ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ, ТАШАККУЛ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ОН
Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои соҳибистиқлолии давлат буда, дар низоми рамзҳои давлатӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Он ҳамчун нишонаи расмии давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ истифода гардида, соҳибихтиёрӣ, истиқлоли сиёсӣ ва ҳувияти миллии ҷомеаро ифода мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба зарурати ташаккул додани низоми нави рамзҳои давлатӣ рӯ ба рӯ гардид. Аз ҷумла, қабули Парчами нави давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳимми раванди бунёди давлатдории мустақили тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Парчами давлатӣ бояд ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии мамлакат мувофиқат намуда, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ифода мекард.
Таърихи парчамдорӣ дар байни халқҳои ориёитабор ва мардуми тоҷик дорои анъанаҳои қадима мебошад. Парчам дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун нишонаи ҳокимият, давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва муттаҳидии ҷомеа истифода мешуд. Яке аз намунаҳои маъруфи таърихии парчамдорӣ дар фарҳанги миллӣ Дирафши Ковиёнӣ мебошад. Тибқи ривоятҳои таърихию адабӣ, ин дирафш бо номи Коваи оҳангар ва муборизаи ӯ бар зидди зулму истибдод алоқаманд аст. Дирафши Ковиёнӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамчун нишонаи мубориза, давлатдорӣ ва истиқлолият ёд мешавад.
Дар асри XX, бо таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, низоми рамзҳои давлатӣ хусусияти нави сиёсӣ пайдо намуд. Парчами ҶШС Тоҷикистон дар асоси талаботи низоми сиёсии замони шӯравӣ таҳия шуда, дар давраҳои гуногун ба он тағйирот ворид карда мешуд. Аз ҷумла, 20 марти соли 1953 тарҳи нави парчами ҶШС Тоҷикистон тасдиқ гардид. Баъдан, 23 октябри соли 1981 низомномаи нави Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин парчамҳо ба сохтори сиёсӣ ва мафкуравии давлати шӯравӣ мувофиқат мекарданд.
Пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истифодаи рамзҳои давраи шӯравӣ дигар ба воқеияти нави сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат пурра мувофиқат намекард. Аз ин рӯ, масъалаи таҳияи рамзҳои нави давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ба яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти давлатӣ табдил ёфт.
Барои таҳияи рамзҳои давлатӣ комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Дар он намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла рассомон, меъморон, олимон ва мутахассисони фарҳанг иштирок намуданд. Пешниҳодҳои гуногун мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, масъалаи интихоби намунаи мувофиқи Парчам дар асоси талаботи таърихӣ, миллӣ ва давлатӣ ҳал карда мешуд.
Раванди таҳияи Парчами нав дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар сурат гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, зарурати қабули рамзҳои нави давлатӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми бунёди давлати соҳибистиқлол дар рӯзномаи сиёсӣ боқӣ монд.
Рӯйдоди ҳалкунанда 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд баргузор гардид, ба амал омад. Дар ин иҷлосия Парчами нави давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Қабули Парчами давлатӣ аз ҷиҳати таърихӣ маънои ба расмият даровардани яке аз нишонаҳои асосии истиқлолияти Тоҷикистонро дошт. Аз ин лаҳза Парчами нав ҳамчун рамзи расмии давлати соҳибистиқлол дар сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар мақоми муайян пайдо кард.
25 ноябри соли 1992 Парчами нави давлатӣ ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд. Ин рӯйдод дар шароити ташаккули сохтори нави давлатӣ аҳаммияти рамзӣ дошт. Ҳамин тавр, қабули Парчами давлатӣ марҳилаи муҳимми гузариш аз низоми рамзҳои давраи шӯравӣ ба низоми рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, андоза, таносуб ва тарзи ҷойгиршавии унсурҳои Парчам бояд мутобиқи намунаи расмӣ риоя карда шаванд. Ин талабот имкон медиҳад, ки Парчами давлатӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он дар шакли ягона истифода гардад. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ на танҳо объекти дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ, балки объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ низ мебошад.
Мақоми ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».
