Омилҳои рушди тафаккури мантиқии инсоният
«Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем». Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар марҳилаи аввали ислоҳоти соҳаи илму маориф қабули якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, беҳтар гардонидани шароити зист ва фаъолияти кормандони илмиву омўзгорӣ, компютеркунӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорони баландихтисоси фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, таҳияи китобҳои дарсии ба шароити истиқлолияти миллӣ ҷавобгӯ, омўхтани техникаву технологияи муосир, тарбияи мутахассисони ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ, нигаронида шудани илмҳои табиатшиносиву техникӣ ба рушди истеҳсолот ташкил медиҳад. Ҳамазон, бо мақсади амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф соли 2010-Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардид, ки моҳиятан ҳадаф аз ин иқдоми шоиста фароҳам овардани замина ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ маҳсуб меёбад.
Раванди истилоҳоти соҳаи маориф ба марҳилаи дигар – шинохти ҷавҳари аслии дирўз, дарки мазмуни воқеии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоӣ пайванд гардид. Таҳти сиёсати фарҳангофари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии кишварро арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, эҳёи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии фарҳанги мардуми тоҷик ҷило бахшид. Меҳвари сиёсати давлатдории навин аз намунаи рўзгори ибратангези миллати куҳанбунёди тоҷик маншаъ гирифт, ки бо ин васила тафаккури ҷомеа дар рўҳияи худогоҳии миллӣ ташаккул меёбад.
Аз омўзиши саҳифаҳои ҳаёт ва осори абармардони халқи тоҷик ба амсоли Муҳаммади Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абунасри Фаробӣ шахси худогоҳ дарёфт, ки ин шахсиятҳои барҷаста баробари аз худ кардани донишҳои замонӣ, илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ аз қабили риёзӣ ва табииётро аз худ карда, дар рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм гирифтанд. Ин нобиғагон аз воқифии асрори илмҳои дақиқ, асрори сухан дарёфтанд. Дар асари “Ал-шифо”- и Абуалӣ ибни Сино доир ба илми риёзӣ маводи бештар гирд оварда шудааст, ки дар баробари донандаи асрори илми тиб, аз риёзидон будани шоири ориф дарак медиҳад: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?” Пас дар омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин асроре ниҳон аст: аз худ кардани илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури мантиқии инсоният, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омўзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, қадами ҷиддӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари кишвар баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм – фурӯғи маърифат низ бо мақсади инкишофи тафаккури эҷодию техникӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ баргузор мегардад.
Бо назардошти пешрафти рўзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дуюми истилоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омўзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажўҳишоти илмӣ, баланд бардоштани ишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бо мақсади тақвият бахшидани омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Ин иқдоми шоиста ба такомули боз ҳам бештари тафаккури техникӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника такони ҷиддӣ бахшид. Бахусус, Пешвои миллат шурўъ аз оғози солҳои 2000-ум тавсеа ва омўзиши амиқи илмҳои техникию риёзӣ ва дар ин замина такомули шуури техникиро манбаи рушди иқтисодиёти миллӣ ҳисобида, дар марҳилаҳои ҷудонопазир дар ин самт амалишавии корҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.
Мусаллам аст, ки нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Густариши истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тақвияти тафаккури техникии аҳолӣ, пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамояд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки инқилобҳои техникии масири қарни XX дар шинохти тамаддун, адабиёт, маънавият ва фарҳанги дирўзу имрўзи ҷаҳонӣ роҳ кушод. Ҳамчунин, дар авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз ҷавонон имконияти зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионию интернетӣ доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонад. Дар раванди бархўрди тамаддунҳо, ақоиди гуногуни мазҳабию диннӣ, экстремистию террористӣ донистани асрори илмҳои дақиқ, табиатшиносию риёзӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мундариҷаи таълими илмҳои табиатшиносию дақиқро инкишофи хаёли эҷодӣ, тафаккури мантиқию техникӣ ташкил медиҳад. Аз омўзиши илмҳои муосир, бахусус, илмҳои техникӣ насли созанда, худшиносу худогоҳ, соҳиби тафаккури солим ва дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии кишвар саҳмгузор ба воя мерасад.
Саврвари давлат зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ изҳор доштанд: “Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд”. Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири тақвияти омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди зеҳни сунъӣ, ба роҳ мондани пажўҳишоти бунёдӣ, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд, тафаккури техникию технологиро ба ниёзҳои даврони муосир баробар намуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузоранд.
