Табрикоти ректор, профессор Шарифзода М.М. ба муносибати Рӯзи модар
Бонувони азиз, модарону хоҳарони иззатманд! Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас доранд. Зеро, дар симои бонувон на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист. Бахусус, занону бонувон дар тарбияи насли созанда, рушди илму маориф ва давлату давлатдорӣ нақши муассир дошта, ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем. Зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».
Воқеан, модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорам.
Дар ин лаҳзаҳо бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан дар радифи мардуми шарифи кишвар Шумо – бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо мегузоред. Маҳз, туфайли меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – занони ѓайратманд боргоҳи илму маърифатамон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хоричи кишвар рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардид. Сифати таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, донишгоҳ ба сафи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пазируфта шуд. Ҳамзамон, дастоварди назарраси ҷомеаи меҳнатӣ, ҷойҳои ифтихориро ишѓол намудани донишҷӯйдухтарони донишгоҳамон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», “Донишҷӯи сол, олимпиадаҳои ВМИҶТ ва Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саъю талоши судманд ва нерӯи бузурги ақлонию зеҳнии Шумо арзёбӣ мегардад. Изҳори боварӣ менамоям, ки бо покиву ҳамидагӣ, таҳаммулу хушрафторӣ, меҳнати босуботу фаъолияти пурсамар минбаъд низ дар рушду нумӯи фарҳангу тамаддун, таълиму тарбияи насли созанда дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ ва рушди ҷабҳаҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ саҳми сазовори худро гузошта меоед.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳар кадоми Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми модарону бонувони азизро бо муҳаббати бепоён бо иди фархундаи Рӯзи Модар – иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ самимона муборакбод мегӯям. Бароятон саломатии бардавом, бахту саодат, иқболи нек, хонаободӣ, сарбаландӣ ва осудаҳолӣ таманно дорам.
Ид муборак, бонувони гиромӣ!