ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТӢ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Иншои беҳтарин», «Мақолаи беҳтарин» ва «Презентатсияи беҳтарин» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 16 нафар донишҷӯи фаъол, ки дар даври донишгоҳӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун донишҷӯёни Донишгоҳ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ва сазовори қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар озмуни «Мақолаи беҳтарин» Самиев Исроилҷон, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ, донишҷӯи курси чоруми ҳамин ихтисос, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин, Умматов Азизбек, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, бо ҷойи ифтихорӣ қадрдонӣ шуд.
Дар озмуни «Презентатсияи беҳтарин» Охунҷонова Фарзона, донишҷӯи курси якуми ихтисоси забони муосири хориҷӣ (англисӣ-олмонӣ), ҷойи сеюмро соҳиб гардида, Ҳасанова Дилафрӯз, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардид.

Дар озмуни «Иншои беҳтарин» бошад, Нозиров Нуриддин, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, бо ҷойи ифтихорӣ қадрдонӣ карда шуд.
Тибқи низомномаи озмун, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар робита ба дастовардҳои донишҷӯён ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода ғолибони озмуни вилоятиро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ректори Донишгоҳ донишҷӯёнро ба муносибати ин дастоварди арзанда табрик намуда, ба онҳо барои иштироки фаъолона, заҳмату талош ва нишон додани маҳорати баланди эҷодию зеҳнӣ офарин гуфт.

Таъкид гардид, ки дастовардҳои донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди қобилияту истеъдоди ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмию эҷодӣ мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам фаъолтар намудани иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва тақвияти фаъолияти эҷодии онҳо дастуру тавсияҳо дода шуд.

Қобили зикр аст, ки чунин дастовардҳо барои дигар донишҷӯён низ намунаи ибрат буда, дар замири ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва шавқу рағбатро ба донишомӯзиву эҷодкорӣ тақвият мебахшанд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like