Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм

Терроризм барои ҷомеаи инсонӣ зуҳуроти чандон нав нест. Мақсад, мазмун ва моҳияти ин амали номатлуби барои ҷомеа хавфнок дар ҳама давру замон ва макон тақрибан якхела буд, вале тарзи усул, восита ва амалигардонии он ба ҳар анвои гуногун сурат мегирифт. Акнун бо туфайли пешрафти замон, тараққиёти техника ва технология, ки он ҳам маҳсули ақлу заковати худи инсон аст, терроризм шакл, усул, восита ва тарзҳои зоҳиршавии мухталиф ба худ касб намудааст. Калимаи терроризм аз калимаи лотинӣ  ба дигар забонҳо паҳн шуда, маънояш дар луғатҳо тарс, даҳшат, сиёсати тарсонидан ва фурў нишондодани душмани сиёсӣ бо роҳи зўрӣ, террористӣ, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонии куштор ва ғайраҳо шаҳр дода шудааст.

Дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1988 қабул шудааст, амалҳои «… содир намудани таркиш, сўхтор, тирпаронӣ ва яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигаре барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ҳамчун терроризм ҳисобида шудааст.

Агар кирдор ва амалҳои зикршудаи дар боло ҳамчун терроризм арзёбӣ шавад, пас мардуми бумӣ ба чунин падидаҳо ҳанўз солҳои аввали барқароршавии сохти шўравӣ зимни муборизаи зидди босмачигарӣ рў ба рў гашта буданд. Ҳарчанд имрўз аз ҷониби бархе аз муаллифон ва рўзноманигорон кўшиши як навъ додани обуранги ҷунбиши миллӣ ба ин ҳаракат ба назар мерасад, вале он ҳамоно як ҷанги бераҳмонаи амалдорону сарватмандон баҳри баргардонидани ҳокимият ва сарватҳои аз дастрафтаи онҳо мебошад.

Босмачиҳо бахусус, саркардаҳои онҳо дар роҳи бозпас гирифтани мансабу мақом, молу сарватҳои аз даст рафтаашон аз ҳеҷ як амали барои одамон ва ҷамъият хавфнок, қатлу куштор, ба дор овехтан, гўшу бинӣ буридан, ба зиндон андохтан, гаравгон гирифтан, оташ задан, таҷовуз ба номуси занон ва духтарон, талаву тороҷ кардан ва ғайра рўй нагардонидаанд.

Дар бораи амалҳои террористӣ, қатлу ғоратҳои дастаҳои босмачиён нисбат ба калонсолону муаллимон ва хайрхоҳони ҳукумати нав мисолҳо ва далелу бурҳонҳо хеле зиёданд.

Барҳам хўрдани Иттиҳоди абарқудрати шўравӣ барои мардумони сокини он фоҷеаҳои зиёдеро ба бор овард. Дар тамоми ҷумҳурӣ сатҳи зиндагии мардум ҳамзамон паст фаромада, ҷомеаро ихтилофҳои зиёде фаро гирифт. Хусусан, ихтилофҳои байналмилалӣ, динӣ, маҳалгароӣ ва ҳокимиятҳои гурўҳҳои алоҳида хеле шиддат гирифт. Мутаассифона, баробари барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ низоми ягона ва пурқудрати таъмини бехатарии аҳолӣ, ки дар саросари мамлакат амал мекард, барҳам хўрд. Зиддиятҳои мухталифи ҷомеа, тадриҷан ба задухўрдҳои мусаллаҳона табдил ёфта, дар ин замина гурўҳҳои муташаккили ҷиноятию террористӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар Тоҷикистон низ мухолифатҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама, зиддиятҳои сиёсии ҳокимиятхоҳона, ихтилофҳои ҳизбу ҳаракатҳо, маҳалгароӣ, бахусус ба гурўҳҳои экстремистӣ табдил ёфтани мухолифини ҳокимияти давр кишварро ба гирдоби фалокатборӣ ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Дар ин замина, яроқу аслиҳа ва муҳиммоти зиёди ҷангӣ дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки дар ҷумҳурӣ садҳо гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, дастаҳои мусаллаҳонаи зидди ҳукуматӣ, гурўҳҳои экстремистию террористии ташкилгардида тақдири миллат ва давлати  тозаистиқлоли Тоҷикистонро зери хатар гузоштаанд. Тибқи як маълумоти прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам пурра ва мукаммал нест, солҳои 1992-2002 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 30 гурўҳҳои устувору муташаккили ҷиноятӣ амал кардаанд, ки дар сафҳои он ҷинояткорон муттаҳид гашта будаанд. Дар баробари ин гурўҳҳои калони ҷиноятӣ боз чандин гурўҳҳои хурди ҷиноятии дигар дар солҳои 1992-2002 пайдо шуда буданд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саркўб шудаанд ва сарварону аъзоҳои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Аввалин ниҳоди мустақиле, ки дар Тоҷикистон бевосита бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, иттиҳодияҳои байналмилалии ҷиноятӣ, гурўҳҳои ғоратгар, гурўҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳи хусусияти террористидошта мубориза оғоз намуд, Раёсати 6-ум буд, ки он дар ҳайати сохтори ВКД-и Иттиҳоди Шўравӣ 15 ноябри соли 1989 таъсис ёфта, баъдтар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин Раёсат бо муборизаи оштинопазир ва густурдаи хеш дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил такони ҷиддиеро ба миён овард ва дар байни аҳолӣ бо номи «шашум отдел» шўҳрат пайдо кард. Аз нахустин рўзҳои таъсисёбии ин раёсат ба муқобили ҷинояткориҳои муташаккили хусусият ва тамоюли террористию экстримистидошта муваффақона мубориза бурдааст.

