Факултети муштараки ДДҲБСТ-ДМТ
Факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон)
Дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунаи дарҳои кушод густариш ёфта, ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.
Тибқи банди 7-и изҳороти муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягие, ки санаи 9 марти соли 2018 ба имзо расид, самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф муайян гардид. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони кишвари ҳамҷавор густариш бахшад.
Субҳи 29 июли соли 2020 дар толори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон видео конференсия байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд баргузор гардид. Дар конфронс ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Ғаюров Ҳаким Шарифович, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, муовини ректор оид ба тарбия Хоҷаева Мубина Ҷалоловна, деканони факултетҳои молия Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна ва баҳисобгирӣ ва андоз Орипов Абдукҳор Абдуҳамидович ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Шарипов Комилҷон Каримович, намояндагони Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ректори донишгоҳ Меҳмонов Султоналӣ Умаралиевич, декани факултети муштараки Ҷумҳурии Белоруссия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боймуротов Турсунбой Махкамбоевич, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, профессор Туйчиев Алишер Жўраевич ширкат варзиданд.
Конфронсро ректори Донишкадаи молиявии Тошканд Меҳмонов С. У. ифтитоҳ намуд ва сухани навбатиро ба ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода М.М. дод. Ректори донишгоҳ профессор Шарифзода М.М хозиринро ба таҳлили хуҷҷатҳо барои ташкил намудани факултети муштараки ДДҲБСТ ва ДМТ давъат намуданд.
Рӯзномаи видеоконференсия аз 4 банд иборат буда, масъалаҳои таҳия намудани Меморандум, Шартнома, Низомнома ва Нақшаи чорабиниҳо (Дорожная карта) байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) оид ба ташкил намудани факултети муштараки ДДҲБСТ ва ДМТ дар ДДҲБСТ баррасӣ шуданд. Дар рафти ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ профессор Туйчиев А.Ҷ. пешниҳод намуд, ки Низомномаи факултети муштараки ДДҲБСТ ва ДМТ дар ДДҲБСТ дар вақти гузаронидани видео конфронс имзо карда шавад ва масъалаҳои баҳсталаб тариқи корӣ ҳалли худро ёбад. Ҳозирин ба хулоса омаданд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) барои ташкил намудани факултети муштараки ДДҲБСТ ва ДМТ дар ДДҲБСТ бо пуррагӣ омода ҳастанд.
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби Тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Бинои факултети мушитарак дорои 275 нафар ҷойи нишаст буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири техникии раванди таълим муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултети муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Факултети муштарак аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналхалқӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Ихтисосҳои зикршуда дорои сертификати аккредитатсияи байналхалқӣ буда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешавад.