ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ»

Санаи 29 майи соли 2026 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо як қатор вазорату идораҳои кишвар баргузор шуда, ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» бахшида шуда буд.

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-24.01.02, шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаффоров А.Ҷ. аз рӯйи номинатсияи «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои рақамӣ» соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ҳамзамон, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-93.01.02, шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ Артукбаев Ш.Н. аз рӯйи ҳамин номинатсия бо ҷоизаи «Иштирокчии фаъол» сарфароз гардонида шуд. Донишҷӯёни мазкурро омӯзгорон Қобилов Б., Маннонзода Н . ва Мадалиева Ш. ҷиҳати иштирок ба озмуни мазкур роҳнамоӣ кардаанд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ масъулин таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.

Бояд зикр намуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯёни ДДҲБСТ дар чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бозгӯи сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинии муосир ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонон буда, барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон диплом, сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, инчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокчиён гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like