Ин меъёри конститутсионӣ барои Парчами давлатӣ мақоми олии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд. Яъне Парчам дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсури ҳатмии сохтори конститутсионии мамлакат эътироф шудааст. Аҳаммияти моддаи мазкур дар он ифода меёбад, ки рамзҳои давлатӣ дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидаанд ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи он мувофиқат намоянд.
Санади асосии махсусгардонидашуда дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, №254 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии рамзҳои давлатиро танзим мекунад.
Мувофиқи моддаи 2-и қонун, тасдиқи Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллӣ ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Моддаи 3 муқаррар менамояд, ки Парчам ва Нишони давлатӣ новобаста аз андозаашон бояд бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тасвир карда шаванд. Мувофиқи моддаи 4, тартиби тайёр кардани Парчами давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 5-и қонун доираи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳоеро муайян менамояд, ки дар бино ё ҳудуди онҳо Парчами давлатӣ бояд ба таври доимӣ афрохта шавад. Моддаи 6 бошад, ҷойгир намудани тасвири Парчами давлатиро дар баъзе объектҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳои ба қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда танзим менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ба Қонуни «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраҳои гуногун тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, тағйироти 20 июни соли 2024, №2079 ба муқаддимаи қонун дахл намуда, мазмуни танзимкунандаи онро дақиқтар гардонидааст. Ҳамин тариқ, низоми ҳуқуқии Парчами давлатӣ аз меъёрҳои Конститутсия, қонуни махсус ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Ин низом барои ҳифзи мақоми расмии Парчам ва таъмини истифодаи дурусти он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳуқуқӣ тартиби истифодаи Парчами давлатӣ дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Парчами давлатӣ дар назди қароргоҳ ва биноҳои мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти судӣ ба таври доимӣ афрохта мешавад.
Инчунин Парчам дар биноҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар афрохта мешавад. Чунин тартиб шаҳодат медиҳад, ки Парчами давлатӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ мақоми муайян дорад. Афрохтани он дар назди мақомоти давлатӣ нишонаи мансубияти ин мақомот ба низоми ягонаи давлатдорӣ мебошад.
Ғайр аз ин, Парчами давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ низ истифода мешавад. Аз ҷумла, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар он ҳамчун рамзи расмии мансубияти давлатӣ баромад мекунад. Дар ин замина риояи тартиби афрохтан, нигоҳдорӣ ва истифодаи Парчам аҳаммияти ҳуқуқӣ дошта, ҳар гуна истифодаи он бояд бо талаботи қонунгузорӣ мувофиқат намояд.
Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Он ҳамчун рамзи ягонагии давлат ва ҷомеа дар ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ саҳм мегузорад.
Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ, рамзҳои давлатӣ яке аз воситаҳои муаррифии давлат дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб мераванд. Парчам дар чорабиниҳои байналмилалӣ, мулоқотҳои расмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои байнидавлатӣ истифода шуда, мансубияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд. Ҳамчунин, Парчами давлатӣ дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Омӯзиши таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва мақоми ҳуқуқии он ба насли наврас имкон медиҳад, ки раванди бунёди давлатдории муосири тоҷиконро амиқтар дарк намояд.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Бори аввал ин сана соли 2009 таҷлил карда шуд. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба омӯзиши таърихи давлатдорӣ ва баланд бардоштани эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар асоси таҳқиқи масъалаи таърихӣ ва ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба чунин хулоса омад, ки парчамдорӣ дар таърихи халқи тоҷик дорои анъанаҳои қадима буда, ҳамчун яке аз унсурҳои давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ташаккул ёфтааст. Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи давлатдории муосири тоҷикон мебошад.
Мақоми ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, тартиби истифода ва ҳифзи он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим карда мешавад. Қонунгузории кишвар масъалаҳои тасдиқ, тасвир, тайёр намудан, афрохтан ва истифодаи расмии Парчами давлатиро муайян менамояд. Ин меъёрҳо барои таъмини ягонагии истифода ва ҳифзи мақоми ҳуқуқии он заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Қаҳорзода Насимҷон Мазбут,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ
ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