Аз сомонаҳои ифротӣ бӯи бади терроризм меояд!
Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Зеро, фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Дар ин давра, мутассифона, падидаҳои номатлубе низ арзӣ ҳасти кардданд, ки онҳо тероризму экстримизм ном гиррифтаанду барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста хатар эҷод мекунанд, боиси фоҷеаҳо мешаванд. Ҷаҳонбиниву андешаву ҳадафҳое, ки гурӯҳҳои терористиву экстримистӣ ташвиқу пайгири мекунанд, ба қонуниятҳои рушду нумӯи ҷомеа созгор нестанд, ба пешрафту гулгулукуфоии ҷамъият халал эҷод менамоянд.
Марому мақсади нахустини терроризм халалдору ноором сохтани оромиву осоиштагию амнияти мардум, коштани тухми адоват, тарсу ҳарос байни аҳли сайёра, воҳимаангезию ивғогарӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти бадастомадаи коршиносону ҷомеашиносон ва таҳлилиу мушоҳидаҳо, омилҳои зерин ба густариши ифротгароӣ ва тундгароиро дар Тоҷикистон ба таври мустақим таъсир мерасонанд:
1.Омода набудани ҷавонон аз нигоҳи мафкуриву сиёсӣ, инчунин ба ифодаи дигар маълумоти комил надоштани онҳо аз мазмуну моҳият ва таълимоти ахлоқию фикрии дини мубини ислом мебошанд. Ба таври дигар кӯтоҳандешӣ ва гумроҳии қисме аз шаҳрвандони моро ҳатто ба минтақаҳое бурдааст, ки ҷангзадаву ноором асту баъзе аз онҳо дар амалиётҳои зиддиинсонӣ ширкат меварзанд ва хуни ноҳақ мерезанд;
2.Омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла сатҳи бекорӣ;
3.Тарғибу ташфиқи мунтазам тавассути ахбои омма, бахусус, аз тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет барзиди арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ;
4.Муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар он ҷо муҳоҷиронро аз ҳар лиҳоз барои ширкат ва рамидан аз ҷиҳод ба давлати Сурия тайёр менамоянд;
5.Гумроҳ гардидани мардум, аз ҷумла, ҷавонон ба ваъдаҳои сохтаву дурӯғини эмиссирони хориҷӣ;
6.Таълиму тарбияи ғайриқонунии ҷавонон дар марказҳои исломшиносии хориҷӣ;
Дар назди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ, баробари тадрису ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, ки ояндаи миллати куҳанбунёди мо ҳастанд, онҳоро ба таври пайваста, мунтазам бояд ҳушёр намоем, ки ки ба равияҳои мухталифи бегона майл накарда, ҷони худро ба зери хатар нагузоранд. Ба фарҳангу маданияти бегона ва бегонапарастӣ хотима бахшанд, аз арзишҳои миллӣ ва маънавии хеш корбаст намоянд. Оид ба масоили мазкур метавон гуфт, ки таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзидаи забондон, аз усулҳои ҷадиди идоракунӣ, илмҳои замонавӣ, низоми иттилоотию телекомкникатсионӣ ва техникаву технологияи компютерӣ бохабар, дорои одобу ахлоқи ҳамида, ватанпарвару ватандӯст, худогоҳу хештаншинос, ба иҷрои вазифаи хизматӣ содиқ яке аз вазифаҳои асосиву муҳими ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Экстремизм ва терроризм гурӯҳҳоеанд, ки поёни роҳашон ба варта аст, зеро таърих собит кардааст, ки фаъолияти ташкилотҳои иртиҷоии ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва сомонаҳои иттилоорасони онҳо ба мисоли “бори каҷ ба манзил намерасад” аст. Мо бояд, ба қадри осудагӣ, оромӣ бирасем. Ватанамонро дӯст дорем ва ба рушду нумӯи он саҳми худро гузорем, инчунин зиракии сиёсӣ, тафаккури зеҳнӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа ва умуман, рушди минбаъдаи халқу миллати хешро пуштибонӣ кунем. Ба туфайли шарофати сулҳу ваҳдат мо ба пирӯзию ҳадафҳои бузурги ватанамон расида истодаем.
Мансурова М. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