Дар давоми соли 1994 ва нимсолаи аввали 1995 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти якчанд гурўҳҳои ҷинояткори муташаккил қатъ гардида шуд, ки аз ҷониби онҳо 174 куштор ва 72 ҳуҷуми роҳзанона нисбат ба мардуми осоишта содир карда шудааст.

Солҳои 1995-1997 бошад, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Вазорати бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 гурўҳи муташаккили ҷинояткор ва 20 дастаи ғоратгар безарар гардонида шудаанд. Ҳамчунин 36 сарварон ва аъзои дастаҳои ғоратгар дастгир шуда, фаъолияти 6 гурўҳи муташаккили ҷинояткори тамоюли террористидошта безарар гардонида шуд, ки аз онҳо дутоаш гурўҳи устувору сершохаи ҷиноятӣ буд.

Дар байни солҳои 1995 ва 1997 вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ на танҳо мураккаб боқӣ монд, балки яке аз омилҳои монеаи пешрафти иҷтимоии кишвар гардида буд. Танҳо дар солҳои 1996 19 амалӣ террористӣ содир шуда буд, ки дар натиҷаи он 16 нафар ҳалок гашта, 28 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ҳамчунин аъзои ин гурўҳҳо бо бераҳмии зиёд табибон, рўзноманигорон, афсаронро ба қатл расониданд, ки дар байни сокинони ҷумҳурӣ норозигӣ ва сарусадои зиёдеро ба миён овард.

Дигар дастаи ҷинояткори муташаккил, ки дар байни солҳои 1996-1997 ва баътар дар соли 1998 ҷиноятҳои вазнин ва якчанд амалҳои террористӣ содир кардааст, гурўҳи полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев мебошад.

Балвои М.Худойбердиев ва тарафдорони ў ба якпорчагии мамлакат ва давлатдории он хатари ҷиддиеро ба миён овард. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди фаврии торумор кардани ин дастаро созмон дода, роҳбарии онро ба вазири корҳои доҳилӣ Ҳ.Ҳ.Шарипов супорид. Дар натиҷаи дидани чораҳои  фаврӣ ва дуруст сафарбар намудани қувваю нерўҳои мақомоти ҳифзӣ ва ниҳодҳои қудратӣ, дар давоми 2-3 рўз балвои полковник М.Ҳудойбердиев саркўб карда шуда, худи ў бо ҳамроҳии ҷонишинаш С. Зворигин ва дигар тарафдоронаш ба воситаи ноҳияи Шаҳритуз ба Ҷумҳурии Ўзбекистон фирор намуд.

Дар безарар гардонидани гурўҳи ҷинояткоронаи М.Ҳудойбердиев ҳайати шахсии қўшунҳои дохилии ВКД, сарбозони Гвардияи миллӣ, Вазорати дифоъ, ҳамчунин ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии Хатлон, шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Колхозобод, Ҷиликўл, Қумсангир ва аҳолии ватандўсти ин ноҳияҳо саҳми арзанда гузоштаанд.

М.Ҳудойбердиев ба Ҷумҳурии Ўзбекистон фирор карда бошад ҳам ором нагашт ва аз амалҳои террористии худ даст накашид. Ин буд, ки моҳи ноябри соли 1998 бо ҳаммаслакони хеш бо дастгирии афроди хоину ватанфурўш умед баста, ба вилояти Суғд ҳамла намуд. Вале ин дафъа низ тири ў хок хўрд ва ба ҳадафҳои зишташ ноил нагардид. Бар зидди ў тамоми нерўҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми боору номус ва ватандўсти вилояти Суғд бархостаанд ва ў шикаст хўрда, боз ба ҳудуди Ҷумҳурии Ўзбекистон фирор намуд.