Пешвои миллат соли 2024 дар мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид намуданд: “Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст”. Бо назардошти ин авзо Сарвари давлат ба сарвати ақлии мамлакат – зиёиён, омўзгорон ва олимону муҳаққиқон, ки пайвандгари занҷири дирўзу имрўзу фардои миллатанд, ишора намуданд то дастоварди онҳо дар баробари таконбахши пешрафти давлату миллатамон будан, мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Ҳамзамон, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ (30.08.2025) зикр намуданд: “Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст”. Воқеан, асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот буда, истифодаи самараноки техникаву технологияҳои навтарин, насли босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор ба пешрафту тараққиёти кишварамон мусоидат карда, моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг месозад.
Таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои олии миллиамон пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз пешниҳоде мебошад, ки саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад.
Ташаккул додани маърифати молиявӣ, фарҳанги андозсупории шаҳрвандон, гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисос аз рӯи равияҳои техникӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ, бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, факултаю кафедраҳо ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои зарурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар давоми иқдомҳои шоиста ва қадамҳои устувор дар роҳи татбиқи иқтисоди рақамӣ бо истифодаи технологияи муосир ба ҳисоб меравад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, бо истифода аз технологияи муосир, дар рушди иқтисодиёти давлат нақши калидӣ дошта, ба пайдо кардани рақобати устувор дар муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Самаранокии фаъолияти иқтисодӣ тавассути барномаҳои махсус ба роҳ монда мешавад. Татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, муқовимат бо зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ мусоидат намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло мегардад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ, низoми амалишавии амалиёти пулӣ таваccути кoртҳoи электрoнӣ, ташкили марказҳoи теcтӣ, паркҳoи технoлoгӣ ва журналҳoи электрoнӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ аз татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ шаҳодат медиҳанд. Ин иқдомҳои наҷиб қадамҳои устувор баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ, ки ҳадаф аз татбиқи ин санади мазкур вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад, коркарди иттилооот, дастрасии он ба ҷомеа, такмили назарияҳои илмӣ, омӯзиши илму афкори донишмандони асрҳои гузашта бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ гашта, барои рушди зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон дар кишварҳои хориҷӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ташкили озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар пойтахти кишварамон, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз тадбирҳои амалишуда мебошанд, ки ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Имрӯз низ дар мамлакат рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ифтитоҳи марказҳои инноватсионию рақамӣ аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар бо маром идома дорад. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ бо ҷорӣ намудани ихтисосҳои иқтисоди рақамӣ, муҳандиси барномавӣ (IT-технология), амнияти компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва бунёди Маркази зеҳни сунъӣ ва IT park-и бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба самтҳои инноватсионӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сифати омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони рақамӣ, дар раванди рушди зеҳни сунъӣ талош меварзад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуданд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо ба ҷойи таъсири омилҳои инсонӣ раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд ба роҳ монем. Ҷиҳати тақвияти самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳии кишварамон, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар барои омода намудани мутахассисони соҳибтахассус дар самти иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вазифадор карда шуданд. Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҷеъ ба рушд бахшидани зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногун барои пешрафти равандҳои технологӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муассир дорад.
31 августи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимодро қабул намуд. Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Воқеан, зеҳни сунъӣ яке аз технологияҳои калидии замони муосир буда, қобилияти коркарди маълумот ва автоматикунонии бисёр вазифаҳоро васеъ мекунад ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт истифода мешавад. Имрӯз дар қатори соҳаҳои гуногун, дар соҳаи маориф низ зеҳни сунъӣ барои таҳияи маводи таълимӣ, ёрӣ ба омӯзиш ва мутобиқсозии баъзе вазифаҳои таълимӣ ба талаботи муҳассилин истифода мешавад.
Зеҳни сунъӣ ҳаҷми зиёди маълумотро дар муддати кӯтоҳ коркард карда, барои автоматикунонии корҳои такроршаванда ва дастгирии инсон дар ҳалли масъалаҳои мураккаб истифода мешавад. Истифодаи дурусти ин технология метавонад самаранокии истеҳсолотро баланд бардорад, коркарди маълумотро осон кунад ва барои рушди илм имкониятҳои нав фароҳам оварад.
Бо назардошти талаботи рӯзафзун омӯзиши низоми зеҳни сунъӣ ва истифодаи самараноки он барои ҷомеаи муосир аҳамияти муҳим дорад. Эҳтимол меравад, ки рушди зеҳни сунъӣ ба ислоҳоти соҳаҳои гуногун, бахусус соҳаи илму маориф оварда мерасонад. Зеро, рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти рақамӣ дар пешбурди барномаҳои муштараки омӯзишии мутахассисон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмию тадқиқотӣ байни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳо, ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ ва ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ нақши муассир мегузорад.
Ҳакимова Башорат Наимовна,
дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик