ТЕРРОРИЗМ ВА ХАВФИ ОН БА ҶОМЕА

Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одамому олам таҳдид менамояд рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналхалқӣ мебошад. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири қарни XIX ва XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти онҳо хеле васеъ мегардад.

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

    Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият мебошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм». Аз 16 ноябри соли 1999 № 845).

Омўзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии  инсоният мебошад. Ҳануз дар асри I то милод дар Иуде (Яҳудистон  мазҳаби ханҷардорон (секта сикарев) амал мекард, ки ҷонибдорони он римиён донишмандон, устодон, аъёну ашрофон ва олимақомони яҳудиёнро несту нобуд мекарданд.

Фома Аквини ва падарони дини христианӣ бошанд, ақидаи қатли ҳокиме, ки ба фикри халқ душман ё хиёнаткор аст, иҷозат медоданд.

Мазҳабҳои алоҳидаи дини ислом низ дар миёнаҳои асри пайдоиши хеш ба куштори халифаҳо ва сардорону мансабдорони тақсимотҳои маъмурӣ ва ҳарбӣ  ҷонибдор буданд ва бо ин амал намояндагони онҳо даст мезаданд. Дар ин давра баъзе ҷамъиятҳои махфӣ дар Ҳиндустон ва Хитой низ ба террори сиёси машғул буданд. Дар ҳудуди Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ  ҷонибдорони мазҳаби исмоилиён  нисбати донишмандони ислом, муборизаи пинҳониро бо истифода аз ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсии худ амали мекарданд.

Дар ибтидои асри ХХ бошад, терроризм ба дараҷаи давлатӣ табдил ёфт. Дар давлатҳои Олмон, Итолиё ва ғайроҳо, ки режими  зиддихалкии ҳокимиятро дар даст дошт, аҳолии худро бо беқонунияти «буғӣ» намуда, онҳоро доимо зери таъсири тарсу ҳарос ва заифи нигоҳ медоштанд. Чунин сиёсати худро ин давлатҳо берун аз ҳудуди  мамлакат низ тағйир намедоданд.

Ҳамзамон таҷрибаи ҷаҳони шаҳодати он аст, ки терроризм ва экстремизм дар он ҷой ва ҳолате пайдо мегарданд, ки ҷомеа гирифтори бўҳрони чуқур , дар навбати аввал бўҳрони ғоявӣ, мафкуравӣ ва низоми давлативу ҳуқуқӣ мебошад. Дар натиҷа, дар чунин ҷомеа гурўҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, дини, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва дигарҳо пайдо мешаванд, ки барои онҳо қонунӣ будани  худи ҳокимияти ҳукмрон ва умуман тамоми системаи  идоракунии давлат зери шубҳа қарор мегирад. Дар сурате, ки ин гурўҳҳо ба хулоса меоянд, ки онҳо мақсадҳои худро бо роҳи қонунӣ дастрас намегарданд, онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зуроварӣ, яъни террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд. Ва дар ин ҳолат мухолифин адолатнокии маънавии куштори дигаронро дар тозагии мақсадҳои  худ маънидод менамоянд.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир шаҳодати он аст, ки терроризм ва экстремизм ватан, нажод, дин, миллат, забон ва маҳал надоранд ва ин падидаҳо бадбахтии  оламшумули глобалие гардиданд, ки ба муқобили онҳо муборизаи дастаҷамъонаи  тамоми мамлакатҳои ҷаҳонӣ ва сокинони сайёра зарур аст.

Мутахассисон беш аз ХХ намуди терроризмро фарқ менамоянд, ки мудҳиштарин ва бисёрпаҳншудаи онҳо,  инҳоянд:

терроризми сиёсӣ – ин сиёсати тарсонидани давлат, институтҳои алоҳидаи ҳокимият ё ташкилотҳои сиёсӣ буда, бо худ террори давлатро нисбати қисми аҳолии худ, ки аз сиёсати пешгирифтаи он  норозӣ аст, террори ташкилоти сиёсӣ нисбати аҳолӣ  бо мақсади таъсир расонидан ба қабули ин ё он қарор аз тарафи давлат, террори ташкилотҳои тоифаи ҷиноӣ, ки муборизаро зидди рақибон ва мухолифони сиёсӣ ё намояндаҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бар мегирад, иборат аст.

терроризми динӣ – ин ба воҳима, тарсу таҳлука андохтан ва паҳн кардани ташкилоти динии ҳамэътиқодҳо ва намояндагони эътиқодкунандагон ва пайравони дигар динҳоро дар бар мегирад.

терроризми миллатгароёна – ин таъсири тарсандозанда ва таҳлукаандозандаи як қисми аҳолӣ, миллат, қабила, авлод, маҳал нисбати дигарон бо мақсади ишғоли мавқеи ҳалкунанда ё ҷудошави аз ҳудуди давлат мебошад.

Дар хулоса қайд кардан ҷоиз аст, ки дар асри ХХI терроризм яке аз проблемаҳои глобалӣ маҳсуб меёбад. Из ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки худро дар канор нагирифта, бар зидди ин вабои аср мубориза барем. Хусусан нисбат ба ин гуна амалҳо ҷавонони имрўза бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳамчун насли пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намоянд.

Шарипов М. М. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like