Ваҳдати миллӣ заминаи муҳимми рушди устувори иқтисодиёти кишвар
Санаи 27 июн соли 1997 дар Тоҷикистон созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баста шуд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки он натиҷаҳои назаррас, ки дар соҳаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, бевосита аз ба даст овардани вахдати миллӣ вобаста мебошад:
Ба туфайли Ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо аз солҳои 2000-ум сар карда, пастравии иқтисодӣ боздошта шуда, рушди иқтисодӣ оғоз гардид. Яъне қайд кардан мумкин аст, ки ба туфайли Ваҳдати миллӣ заминаи иқтисодӣ пайдо шуда, аз соли 2000 рушди иқтисодии мамлакат огоз гардид
Ҳоло дар мамлакат чор ҳадафи миллӣ бо муваффақият амалӣ шуда истодааст:
- ба даст овардани истиқлоияти энергетикӣ
- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ
- бехатарии озукаворӣ
- саноатикунонии босуръати кишвар.
Таъкид кардани лозим аст, ки агар дар мамлакат ваҳдати миллӣ фарогир намешуд, имконияти ба нақша гирифтани ҳадафҳои стратегӣ гайриимкон буд.Бо шарофати Ваҳдат Тоҷикистон рушди устувори иктисодӣ ба даст оварда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаааст. Тайи даҳ соли охир, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии Точикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Дар инҷо қайд кардан лозим аст, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рушди воқеии иқтисодиро муайян мекунад ва мавқеи Точикистонро дар иқтисодиёти ҷахон баланд мекунад. Мақсади асосии ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ ин баланд кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебшад. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки ин мақсад низ амалӣ шуда истодааст. Дар 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Яке аз шартхои асосии рушди устувори иктисодӣ ин мунтазам тараққӣ ёфтани хамаи соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Аз тарафи дигар рушди мунтазами ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бе ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ гайри имкон мебошад. Сармояи хориҷӣ дар набати худ ба он мамлакатҳое, равона карда мешаванд, ки дар онҳо сулҳ, осоиштагӣ фарогир аст ва сармоягузорон ба иқтисдиёти ин малакат боварӣ доранд. Маълумотҳои оморӣ дар ин самт низ пешравиро тасдиқ менамоянд: Масалан барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Ин боз як бор шаҳодати он, ки дар иқтисодиёти кишвар муҳити мусоид барои xалюи сармоя ташкил карда шудааст. Ин ҳам ба шарофати ваҳдати миллӣ мебошад. Сармоягузорон ба устувории иқтисодиёти милли боварӣ доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд ки 4 ҳадафи милли Тоҷикистон самаранок амалӣ шуда истодаанд. Чихеле ки дар боло қайд карда шуд яке аз ҳадафҳои миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳимми иқтисоди кишвар муайян карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакати мо барои рушди соҳаи энернетика аҳамияти муҳим дода мешавад. Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ин пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошад. Маслан барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, яке аз хадафҳои асосии стртаегияи рушди иқтисодӣ мебошад. Масалан соли 2025 суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Ин нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ далели он, ки дар ин соҳа, ҳамчун таъмин кардани амнияти озуқавори натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Яъне ба хулоса омадан мумкин, ки он ҳадафҳои миллие, ки бо шарофати ваҳдати милӣ муайян карда шуда буданд самаранок иҷро шуда истодаанд. Айни ҳол аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурӣ уҳдадории иҷтимоӣ дар назди аҳолӣ пурра иҷро шуда истодааст. Иҷрои босамари ин вазифа бевосита аз буҷети давалатӣ вобаста мебошад . Танҳо дар ҳолати зиёд шудани қисми даромади буҷет имконияти таъмин кардани вазъи баланди иҷтимоии аҳолӣ ва рушди ҳамаи соҳаи иқтисодиёт пайдо мешавад. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Қайд кардан мумкин аст, ки маҳз ваҳдати миллӣ барои рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва баланд шудани шароити зиндагии аҳолӣ асос шуд. Инчунин ваҳдати миллӣ барои ба нақша гирифтани рушди ояндаи мамлакат имконият дода истодааст.
Раҳимов Абдулатиф Маҷидович,
д.и.и., профессори кафедраи назарияи иктисодӣ