ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ ҲАМКОРИИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода бо ҳайати намояндагони Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон бо роҳбарии Антуана Федерера баргузор гардид.

Меҳмононро дар фазои самимӣ ва бо риояи анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона бо нону асал истиқбол гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Тӯра Раббим, сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалӣ Комилҷон Шарипов ва директори Маркази таҳлилии равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия Мунира Акмалова иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва роҳандозии ташаббусҳои муштаракро дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва рушди малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат имкониятҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои соҳибкорӣ, идоракунии давлатӣ, ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳии устувор ва таҳқиқоти илмӣ низ матраҳ гардиданд.

Дар идомаи вохӯрӣ мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Таҷрибаи гуногунзабонӣ дар Швейтсария ва Тоҷикистон» баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсези Хуҷанд» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои рушди муҳити бисёрзабонӣ, нақши забономӯзӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва академӣ, инчунин омӯзишу истифодаи таҷрибаи Швейтсария дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён доир ба аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ барои тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак аҳаммияти муҳим доранд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like