Ваҳдати миллӣ – рукни меҳварии суботи давлат
«Мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дўст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрўи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем». Эмомалӣ Раҳмон.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Оре, сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи Сулҳ –ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. 29 сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.
Боиси зикр аст, ки ваҳдати миллӣ гуфта дар адабиёти муосири сиёсиву хуқуқӣ ва иҷтимоӣ мафҳумҳо ва фаъолиятҳое дар назар дошта мешаванд, ки онҳо назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои этникиро дар дохили кишвар таъмин ва инъикос мекунанд. Ваҳдати миллӣ як силсила омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, дохилӣ ва берунӣ дорад. Ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, сиёсат, санъат, варзиш ва ғ. аз пойдории ваҳдати миллӣ дар сатҳи ҳаёти ҷамъиятӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Таъмини ваҳдату якдилии миллӣ ва якпорчагии кишвари маҳбубамон бешубҳа яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба ин неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон мушкилоту монеаҳои сахти айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро мардонавор ва сарбаландона паси сар кардааст.
Фазилати таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ ва миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин маъракаҳои бузурги фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин карда мешавад.
Қобили зикри хос мебошад, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистон намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон гашт ва мавқею мақоми давлатамонро дар миқёси ҷаҳон устувор намуд. Имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру перафти имрўзаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти давлатии кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро побарҷо нигоҳ дошта метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдати комилу якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «ҳар касе ниҳоле сабзонда бошанд, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Онро ниҳоли Ваҳдат меноманд. Мо ин меваи ширину парвардаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўз самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем.
Доир ба муҳиммияти бунёдии ваҳдати миллӣ бузургон гуфтаанд: «Бе Ватан, бе муҳаббат ба хоки аҷдодӣ инсон наметавонад на худ ва на роҳи худро дарёбад». Бо ин назардошт, мо бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст.
Дар таълифоте намояндагони намоёни илми сиёсӣ-ҳуқуқии мамлакатамон роҷеъ ба осудагии давлатамон ҷумлаеро бо маҳорати хос қаламдод намудаанд: «Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаи таҳқиқ мунсифона нигоҳ кунем, ба чунин хулоса мерасем: Агар Рӯдакӣ адабиёти форсро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ давлатдории миллии тоҷиконро бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба тахт нишонда, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуд, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид кард, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро бунёд карда, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кӯшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, Тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ, давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҳама корҳои неку писандидаи гузаштагонро бо диди нав ва дар шароити муосир ҷамъбаст сохт».
Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг варзишу туризм, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.
Имрӯз Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар марҳилаи нави рушдёбӣ қарор дошта, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуда, дорои овози ҳалкунандаи худ мебошад ва дар баррасии масъалаҳои глобалӣ фаъолона иштирок карда, ҳатто ташаббусҳои созандаву актуалии худро пешниҳод менамояд. Ин ва дигар пешравию дастовардҳои Тоҷикистони муосир ҳамагӣ ба Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ доранд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо зиёда аз 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳифзи манофеи миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва таъсиргузор шинохта шудааст. То имрӯз Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун зиёда аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонида, ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ аъзо мебошад. Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо созмону ниҳодҳои иқтисодиву байналмилалӣ ба роҳ мондааст, ки тақвияту густариши муносибатҳо дар ин самт аз пойдориву ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатист.
Аз зикркардаҳои боло маълум мегардад, ки ваҳдати миллӣ барои давлатдорӣ ва ояндабинии он рукни бунёдӣ буда, талқину посдории он метавонад ба сифати заминаи солимзеҳнии насли ҷавони кишвар барои посдории арзишҳои муҳимми халқи куҳанбунёди тоҷик нақши калидиро бозида бошад. Зеро, дар замони муосир истиқлолияту ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди қадршиносу шукргузор маҳсуб меёбад.
Қодирзода Мирзоқодир Аюб –н.и.ҳ., омўзгори ДДҲБСТ