НИЗОМНОМА дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия”
Замимаи 1
ба фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «23» апрели соли 2026, №76
НИЗОМНОМА
дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия”
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Низомнома дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (минбаъд – Низомнома) дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 47-48 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) таҳия ва қабул карда мешавад.
- Низомнома мақсаду вазифаҳои баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)»-ро доир ба муқовимат ба коррупсия (минбаъд – озмун) муқаррар намуда, тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи озмун, талабот ба маводҳои пешниҳодшаванда, тарзу меъёрҳои баҳогузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмун, инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли онро ба танзим медарорад.
- Озмун бо мақсади баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи эҳтиром ба қонун, ватандўстиву меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан, устувор намудани мавқеи таҳаммулнопазирии ҷавонон нисбат ба зуҳуроти номатлуби коррупсия, дарёфт ва ҷалби ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод дар раванди татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коркард ва дар таҷрибаи миллӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия баргузор карда мешавад.
- ТАРТИБИ ТАШКИЛ, БАРГУЗОРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУН
- Баргузории озмун тавассути ирсол намудани мактуб ба Вазорати маориф ва илм, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интишори эълон дар сомонаи расмии Агентӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба саъми иштирокчиён расонида мешавад.
- Бо мақсади баҳогузорӣ ва муқаррар намудани ғолибони озмун бо фармоиши директори Агентӣ Комиссияи байниидоравии озмун (минбаъд – Комисия) таъсис дода шуда, ба ҳайати он аз ҷумлаи кормандони ботаҷриба ва салоҳиятдори Агентӣ, вазорату идораҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил карда мешаванд.
- Ҳайати Комиссия аз раис, котиб ва аъзоёни он иборат буда, кори Комиссия тариқи гузаронидани ҷаласаҳо сурат мегирад. Рафти баргузории ҷаласа ва қарорҳои Комиссия дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис ва котиби ҷаласаи Комиссия имзо карда мешавад.
- Раиси Комиссия муовини якуми директори Агентӣ ба ҳисоб рафта, котиби он корманди масъули раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ мебошад.
- Котиботи Комиссия маводҳоро барои баррасӣ ва баҳогузорӣ ба Комиссия пешниҳод менамояд. Баҳогузорӣ тариқи холмонӣ аз рўи меъёри то 10 хол (аз 1 то 4 – ғайриқаноатбахш, аз 5 то 6 – қаноатбахш, аз 7 то 8 – хуб ва аз 9 то 10 – аъло) анҷом дода мешавад.
- Ғолибони озмун аз доираи иштирокчиёни аз 7 хол зиёд соҳибгашта дар асоси қарори Комиссия бо овоздиҳии кушоди аъзоён ва аксарияти овозҳо 2 рўз пеш аз баргузории ҳамоиши ҷамъбастии тантанавӣ муайян карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Қарорҳои Комиссия дар мавриди дар кори ҷаласа иштирок намудани на камтар аз 3/2 ҳиссаи аъзоён боэътибор ба ҳисоб меравад.
- Раиси Комиссия ва аъзоёни он фаъолияти худро дар асоси принсипҳои баробарӣ, қонуният, поквиҷдонӣ, шаффофият ва беғаразӣ ба роҳ монда, боло доштани манфиатҳои шахсӣ ва идоравӣ аз ҳадафҳои пешгирифтаи озмун манъ аст.
- Ташкил ва баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои дохилиидоравӣ, ҷалби шарикони рушд ва сарпарастон амалӣ гардида, онҳо барои иштирокашон дар марҳилаи ҷамъбастӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
- Озмун дар ҳамоиши тантанавӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи директори Агентӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута бо «Диплом», «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
- ТАЛАБОТ БА МАВОДҲОИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА
- Маводҳои аз рўи номинатсияҳо пешниҳодшаванда бояд бо забони давлатӣ ва ё забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) таҳия шуда, фарогири масъалаҳои зерин бошанд:
– муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ;
– ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия дар ҷомеа;
– коррупсия ҳамчун омили халалдоркунандаи амнияти давлат, рушди босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
– чораҳои пешгирикунандаи коррупсия;
– истифодаи технологияҳои муосир ва рақамӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;
– коркард ва роҳандозии ташаббусҳои инноватсионӣ ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ.
