ЭЪЛОН!

Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии кафедраҳои алоҳида ва вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон барои соли таҳсили 2026–2027 озмун эълон менамояд.
Озмун бо мақсади интихоб ва ҷалби кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбият ва таъмини рақобати солим байни довталабон баргузор карда мешавад.
Тартиби баргузории озмун:
Озмун дар давоми моҳҳои октябр–декабри соли 2026 баргузор мегардад.
Довталабон метавонанд барои ишғоли вазифаҳои холии эълоншуда ҳуҷҷатҳои заруриро ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳ пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ гардида, довталабон бо риояи талаботи низомномаи дахлдор барои иштирок дар озмун роҳ дода мешаванд.
Интихоби довталабон дар асоси талаботи тахассусӣ, дараҷаи омодагии касбӣ ва тартиби муқарраргардидаи озмун сурат мегирад.
Аз довталабон даъват карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намоянд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва муайян намудани номгӯи вазифаҳои холӣ ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳ муроҷиат намоед.

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

ОЗМУН

 

 

You might also like