Фарҳанги сиёсии мардум бамаротиб боло рафтааст!
Дар шароити муосир интихоботи демократӣ механизми баамалбарории иродаи мардум, шакли асосии мавҷудияти истиқлолияти мардум, ифодаи нақши сиёсии онҳо ба ҳайси сарчашмаи ҳокимият мебошад.
Раванди интихобот бо меъёри муайяни ҳуқуқ, қоидаҳо, ки дар Конститутсия ва дигар қонунҳо мавҷуд аст, ба амалбароварда мешавад. Ба танзим дарорандаи асосии интихобот ин системаи интихобот ҳисоб мешавад. Он принсипи умумии ташкили интихобот, роҳҳои гузаронидаи овозҳоро ба мандатҳо ва мансабҳои ҳукукматиро муайян мекунад. Маънии асосии системаи интихобот таъмини намояндагии иродаи мардум, инчунин ташкили мақомоти фаъол ва самарабахш мебошад. Роҳи рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам бо дараҷаи баланди иштирок ва фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон имконпазир мегардад. Доштан мавқеи сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар интихобот ба инкишофи маданияти сиёсӣ ва рушди минбаъдаи давлат мусоидат менамояд.
Припсипҳои асосии баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Тоҷикистон инъикос гардидааст. Дар моддаи 49-уми Конститутсияи муқаррароти интихоби Вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ оварда шудааст. Аз ҷумла чунин омадааст: Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
Санаи 1-уми март интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳи бисёр баланд баргузор шуд. Дар он принсипҳои барузории интихобот амалӣ гардид. Дар он аксарияти мардум иштирок намуда, барои номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои сиёсӣ раъйи худро доданд. Дар тамоми участкаҳои интихоботӣ то рӯзи интихобот мулоқоту суҳбатҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ташкил ва баргузор гардид. Шахсан камина, ки дар мулоқоти номзадҳо дар ду участкаи интихоботӣ шоҳид будам. Интихобкунандагон бисёр фаъол буданд. Бо номзадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Интихобкунандгон ин ё он мушкилотҳои маҳалли худро ба номзадҳо баён доштанд. Дар навбати худ номзадҳо баъзе мушклотҳоро сари вақт ҳал намуданд ва баъзе масъалаҳои дигарро ваъда доданд, ки ба мақомотҳои иҷроия расонида, ба ҳаллу фасли онҳо кӯшишу талош менамоянд.
Хулоса, баргузории интихобот боиси баррасӣ гардидани масъалаву мушкилоти ҷомеа гардида, робитаи мардумро бо ҳокимият наздик намуд. Итминон аст, ки номзадҳои ғолиб гардида, дар оянда барои ҳаллу фасли мушкилотҳои ҷомеа пардохта рисолаи худро дуруст анҷом медиҳанд. Моҳияти интихобот низ маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки шаҳрвандон номздаҳои арзандаро интихоб менамоянд, ки то дар оянда вакилон барои ҳалли мушкилоти ҷомеа ва беҳтар намудани зиндагии мардум саҳмгузор гарданд.
Изҳороти Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