Ҷавонон бояд ҳимоятгари марзу буми Ватан бошанд

Ифротгароён, ки бо амалҳои зишту зиёнкоронаи худ ба инсонҳои оддӣ, махсусан нисбат ба занону кӯдакон тундравӣ ва амалҳои ҷоҳилонаро амалӣ менамоянд, мақсадҳои хушунатомез, сиёсӣ ва мазҳабии худро роҳандозӣ мекунанд.

Ҳеҷ модаре фарзанди ҷинояткорро таваллуд намекунад, сари гавҳора бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек шабзиндадорӣ менамояд. Вале мутаассифона, дар бисёр мавридҳо тарбияи нодуруст ва надоштани фарҳанги динии комил ҷавонони моро ба доми фиреби гурӯҳҳои дорои хусусияти ифротиву террористидошта гирифтор мекунад. Ифротгароён аз камсаводӣ ва надоштани маърифати динии ҷавонон истифода менамоянд ва онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои ба худ хос тобеъ мегардонанд.

Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое хастанд, мехоҳанд ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл гирад. Онҳо барои  хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта,  нашъаву ҳаргуна доруҳо гузаронида, барои татбиқи нақшаҳояшон истифода мебаранд.

Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳои ба Сурия рафтаву даст ба сина зада «мо ҷиҳод мекунем» гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем.

Бештари онҳо дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд, тавонистанд, ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустақилияташон маҳрум гарданд.

Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба накшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд, барои он хуб медонанд, ки ҷавонон хоҳ нохоҳ заъфи эътиқодӣ доранд  ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътиқод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин рӯ, шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашанд.

Чавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғи гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расонидааст, реш-реш мекунад? Ҳол он, ки дини ислом оддитарин шиканҷаро ба касе раво намебинад. Тавре гуфта мешавад, ҳар кӣ хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошанд.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист ватан, дин, мазҳаб надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам,ки ислом ҳаргиз тарафдори одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист ҳеҷ гоҳ мусалмон шуда наметавонад. Ҳеҷ кас ҳак надорад, ки Расули акрамро ҳамчун ҷангҷӯ ва дини исломро дини зулму шиканҷа ва куштор нишон диҳад.

Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб, пеш аз ҳама ба падару модарон лозим аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузаронидан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва пайрави кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳои интернетианд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ҳисси худшиносии миллиро дар хонандагон бедор намуда, маданияти истифодаи интернетро дар онҳо тарбият намудан лозим аст. Муҳимтарин масъалаи замони мо, дарки моҳияти ватандустӣ аз ҷониби ҷавонон, эҳтиром намудани марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат ба шумор меравад.

Ҳар як ҷавони Тоҷикистонӣ, ки худро соҳиби миллат мешуморад, дар ҳифзи хоки Ватани худ бояд  доимо тайёр бошад.

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ

You might also like