ЭЪЛОН!

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мерасонад, ки аз санаи 23 то 28 феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳ «Ҳафтаи дарҳои кушод» баргузор мегардад.
Дар доираи ин чорабинӣ хатмкунандагон метавонанд ба Донишгоҳ ташриф оварда, бо шароити таҳсил, имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, пойгоҳи моддию техникӣ, фаъолияти факултетҳо ва ихтисосҳои пешниҳодшаванда аз наздик шинос шаванд.
Ҳамзамон, миёни хатмкунандагон «Интернет-олимпиада» баргузор мегардад. Шумо метавонед бо иштирок дар олимпиада дониши худро аз рӯи саволномаҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида, сатҳи омодагии худро муайян намоед. Ғолибоне, ки соҳиби холҳои баландтарин мегарданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва арзишманди раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҳамаи довталабон даъват ба амал меорем, ки дар «Интернет-олимпиада» ва «Ҳафтаи дарҳои кушод» фаъолона иштирок намоянд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ будан ифтихор аст!
Орзуҳои шумо дар Донишгоҳи мо амалӣ мегарданд!
Марҳамат ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон!

You might also like