Бозиҳои хандаовари Паймони миллии Тоҷикистон
Паймони миллии Тоҷикистон аз дидгоҳи худ ва ҳолати воқеии масъалаҳои пешгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати буҳрони коронавирус надониста, пешниҳодҳои худро ба манфиатҳои хеш пешниҳод кардааст. Ба ғайр аз ин пешниҳодҳое, ки ин гурўҳи ифротгаро кардааст, хусусияти сиёсӣ дошта, мутлақо ба иғво андохтани ҷомеа нигаронида шудааст. Масалан, нисбати пешниҳоди якум бояд зикр намуд, ки аллакай аз ВАО ба ҳамагон маълум аст ки ҳукумати мамлакат дар шакли бонизом ва бо риояи қоидаву талаботҳои муайяншуда шаҳрвандони Тоҷикистонро ба мамлакат оварда истодааст.
Нисбати пешниҳоди дуюм бошад қайд карданӣ ҳастем, ки ҳукумати мамлакат вобаста ба имконият шароит муҳайё карда истодааст. Мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон низ вобаста ба имкониятҳои худ шаҳрвандонро дар карантин нигоҳ дошта истодаанд. Баъзе аз мамлакатҳо ҳатто шароити дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони худро надоранд. Аз шаҳрвандони дар чунин нуқтаҳо нигоҳ дошташудаистода хоҳиш мекунем, ки сабри инсониро баланд карда, ба қоидаҳои тозаю покизагӣ риоя намуда, барои саломатии худ беэътиноӣ зоҳир накунанд.
Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҳол гирифторшавӣ ба касалии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз тарафи давлату ҳукумат нисбати пешгирии он ҳамаи чораҳо амалӣ шуда истодаанд ва зарурати манъ кардани чорабиниҳои ҷамъиятӣ маъно надорад. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба минталитети шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар деҳот, ки хусусияти гурўҳӣ ва рафтуомади қавии хешовандон аз баъзе чорабиниҳои чамъиятӣ калону доманадор аст.
Зиндонҳо аз ин вирус вобаста ба низоми муташаккили назоратӣ ниҳоят дур аст ва озод намудани маҳбасшавандагон бо мақсади пешгирӣ ягон маънӣ надорад. Ҳатто дар ягон мамлакати ҷаҳон хамчун чораи пешгирӣ аз ин вабо ба назар гирифта нашудааст. Ин гурўҳ алҳол 5 нафари ҳабсшудагони сиёсии худро шарм накарда, бо истифода аз ҳолат озод намуданашро андешида, чунин пешниҳодҳои беасосу хандаоварро изҳор намудааст. Шояд мақсади асосии ин пешниҳодот ҳамин бошаду боз дигар пешниҳодҳои бардурўғу беасосро илова кардааст.
Боло бурдани суръати интернет масъалаи давлату ҳукумат набуда, бо суръати мавҷуда мақсадҳое, ки дар ин пешниҳод оварда шудааст, иҷро кардан мумкин аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наҳамаи шаҳрвандон аз интернет истифода мебаранд ва кулли истифодабарандагон на балки мақсаднок, балки аз сомонаҳои мухталиф ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои тамошои видеороликҳои бемаъною ҳангомаомез сарф мекунанд.
Механизмҳои дигари паст кардани арзиши мол ва дастгирии молиявии аҳолӣ мавҷуд аст, ки нисбат ба барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқ самарнок мебошад ва боқимонда пешниҳодҳои он беасосу иғвоангез буда, ягон асосу далел надоранд.
Ҳукумати мамлакат бепешниҳоди ҳар гуна гурўҳҳои хоинони давлат вазъи масъалаҳои марбут ба коронавирус ва дигар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, доимо кўшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардошта, саломатии шаҳрвандонро ҳифз намояд. Пешниҳодҳое, ки аз тарафи як ташкилоти ғайридавлатию ифротгароӣ карда шудааст, беасосу яктарафа буда, танҳо мақсади хешро пай гирифтааст. Дар дигар мамлакатҳое, ки ба ин вабо дучор гаштаанд, ин гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто қонуниаш чунин пешниҳодот накардааст. Бо чунин амали худ ин ташкилот хоини миллати тоҷик буданашро боз як бори дигар собит намуд.
Каримов Р.А. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