Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифгари “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера”

     Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 13 августи соли 2024 дар бораи эълони солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера» нуқтаи гардиши муҳими сиёсӣ ва илмӣ дар равобити байналмилалӣ мебошад. Пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса дар ин самт бо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои узви СММ нишон медиҳад, ки масъалаи тағйироти иқлим, аз ҷумла обшавии криосфера, ба як мушкили умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Ин иқдом дар заминаи муқаррароти ҳадафҳои рушди устувор (SDGs), бахусус SDG 6 (об ва санитария), SDG 13 (амалҳои зидди тағйирёбии иқлим), ва SDG 15 (ҳифзи экосистемаҳо) маънии мукаммал касб мекунад. Қатънома хислати “софт-лоу” (soft law) дошта, кишварҳоро водор ба амал намекунад, аммо тавассути фишори ахлоқию сиёсӣ, барои ташаккули сиёсати дохилии иқлимӣ ва илмӣ шароит фароҳам месозад.

Криосфера (Cryosphere) унсури муҳими низоми иқлимии Замин аст, ки тамоми оби яхбастаро дар бар мегирад: пиряхҳо, барф, яхбандии хок, яхҳои уқёнус ва кӯлҳо. Тибқи маълумоти Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), зиёда аз 69% оби ширини сайёра дар шакли ях нигоҳ дошта мешавад. Вале дар даҳсолаҳои охир суръати обшавии пиряхҳо хатарҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоиро ба миён овардааст.

Коҳиши ях ва пиряхҳо ба:

  1. болоравии сатҳи баҳрҳо;
  2. халалдоршавии шабакаҳои обрасонӣ;
  3. хатари фурӯравии кӯлҳои пиряхӣ (GLOF);
  4. коҳиши ҳосилнокии кишоварзӣ ва ба муҳити зист таъсири ногузир мерасонад.

Аз ин ҷост, ки илми яхшиносӣ (glaciology) на танҳо як соҳаи таҳқиқотии табиӣ, балки ҷузъи муҳими сиёсати иқтисодӣ ва амнияти экологии ҷаҳонӣ гардидааст.

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пиряхдор бо беш аз 13 ҳазор пирях, аз ҷумла пиряхи Федченко (бузургтарин дар Осиёи Марказӣ), дар муқобили хатарҳои тағйирёбии иқлим сахт осебпазир мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даҳсолаҳои охир як қатор ташаббусҳои глобалиро рӯи даст гирифт, ки аксари онҳо мавриди дастгирии СММ қарор гирифтаанд (14 қатънома).

Бо ташкил ва мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (майи 2025, Душанбе) ва таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ, Тоҷикистон на танҳо мавқеи геополитикии худро таҳким мебахшад, балки ҳамчун намунаи амалӣ дар ҳалли мушкилоти об ва иқлим шинохта мешавад.

Дар суханрониҳо қайд мегардад, ки коҳиши криосфера метавонад то соли 2050 тақрибан ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ таъсири манфӣ расонад. Ин тағйирот метавонад:

  1. боиси кӯчидани аҳолӣ (муҳоҷирати иқлимӣ);
  2. афзоиши фишор ба инфрасохтори шаҳрҳо;
  3. ихтилофҳои дохилӣ ва трансмарзӣ оид ба захираҳои об шавад.

Оқибатҳои тағйироти криосфера дигар на танҳо масъалаи муҳити зист, балки масъалаи амният ва суботи иҷтимоӣ мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҷалби олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳияи роҳҳалҳои илмӣ ва татбиқи сиёсати мудирияти хавфҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Ин даҳсола платформаи фарогирро барои таҳкими шабакаҳои илмии минтақавию ҷаҳонӣ, татбиқи мониторинги моҳвораӣ, мубодилаи технологияҳо (намунаи “Ice Memory Project”) ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ фароҳам меорад.

Инчунин, ҳамкории байнисоҳавӣ (cross-disciplinary) дар таҳқиқоти криосфера зарур аст, зеро он ба соҳаҳои геология, гидрология, моделсозии иқлим, экосистема ва ҳатто ҳуқуқи байналмилалӣ дахл дорад. Даҳсолаи илмҳои криосфера метавонад заминаи ҳамгироии илм ва сиёсати амалиро ба вуҷуд орад.

Ҳамин тариқ, иқдоми Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (2025–2034)” як намунаи барҷастаи дипломатияи иқлимӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, ин даҳсола фурсатест нодир барои рушди як платформаи ҷаҳонии таҳқиқоти яхшиносӣ ва муборизаи ҳамоҳанг бо тағйироти глобалии иқлим.

Санавваров Ғ. Б., дотсент,

мудири кафедраи ҳуқуқи конститусионӣ

You might also like