ДДҲБСТ: Тақдими Стипендияҳои Иттифоқи касаба ба донишҷӯён

26 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва меҳмонони сершумор чорабинии бошукӯҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода, роҳбарияти Донишгоҳ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии донишҷӯён, тақдими стипендияҳои ҳавасмандкунанда ва таҳкими ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бахшида шуда, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии пайвастаи соҳаи маориф изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои муҳими иҷтимоӣ ва маърифатӣ нишонаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф, дастгирии ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Қайд карда шуд, ки сиёсати маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, масъалаҳои дастгирии иҷтимоии донишҷӯёни ятиму бепарастор, донишҷӯёни аз оилаҳои камбизоат ва ҷавонони фаъоли соҳибистеъдод ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Дар суханрониҳо нақши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамчун ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии омӯзгорону донишҷӯён баланд арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Донишгоҳ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, доираи васеи чорабиниҳои муштарак амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, ташкили стипендияҳои ҳавасмандкунанда, дастгирии иҷтимоии донишҷӯёни эҳтиёҷманд, баргузории озмунҳо, конференсияҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва ниёзманд стипендияҳо ва кумакҳои иҷтимоӣ тақдим карда шуданд. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо на танҳо воситаи дастгирии моддӣ, балки нишонаи ғамхорӣ ва эътимод ба неруи ҷавонон буда, дар баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва талоши донишандӯзии онҳо нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд барои ҳамкориҳои судманд ва таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои иҷтимоии омӯзгорону донишҷӯён изҳори миннатдорӣ баён гардид.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил баргузор шуда, иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат иброз намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like