БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ МУХТАЛИФ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КАФЕДРАВУ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраҳо ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, шарҳу тавзеҳи аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ роҳандозӣ шуданд.
Дар рафти чорабиниҳо омӯзгорону донишҷӯён доир ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омили муҳимми таъмини суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба зарурати риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол табодули афкор намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳаммияти муҳим дошта, барои тарбияи насли босаводу худогоҳ ва ватандӯст мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа













