ДДҲБСТ: МУБОРИЗА БА ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ВА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
23 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии судманд бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабинӣ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон бахшида шуд.
Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти баргузории чунин мулоқотҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва ҳушёриву зиракии ҷавонон ибрози назар кард.
Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ва Мирзоғуфрон Ғафуров доир ба мавзӯи мазкур баромад намуда, масъалаҳои пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқибатҳои манфии ин зуҳурот ва зарурати риояи талаботи қонунгузории кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаву равияҳои ифротӣ ба шумор меравад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки пешгирии падидаҳои номатлуб ва тарбияи насли огоҳу ватандӯст вазифаи муштараки ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва оила мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














