МАОРИФ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИ ПУРТАЗОД ВА ТАҲАВВУЛОТИ ГЕОПОЛИТИКӢ
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 31 августи соли 2026 барои аҳли илму маориф, аз ҷумла ҷомеаи устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастури роҳнамо ба ҳисоб меравад. Суханронии Пешвои миллат, ки фарогири масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию маънавии ҷомеа буд, метавон ҳамчун даъват ба донишомӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ арзёбӣ кард. Ҳамзамон, сулҳ, маориф, илм, омӯзгор, ҷавонон, оила ва масъулияти волидайн мафҳумҳое буданд, ки барои рушди давлати муосир аҳамияти бунёдӣ доранд ва дар меҳвари он қарор доштанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳо, аз ҷумла рушду пешрафти соҳаи маорифро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ номиданд. Сулҳу субот ва соҳибистиқлолӣ неъматҳои муқаддасе мебошанд, ки ҳифзи онҳо тавассути дониш, маърифат ва тарбияи ватандӯстонаи насли ҷавон имконпазир мегардад. Ояндаи Тоҷикистон аз он бастагӣ дорад, ки насли наврас то чӣ андоза ба омӯзиши илмҳои муосир, касбомӯзӣ ва истифодаи оқилонаи технология таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар шароити ҷаҳони пуртаззоду тезтағйирёбандаи муосир, омили асосии устувории давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ – ин илм, дониши амиқ, масунияти мафкуравӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.
Суханронии Пешвои миллат танҳо паёми табрикотӣ ё дастури соҳавӣ набуда, балки як таҳлили амиқи геополитикӣ ва сиёсӣ-стратегӣ роҷеъ ба вазъи муосири ҷаҳон ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ мебошад. Ҳамчун муаррих ва омӯзгори соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ зимни омузиш ва таҳлили ин суханронии пурмуҳтаво чанд нуқтаи калидиро роҷеъ ба таҳаввулоти геополитикии муосир ва вазифаҳои насли ҷавони кишвар қайд карданро зарур мешуморам.
Дар суханронии Сарвари давлат таҳлили хеле воқеъбинона ва илмӣ атрофи вазъи буҳронии сайёра пешниҳод гардид. Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки ҷаҳони имрӯза дар марҳалаи ниҳоят мураккабу буҳронӣ ва пурихтилофу хатарбор қарор дорад. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки принсипҳо ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ки даҳсолаҳо ҳамчун пояи устувори субот, амнияти фарогир ва ҳамзистии осоишта эътироф мешуданд, тадриҷан беаҳаммият ва заиф гардида истодаанд.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки низоми монополии қаблии геополитикӣ ва сохтори ҳуқуқи байналмилалӣ зери таъсири манфиатҳои муғризона ва ҷангҳои ваколатдор коста гардидааст. Дар ин шароит, ба миён омадани буҳронҳои нав, мусаллаҳшавӣ ва таҳдиди бевосита ба амнияти байналмилалӣ аз ҳар як давлати соҳибистиқлол, бахусус Тоҷикистони азизи мо, фаросати баланди сиёсӣ, таҳаммулгароӣ ва хушёрии геополитикиро тақозо мекунад.Дар фосилаи афзоиши низоъҳои ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки моҳи июни соли 2026 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» гувоҳи равшани саҳми амалии кишвари мо дар ҳифзи оромӣ ва суботи сайёра мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси принсипи «дарҳои боз», сулҳҷӯӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар алоқаманд аст. Сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ барои мардуми мо на танҳо неъмати дохилӣ, балки асоси фарҳанги дипломативу тамаддунсози тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
[14.03.08 3:08] Сино Гафури: Дар асри бисту якум муносибатҳои байналмилалӣ танҳо бо дипломатияи классикӣ маҳдуд намешаванд. Имрӯз ҷанги иттилоотӣ ва фазои маҷозӣ ба яке аз аслиҳаҳои асосии таъсиррасонӣ табдил ёфтаанд. Сарвари давлат ба масъалаи истифодаи беназорати шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои ҳушманд, ки ба солимии равонӣ ва тафаккури насли ҷавон халал мерасонанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар шароите, ки афкори умум тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ заҳролуд карда мешавад, барои донишҷӯён ва ҷавонони мо, бахусус мутахассисони ояндаи муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккул додани масунияти устувори иттилоотӣ ва фарҳанги баланди истифодаи фазои маҷозӣ зарур аст.
Ҷавонон бояд ақидаҳо, иттилоот ва таъсирҳои гуногуни мафкуравиро ба тафаккури интиқодӣ қабул ва арзёбӣ намуда, аз ғояҳои бардурӯғ, ифротӣ, таҳриккунанда ва манфиатҷӯёна худро ҳифз карда тавонанд. Дар ин росто Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҷавонон “бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо ғояҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Бо дарназардошти чунин воқеият, бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд”.
Ҳамчун омӯзгор ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба хубӣ дарк мекунам, ки пешрафти сиёсати хориҷиву дохилии давлат ба сатҳу сифати кадрҳои омодашаванда вобаста аст. Эълон гардидани соҳаи маориф ва илм ҳамчун афзалияти стратегӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ тақозои замон мебошад. Таъкиди Пешвои миллат роҷеъ ба он ки «ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст», роҳнамоест барои ҳамаи сохторҳои таҳсилоти олӣ. Дар ДДҲБСТ мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки донишҷӯён ва мутахассисони ояндаи соҳаи муносибатҳои байналмилалиро дар руҳияи миллатдӯстӣ, ватанпарварӣ, огоҳии сиёсӣ ва таҳлили амиқи равандҳои геополитикӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз тарбия намоем.
Нуъмонҷон Ғаффорӣ, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ, доктори илмҳои таърих, профессор