ЭЪЛОН!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП – 950 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯйи 8 номинатсия баргузор карда мешавад:

  • математика;
  • физика ва астрономия;
  • география;
  • биология;
  • химия;
  • технологияи иттилоотӣ;
  • зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
  • ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Озмуни мазкур дар ду давр – даври аввал, аз санаи  09.02.2026 то 21.02.2026 дар факултетҳои донишгоҳ ва даври донишгоҳӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ тибқи талаботи Низомнома дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешавад.

    Ҳамаи донишҷўён, магистрантону докторантон ва омўзгорону кормандони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.

 

                                                                                                     Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ

You might also like