- Мақола бояд бо фарогирии масъалаҳои дар банди 13 пешбинишуда таҳия гардида, бо унвонварақа тариқи чопӣ ба котиботи Комиссия (шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино 126/1, тел.:(8372)2366417 ва 880006391) ва ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронӣ (rmk@anticorruption.tj ва indep@anticorruption.tj) пешниҳод карда шавад ва ба талаботҳои зерин ҷовобгў бошад:
– таҳияи мақола бо ҳуруфи «Times New Roman», ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 сатр;
– ҳаҷми мақола бо формати А4 аз 6 то 12 саҳифа (схема, расм ва ҷадвал, рўйхати адабиёту аннотатсияҳо ворид намешавад);
– индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
– номи мақола бо ҳарфҳои калон, насаб ва ному номи падари муаллиф дар шакли ихтисор, номгўи муассисае, ки дар он муаллифи мақола таҳсил менамояд;
– рўйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 10 номгўй (Адабиёт ба тартиби алифбоӣ оварда шуда, ба мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки дар онҳо дар баробари дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамчунин, роҳу усулҳои нави муқовимат ба коррупсия бо назардошти таҷрибаи муваффақи кишварҳои хориҷӣ бо истифодаи сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад инъикос ёфта бошанд);
– нишон додани манбаи иқтибос дар матн ба таври зерин: [3, с. 24], [3, с. 24; 7, с. 53] (рақами аввал манбаи истифодашуда ва рақами дувум саҳифа);
– пешниҳод кардани мақолаҳои қаблан нашршуда, тақлидӣ, асардуздӣ, сирқати илмӣ ва бо истифодаи зеҳни сунъӣ омодашуда манъ аст;
– асолати матни мақола аз рӯйи барномаи компютерии «Антиплагиат» на кам аз 60% бо дарназардошти то 10% иқтибосҳои саҳеҳ бояд бошад;
– тарҷумаи номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ).
- Саҳнача ё видеоролики иҷтимоӣ бо фарогирии масъалаҳои дар банди 13 пешбинишуда таҳия гардида, он дар ҳомили электронӣ ва ё тавассути барномаи иҷтимоӣ (WhatsApp – 880006377) бо замимаи видеонавор ба котиботи Комиссия пешниҳод карда мешавад.
Видеонавор бояд ба талаботҳои зерин ҷовобгў бошад:
– давомнокии саҳнача ё видеоролик набояд аз 5 дақиқа зиёд бошад;
– саҳнача ё видеоролик бо забони давлатӣ, бидуни истифодаи лафзи кўчагию дағалгуфторӣ ва бо риояи одоби либоспўшӣ омода карда шуда, зимнан ба паст задани шаъну шараф, таблиғи бадахлоқӣ ва истеъмоли маводҳои мухаддиру нўшокиҳои спиртӣ роҳ дода нашавад;
– видео бо формати «МP4», андозаи экран – 16:9 (вертикалӣ), андозаи тасвир на кам аз 1920 × 1080 пиксел (Full HD) омода карда шавад;
– нақшҳоро дар саҳнача ва видеоролик асосан донишҷўён иҷро намуда, ҷиҳати ҷалби бештари тамошобин ва баланд бардоштани аҳамиятнокии он дар нақшҳо иштироки ҳунурмандони касбӣ ва чеҳраҳои шинохта пазируфта мешавад.
- Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифодаи технологияи рақамӣ) аз таҳияи барнома ё пешниҳодоти ҷолиби диққат иборат буда, он бояд ба масъалаҳои паст намудани шиддати коррупсия бо роҳи таъмини шаффофият дар хизмати давлатӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҷавобгарӣ барои коррупсия, рақамикунонии равандҳо ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, арзёбии сатҳи коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ равона шуда бошад.
Маводҳо дар шакли рўнамо (презентация) бо замимаи маълумотномаи асосноккунӣ бо дарназардошти моҳият, мақсад, соҳаи истифодабарӣ, тартиби татбиқ ва натиҷаи чашмдошт таҳия карда шуда, он ба котиботи Комиссия ба таври ҳузурӣ, инчунин тавассути суроғаи электронӣ (rmk@anticorruption.tj ва indep@anticorruption.tj) ва ё барномаи иҷтимоӣ (WhatsApp – 880006377) пешниҳод карда мешавад.
Зимни пешниҳоди маводҳо вобаста ба ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ ба коркарди платформаҳои электронӣ ва ё барномаҳои компютерии муосир бартарӣ дода шуда, ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи зеҳнӣ ва тақлидкорӣ аз муаллифони дигар манъ аст.
- Муҳлати пешниҳоди маводҳо аз ҷониби иштирокчиёни озмун ба котиботи Комиссия то 15 – майи соли 2026 муқаррар карда мешавад.
- Агентӣ ҳуқуқ дорад, маводҳои пешниҳодшударо бидуни розигии муаллиф, вале танҳо бо ишора ба ў, дар раванди фаъолияти хизматӣ дар самти муқовимат ба коррупсия истифода намояд.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Низомнома аз лаҳзаи тасдиқ карда шуданаш мавриди амал қарор дода мешавад.
- Низомнома дар ду нусха таҳия карда шуда, ҳар кадоми он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.