КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНУ ШАҲРВАНД

3 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — заминаи рушди давлатдории миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун» баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҳамоиш бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти прокуратура, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ доир шуда, ба баррасии нақши Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди қонунгузории миллӣ бахшида шуд.
Дар оғози ҳамоиш ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсия дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори ҷомеа ибрози андеша кард.
Дар идомаи конференсия як қатор маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд. Аз ҷумла, прокурори калони шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи вилояти Суғд Саид Сангинзода дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуд. Ҳамчунин, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд Аҳмадзода Туйчибой дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузорӣ дар бораи мақомоти прокуратура» баромад кард.
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Санавварзода Ғолибҷон дар мавзуи «Конститутсия ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа: масъалаҳои баланд бардоштани эҳтиром ба қонун ва арзишҳои демократӣ» маърӯза намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нақши арзишҳои конститутсионӣ дар ташаккули ҷомеаи демократӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар фарҷоми қисми пленарӣ омӯзгори кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳ Ӯлмасова Мухлисахон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърихи қабул ва марҳилаҳои рушди он” маъруза намуд.
Конференсия бо табодули афкори илмӣ ва мулоҳизаронӣ анҷом пазируфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like