ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

23 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Норматова иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ табрик гуфта, оид ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ суханронӣ намуд.

Сипас, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, аз аҳамияти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ ёдовар шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеърҳо ва баёни суханони пурмуҳтаво дар васфи Парчами давлатӣ, инчунин пешниҳоди барномаи рангини адабию фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшиданд.

Чорабинии мазкур дар фазои тантанавию идона баргузор гардида, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ дар байни ҷавонон нақши муҳим гузошт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like