Сиёсати ваҳдатофаринии Пешвои миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ

Дар саҳифаҳои таърихи ҳар як миллат воқеаҳое ҳастанд, ки на танҳо сарнавишти як насл, балки тақдири ояндаи давлат ва мардумро муайян месозанд. Барои халқи тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз расидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад. Агар истиқлолият рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат бошад, пас ваҳдат кафили бақои он, асоси сулҳу субот ва омили пешрафту шукуфоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо ифтихор аз Ваҳдати миллӣ ёд мекунанд, зеро маҳз ба шарофати он кишвари мо аз гирдоби ҷангу низоъ раҳо гардида, ба роҳи созандагиву ободонӣ қадам гузошт. Ваҳдат барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддас, неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги таърихӣ мебошад.
Таърих собит намудааст, ки ҳеҷ миллат ва ҳеҷ давлат бе сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ ба пешрафт ноил шуда наметавонад. Иттиҳод ва ҳамбастагӣ неруест, ки метавонад ҳатто бузургтарин мушкилотро ҳал намояд. Баръакс, ихтилофу тафриқа ва ҷудоиандозӣ ҳамеша сабаби заъф, ақибмондагӣ ва нобудии давлатҳо гардидааст. Бузургони илму адаб дар ҳама давру замон мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват намудаанд. Шайх Саъдии Шерозӣ дар абёти машҳури худ мегӯяд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ин суханҳо имрӯз низ аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд. Вақте инсонҳо худро узви як ҷомеа ва як миллат эҳсос мекунанд, онҳо барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ талош менамоянд ва ҷомеа дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ рушд мекунад.
Миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ борҳо рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидааст. Аҷдодони мо бо вуҷуди ҳамлаҳои бегонагон, мушкилоти сиёсӣ ва дигар озмоишҳои таърихӣ тавонистанд забон, фарҳанг, суннат ва ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд. Маҳз ҳамин рӯҳияи ягонагӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ боис гардид, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар дар арсаи таърих мақоми шоистаи худро нигоҳ доранд. Вале солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон яке аз давраҳои бисёр душвор ва ҳассос ба шумор мерафт. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ намуд. Хонаводаҳои зиёде азизони худро аз даст доданд, ҳазорон нафар тарки Ватан карданд ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид. Дар чунин вазъият масъалаи нигоҳ доштани давлатдорӣ ва ягонагии миллат ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфта буд.
Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзандони ватандӯст ва хирадманд барои барқарор намудани сулҳу субот талош намуданд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳофарӣ оғоз гардида, замина барои оштии миллӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа муҳайё гардид. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси амиқи қадршиносӣ аз ин хизматҳои таърихӣ ёд мекунад, зеро сулҳу ваҳдат ба миллат зиндагии нав бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки: «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва муқаддастарини халқи тоҷик мебошад». Воқеан ҳам, агар имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, орому босубот ва рӯ ба рушд дар ҷаҳон шинохта мешавад, ин пеш аз ҳама самараи ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як пешрафт, ҳар як дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳар як қадами устувори давлат ба сӯи ояндаи беҳтар маҳз дар заминаи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омадааст.
Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон корҳои созандагӣ идома доранд. Роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардидаанд. Деҳоти дурдаст обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар мегардад. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули фазои ором ва устувори кишвар мебошанд. Чунки танҳо дар шароити сулҳ давлат метавонад захираҳои худро барои рушди иқтисодиёт, маориф, илм ва фарҳанг равона созад.

Ваҳдат натанҳо омили рушди иқтисодӣ, балки заминаи асосии пешрафти маънавии ҷомеа низ мебошад. Дар фазои оромӣ фарҳанги миллӣ рушд мекунад, илму маориф пеш меравад ва арзишҳои миллӣ эҳё мегарданд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун маркази фарҳанги қадимаи тоҷикон дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ҷашнҳои байналмилалии бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, таҷлили санаҳои муҳими фарҳангӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб мешавад, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бузургтарин неъмат медонист:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Дар ҳақиқат, зиндагӣ танҳо дар муҳити дӯстӣ ва ҳамдилӣ маънои воқеии худро пайдо мекунад. Вақте мардум бо ҳам дӯсту ҳамфикр ҳастанд, ҷомеа пеш меравад ва фазои созандагӣ ҳукмфармо мегардад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмиро асоси рушду камоли ҷомеа мешуморад:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Ин суханон баёнгари онанд, ки меҳру муҳаббат ва эҳтироми мутақобил метавонанд мушкилтарин вазъиятҳоро ҳал намоянд. Маҳз ҳамин арзишҳо пояҳои асосии Ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд.
Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон низ мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносӣ мебошад. Насли ҷавон бояд дарк намояд, ки сулҳу оромии имрӯз бо чӣ заҳмат ва чӣ қурбониҳо ба даст омадааст. Ҷавонон бояд аз таърих сабақ гиранд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош намоянд. Зеро маҳз ҷавонон идомадиҳандагони роҳи созандагии миллат мебошанд. Агар онҳо соҳиби дониш, фарҳанги баланд ва ҳисси масъулият бошанд, ояндаи Тоҷикистон боз ҳам равшантар хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ба донишомӯзӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дӯст доштани Ватан даъват менамоянд. Ин таъкидҳо тасодуфӣ нестанд. Ҷаҳони муосир пур аз таҳаввулоту рақобатҳост ва танҳо миллате метавонад ҷойгоҳи худро нигоҳ дорад, ки муттаҳид, босавод ва худшинос бошад. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Ваҳдат танҳо дар сухан ифода намеёбад. Он пеш аз ҳама дар рафтор, муносибат ва масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир мегардад. Ҳар шахсе, ки барои ободии Ватан меҳнат мекунад, қонунро эҳтиром менамояд, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад ва ба дигарон бо чашми нек менигарад, дар таҳкими ваҳдат саҳм мегузорад. Ваҳдат аз оила оғоз мешавад, дар мактаб ташаккул меёбад ва дар ҷомеа таҳким меёбад. Аз ҳамин сабаб тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти калон дорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамзистии осоишта шинохта шудааст. Ин нуфуз ва обрӯ низ самараи сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофаронаи давлат мебошад. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ҳамин хотир ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем». Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозанд, ки нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф набошем ва барои таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин сармояи маънавии миллат, кафили бақои давлат ва омили асосии пешрафти ҷомеа мебошад. То замоне ки дар ҷомеа сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст, Тоҷикистон ба сӯи рушду тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мост, ки ин арзиши муқаддасро гиромӣ дорем, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем ва барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз бо дилу нияти пок хизмат намоем. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ чароғи фурӯзони роҳи давлатдории навини тоҷикон ва омили сарҷамъиву пешрафти миллат мебошад.

Сино Ғафурӣ

You might also like