ТОҶИКИСТОН –ВАТАНИ ОБҲОИ ТОЗА

Ташна мегӯяд, ки ку оби гувор

 Об ҳам гӯяд куҷо он обхор.

                                               Ҷалолиддини Румӣ

            Об чун муъҷизаи табиат дар вуҷуди ҳамаи махлуқоту наботот вуҷуд дорад. Мардуми тоҷик обро ҳамеша азиз медоштанд ва намегузоштанд, ки онро касе ифлос гардонад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ақидаи гузаштагонро барои мардуми ҷаҳон борҳо таъкид карда, аз минбарҳои баланд Тоҷикистонро чун минтақаи обҳои тоза муаррифӣ намудаанд: “Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард. Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид…” [1]

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон чун кишвари ташаббускори  масоили об дар ҷаҳон ба шумор меравад, зеро ватани обҳои мусаффост. Ҳанӯз аз даврони пешин тоҷикон, ниёгони арҷманди мо ояндаи дурахшони ватанро аз дарёву обшоронаш медонистанд. Лоиқ дар ин бобат чунин меоварад, ки:

Дар мурдани одамӣ ҳазорон асбаб аст,

Гаҳ сактаи қалбу гоҳ ранҷу тааб аст.

Аммо зи барои соҳиби чашмаву рӯд,

Дар саргаҳи об ташна мурдан аҷаб аст.

Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуфтаи шоирро, ки аз ҳиммати баланди тоҷикон, худ ташнаанду ҳамсояро саршор мекунанд, сармашқи кори худ қарор додаанд. Эъломияи Пешвои муаззами миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо барои ҷаҳониён пешниҳоди ҷолибу саривақтӣ буд. Санаи 8.06.2025 дар шаҳри Фаронса Пешвои миллат бори дигар барои мардуми сайёра собит сохтанд, ки тоҷикон чун мардуми куҳанбунёду тамаддунофар нисбати гармшавии иқлим бетараф набуда, ҳифзи пиряхҳо, яхҳоро наҷоти мардуми дунё аз буҳрони гармшавӣ медонанд. Мо аз ин пешниҳоди навбатии Пешвои муаззами миллат ифтихор дорем ва бошад, ки чунин пешниҳодҳои ҷаҳонии он кас паёмадҳои некро барои тамоми одамони сайёра орад.

            Раҳматова Д. А.,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like