ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИДОНИШГОҲИИ ДДҲБСТ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИИ ТОШКАНД

28 октябри соли 2026 дар ҳошияи Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – фазои нави маориф, илм ва инноватсия» мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муминзода Шероз бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд Шарипов Конгратбай баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Муминзода Ш. А. ҳамтои ӯзбекистонии худро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо орзу намуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки бо ташаббус ва дастгирии сарварони ду давлат тақвият меёбанд, омили муҳими густариши робитаҳои илмию таълимӣ арзёбӣ карданд.
Дар идомаи мулоқот натиҷаҳои ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба фаъолияти факултаи муштараки ДДҲБСТ ва ДДИТ, ки аз рӯйи ихтисосҳои «Кори бонкӣ», «Молия ва қарз» ва «Баҳисобгирии муҳосибӣ» мутахассисон омода менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак, баргузории конференсияву семинарҳои байналмилалӣ ва нашри мақолаҳои илмиро баррасӣ намуданд.
Нуктаи муҳими вохӯрӣ ба имзо расидани Харитаи роҳи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд аз ҷониби ректорони ҳар ду муассиса ба шумор мерафт.
Ҳуҷҷати мазкур рушди минбаъдаи факултаи муштарак, васеъ намудани доираи ихтисосҳо, тақвияти мубодилаи академӣ ва густариши ҳамкориҳои илмию инноватсиониро пешбинӣ менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи амалии санади мазкур ба таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like