Футбол – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ
25 майи соли 2026 ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали варзишии футбол иштироки фаъолона намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарҳанги варзишӣ баргузор гардида, намояндагони касбу кори гуногунро ба ҳам овард.
Дар ҷараёни фестивал ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву дӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ иштирок намуда, маҳорати хуби варзишӣ ва ҳамбастагии дастаро нишон доданд. Иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ бори дигар собит сохт, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими таҳкими саломатӣ, рушди маънавӣ ва муттаҳидии ҷомеа ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз соҳаи футбол дар кишвар рушду пешрафти бесобиқа касб намудааст. Бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардида, барои оммавигардонии футбол ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин замина, иштироки фаъолонаи кормандони муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои варзишӣ ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонон арзёбӣ гардида, ба таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Дар анҷоми фестивал ба иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





















