Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир — дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд.
Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об — сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад.
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд.
Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд.
Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад.
Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд.
Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.