Парчами миллӣ – рамзи сарбаландии занони тоҷик

Дар таърихи пурғановати миллати тоҷик зани тоҷик дар тамоми давраҳо бо хираду дониш, покдоманӣ, фарҳангдўстӣ ва меҳнатдўстии худ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Имрўз низ занони тоҷик дар зери Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар соҳаҳои илму маориф, идоракунии давлатӣ, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, иқтисодиёт, соҳибкорӣ ва дигар самтҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Парчами миллӣ – рамзи сарбаландии занон тоҷик буда, занон ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойдории оила ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.11.1992 дар Иҷлосияи 16 Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштааст. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Парчами миллӣ барои ҳар як миллати тоҷик мояи ифтихор аст. Эҳтиром гузоштан ба Парчам ин эҳтиром ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва таърихи пурифтихорамон аст.
Бонувони тоҷик бо донишу малака, масъулиятшиносӣ ва ташаббускории худ дар ободии Ванани азизамон саҳм мегузоранд.
Парчами миллӣ барои ҳар як зани тоҷик рамзи ифтихор, шараф ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад, зеро эҳтиром ба Парчам маънои эҳтиром ба Модар-Ватан аст.
Нақши занон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони ватандўст, яке аз вазифаҳои муҳим дар тарбияи насли ояндасози миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ мебошад. Зани босавод метавонад, фарзандони соҳибмаърифатро тарбия намояд, муҳити солими оилавиро фароҳам оварад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа саҳм гузорад. Аввалин омўзгори фарзанд Модар аст. Модар ба ў забон, одоб, ахлоқ, эҳтироми калонсолон, меҳнатдўстӣ ва муҳаббат ба Ватанро меомўзонад. Маҳз модари босавод метавонад, насли солимфикр, ватандўст ва созандаро ба камол расонад.
Мо – бонувон бояд бо оғоз аз оила, ба ҳар як насли наврасу ҷавон фаҳмонем, ки Парчами давлатӣ – рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари маҳбубамон аст. Эҳтиром гузоштан ба он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик мебошад.
Модаре, ки фарзандашро бо ҳисси ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия мекунад, дар таҳкими ояндаи давлат саҳми бузург мегузорад.
Ҳар як зани тоҷик бояд дар оила ва ҷомеа намуна бошад, забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, расму оинҳои нек ва муқаддасоти давлатиро ҳифз намояд.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша поянда ва дар фазои сулху ваҳдат ва оромӣ парафшон бошад!

Марофиева Сабоҳат Холиқовна,
сармутахассиси кор бо занон,
духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ. ДДҲБСТ.

You might also like