои 2005 – 2009 дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд, аз соли 2009 хамчун котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Аз соли 2012 дар вазифаи котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд, баъдан котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд буд. Шурўъ аз соли 2013 вазифаи ёрдамчии раиси Суди вилояти Суғдро

иҷро намуд. Аз соли 2016 ба вазифаи сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд тайин гардид. Соли 2023 Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

 

 

ШАФИЕВ АЗИМҶОН ҚУРБОНАЛИЕВИЧ- директори департаменти хизматрасонии ғайриқарзӣ ва хизматрасонии фосила- вии бонкӣ дар ҶСП «Бонки Арванд».

Соли 1999 ба Донигоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2004 хатм кардааст.

Хазинадор дар ФҚХ «Микроинвест» (2004-2007), иқтисоддони калони шуъбаи қарздиҳӣ ва сармоягузорӣ (2007-2008), сармуҳосиб дар ФҚХ «Микроинвест» (2009- 2011), аудитори дохилӣ дар ҶДММ ТАҚХ «Арванд» (2011-2012), менеҷер оид ба хавф дар ҶДММ ТАҚХ «Арванд» (2012-2019), и.в. раиси садорати ҶСП «Аксесбонки Тоҷикистон» (2019-2020), директори департамент оид ба идоракунии хавфҳо (2020-2021).

 

 

ШАРИПОВ НАИМҶОН- аудитори ҶСК «Бонки Эсхата».

«Дар ҳақиқат, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё- сати Тоҷикистон боргоҳест, ки барои рушд ва тафаккури зеҳнӣ ба ҳар як донишҷў дар соҳаҳои мухталиф заминаи устувор мегузорад. Камина зимни таҳсил дар ин боргоҳ кўшиш намудам, ки аз устодони пуртаҷриба илму дониш омўхта, имрўз аз рўи тахассуси интихобнамудаам фаъолият намуда, дар рушд ва пешравии соҳаи бонкдории кишва- ри азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошам»,- бо ифтихор мегўяд Наимҷон Шарипов.

 

 

 

ЮСУПОВ ҶАМШЕДХОН МУХТОРОВИЧ,  соҳибкор, директори ҶДММ «Шаҳди Хуҷанд»

(06.09.1995с, шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст). Соли 2002 ба МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 2013 ин таълимгоҳро хатм намудааст. Соли 2013 ба факултети бизнес ва идоракунӣ, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ дохил шуда, соли 2017 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Аз соли 2017 то соли 2020 ҳамчун маъмуриятчии ҶДММ «Шаҳди Хуҷанд» фаъолият намуд.

 

 

 

ЮСУФӢ УСМОН СИДДИҚЗОДА – Мудири бахши манзили МИҲД-и шаҳри Хуҷанд.

Соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ҳамчун мутахассис дар Ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, баъдан солҳои 2010-2011 ба вазифаи нозири бехатарӣ дар Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» ҶТ дар вилояи Суғд, солҳои 2011-2014 ба вазифаи ҳуқуқшиноси корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Фаъолияти минбаъдаи Усмон Юсуфӣ солҳои 2019-2020 ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр идома ёфтааст.

 

Асссотсиатсияи хатмкардагон

Маркази рушди касбият