Яке аз гурўҳҳои дигари муташаккили чинояткор, ки бо қатлу ҳамлаҳои ғоратгарона ва амалҳои террористӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ тарсу ҳаросро паҳн карда буд, дастаи ғайриқонунӣ ва силоҳбасти Ризвон ва Баҳром Садировҳо ба ҳисоб мерафт. Ин даста аввали соли 1995 дар ҳудуди Чумҳурии Исломии Афғонистон таъсис ёфта, зиёда аз 300 нафар аъзо дошт.

Қайд намудан бамаврид аст, ки баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, № 845 асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон мушаххас, мукаммал ва пурқувват гардид. Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризм ба танзим даровард.

Тибқи маълумоти Сарраёсати иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш соли охир дар ҷумҳурӣ 58 далели хариду фурўши одамон, 42 амали террористӣ ва 587 ҷиноятҳои махсуси хусусияти террористидошта ба қайд гирифта шудааст.

Ҷаҳони имрўзаро хатари наву ҷиддие таҳдид карда истодааст, ки ин терроризми байналмилалӣ мебошад. Алҳол дар беш аз 70 кишвари дунё зиёда аз ҳазор гурўҳу созмонҳое мавҷуданд, ки дар фаъолияти худ аз амалҳои террористӣ васеъ истифода мекунанд.

Дар байни созмонҳои байналмилалии террористию экстремистӣ, ки ба Осиёӣ Марказӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, хатари ҷиддие расонида метавонад, созмони Бародарони мусалмон, Фронти байналмилиалии мусулмонҳо бар зидди яҳудиҳо ва насрониҳо, Ал-қоида, Ҷамоати таблиғ, Ал-ислом, Ҳизб-ут-Таҳрир, Давлати исломӣ, ҳаракати толибон, ҳаракати исломии Ўзбекистон ва боз дигарҳо мебошанд.

Назар ба маълумоти Раёсати Маркази ҷосусии Амрико дар чанд соли охир аз 50 то 70 ҳазор ҷанговар аз 55 давлатҳои исломӣ дар марказҳои террористии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълим гирифтаанд. Илова бар ин, таи панҷ соли охир беш аз ду ҳазор ҷавонони кишвар бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар мадрасаҳо ва донишкадаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд. Аз ҷумла, Донишгоҳи исломии Афғонистон ва Донишгоҳи исломии Ал-Азҳари Мисрро беш аз 500 нафар шаҳрвандони мо хатм кардаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвар, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар мактабҳои равияи динидошта мамлакатҳои хориҷа таҳсил мекунанд, сахт изҳори нигаронӣ карда, ҳангоми вохўрӣ дар ноҳияи Фархор даъват кард, ки фарзандонашонро ҳарчи тезтар баргардонанд, дар акси ҳол онҳо экстремисту террорист шуда, оянда душману хоинони миллати тоҷик мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаргиз бетераф наистода, тадбирҳои зиёде роҳандозӣ намуда истодааст. Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки Сарвари давлат аз минбари баланди СММ ҷиҳати муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризми байналмилалӣ чунин пешниҳод намуд: “Дар ин росто муборизаи муштаракро барои пурра барҳам додани терроризм тавассути истифодаи тамоми тадбирҳои мавҷудаи дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ тақвият бахшидан зарур аст.             Мо ҳарчи зудтар ҳамоҳанг намудан ва қабул кардани муоҳидаи фарогириро дар бораи мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ иқдоми муҳим мешуморем, ки ба андешаи мо хеле дуруст ва саривақтӣ мебошад”.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон фаъолияти 13 ташкилоту созмонҳои характери экстремистӣ-террористидошта ғайриқонунӣ эълон шудааст. Ахиран бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳамчун ҳизби характери динӣ-экстремистӣ ва террористидошта ғаӣриқонунӣ эълон карда шуд.

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир ба ҳизбу харакатҳои тундраву ифротгаро гаравидани бархе аз ҷавонони ноогоҳи кишвар зиёд руҳ дода истодааст, ки он ниҳоят хатари ҷиддӣ мебошад. Бинобар ин лозим аст, дар кишвар иқдомоти муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба чунин аъмоли нанговар аз тарафи мақомоти салоҳиятдор ва аҳли ҷомеаи кишвар ба таври бояду шояд роҳандозӣ гардад.

Қаҳҳоров У.А. – муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ

 

 

You might also like