БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР»
30 октябри соли 2026 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Терроризм – вабои аср» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет, доктори илмҳои сиёсӣ Саидзода Ш.Ш. ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Ғаффорӣ Н.У. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ арзёбӣ гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои марбут ба хатари терроризм ва экстремизм, оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Донишҷӯёни курсҳои якум, сеюм ва чоруми ихтисосҳои «Сиёсати беруна ва дипломатия», «Муносибатҳои байналхалқӣ» ва «Фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ» дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаронӣ карданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа аз ҳар як фарди ватандӯст масъулияти баландро тақозо менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

