ҶОЙГОҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Яке аз санаҳои пурифтихори таърихи навини давлатдории тоҷикон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола 24 ноябр дар кишвари мо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мутантан ҷашн гирифта мешавад.
Дар назария ва амалияи муносибатҳои байналхалқӣ парчами давлатӣ на танҳо як рамзи ҳуқуқӣ ва муқаддаси дохилидавлатӣ, балки нишондиҳандаи возеҳи соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва субъектнокии байналмилалии давлат ба шумор меравад. Тибқи меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти конститутсионӣ, мавҷудияти рамзҳои расмии давлатӣ яке аз унсурҳои муҳими муаррифии давлат дар муоширати байнидавлатӣ мебошад.
Аз нигоҳи таърихӣ, анъанаи парчамдорӣ дар тамаддуни давлатдории халқи тоҷик решаҳои амиқ дорад. Аз замонҳои қадим то имрӯз дирафшу парчам дар таърихи давлатдории халқи тоҷик – аз «Дирафши Ковиён» то рамзҳои давлатдории Сомониён ва дигар низомҳои таърихӣ – ифодагари иттиҳод, шараф, адолат ва ҳифзи марзу бум будааст. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992, ин рамзи муқаддас ба пояи устувори худшиносии миллӣ ва муаррифгари чеҳраи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар равобити байналхалқӣ парчам забони бекалом, вале пурмуҳтавои протоколи дипломатӣ ва маросимҳои байналмилалӣ аст. Ҳузури Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, сафоратхонаву намояндагиҳои дипломатӣ, маросимҳои супоридани эътимоднома, нишастҳои сатҳи олӣ ва форумҳои бисёрҷониба маънои эътирофи расмии давлати мо аз ҷониби аҳли башар ва узвияти комилҳуқуқи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, парчам ҳамчунин вазифаи муайянкунандаи тобеият ва ҳимояи ҳуқуқӣ, масалан, дар киштиронии баҳрӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва минтақаҳои махсуси мақомдоштаро иҷро мекунад. Дар маросимҳои дипломатӣ тартиби афрохтани парчамҳо, масалан, ҷойгиршавӣ тибқи алифбо ё қоидаҳои ташрифот, ифодаи амалии баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо мебошад. Эҳтиром ба парчами як давлат дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ифодаи эҳтиром ба истиқлолият ва дахлнопазирии он аст.
Дар шароити таҳаввулоти геополитикии асри XXI давлатҳо баробари абзорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз дипломатияи рамзӣ ва «қудрати нарм» низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Парчами мо бо омезиши се ранг: сурх – рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва хунрезиҳои таърихӣ дар роҳи озодӣ; сафед – рамзи покизагӣ, сулҳ, ризоият ва саодат; сабз – рамзи зиндагӣ, сарсабзӣ, ободкорӣ ва фаровонӣ, ҳамчунин бо ранги тиллоӣ тоҷ – рамзи давлатдорӣ, сарбаландӣ ва соҳибихтиёрӣ; ҳафт ситора – нишонаи ҳамоҳангӣ бо кайҳон, табиат ва ҷаҳони ҳастӣ тасвир шудаанд, ки ин рамзҳо дар сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангии табиӣ доранд. Сулҳ ва ҳамзистии осоишта – дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим, амният ва муколамаи фарҳангӣ инъикос меёбанд. Ҳувияти таърихиву фарҳангӣ – нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон давлати ҷавони соҳибистиқлол бошад ҳам, такя ба тамаддуни куҳан ва анъанаҳои устувори давлатдорӣ дорад.
Парчами миллӣ омили муҳимми ҳамбастагии миллӣ дар фазои фаромарзӣ буда, ҷойгоҳи он дар равобити байналхалқӣ танҳо бо сатҳи расмии давлатӣ маҳдуд намешавад. Яъне, вазифаи байналмилалии Парчами кишвар аз доираи протоколи расмии давлатӣ фаротар меравад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити инсонӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ парчам барои ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён, муҳаққиқон ва варзишгарон ба рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, омили муҳими худшиносӣ ва пайванди маънавӣ бо Ватан табдил меёбад. Дар ин замина, бурдани Парчами Тоҷикистон ба кайҳон аз ҷониби кайҳоннавард Солиҷон Шарипов дар соли 2004, барафрохтани он дар Антарктида аз ҷониби олими шинохтаи тоҷик, иқлимшинос Абдуҳамид Қаюмов дар соли 2009 ва парчамдории варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, ки бо пирӯзиҳои варзишӣ ва садо додани Суруди миллӣ ҳамроҳ буд, намунаҳои равшани муаррифии Тоҷикистон дар арсаҳои гуногуни ҷаҳонанд. Боиси ифтихор аст, рӯзи 30 августи соли 2011 дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Парчами кишвар бо баландии 165 метр барафрохта шуд, ки љойгузини китоби рекордњои Гиннес гашт ва то соли 2014 баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешуд.
Вақте ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ, мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баланд бардошта мешавад, он на танҳо пирӯзии як фард ё як даста, балки ифтихори умумимиллӣ ва шинохти байналмилалии кишварро таҷассум мекунад. Дар ин лаҳзаҳо нақши дипломатияи мардумӣ ва ҳисси ватандорӣ беш аз пеш эҳсос мешавад.
Таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти муносибатҳои байналхалқӣ нишон медиҳад, ки қудрат ва эътибори парчами ҳар як давлат пеш аз ҳама ба суботи дохилӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хирадмандонаи хориҷӣ вобаста аст.
Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзу арҷгузорӣ ба он рисолати шаҳрвандӣ ва давлатдории ҳар як фарди соҳибватани кишвар мебошад, имрӯз ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, саодат ва ояндаи равшан дар баробари парчамҳои давлатҳои олами муосир ҷойгоҳи шоистаи худро дорад ва моро ба сӯи созандагиву пешрафт ҳидоят мекунад.
Бигзор Парчами пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад!
Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири кафедраи муносибатҳои
байналхалқӣ. ДДҲБСТ