Гуфтаҳои ғаразона

Имруз ҳамагон ба хубӣ дарк менамоянд, ки неъмате аз истиқлолияту озодӣ, давлати миллӣ ва таъмини якпорчагӣ Ватани маҳбуб нахоҳад буд. Созандагию бунёдкорӣ ҳадафи аслии насли имруз ояндаро ташкил медиҳад. Маҳз сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои халқи мамлакат баробар рушд намояд барномаҳои нав ба нав барои тараққиётӣ иқтисодёту, иҷтимоиётӣ мамлакат қабул карда шавад.

“Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шавад, ҳамон қадар аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар мешавад. Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошад. Мо ба масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдатӣ миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъматҳои ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз маъди назар дур насозем”.

Воқеан ҳам маълум аст, ки имруз ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки гаштаю баргашта баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои беггонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ, тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо ба хусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

Мутаасифона Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро нашр кард, ки дар он омадааст, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 низ мисли  солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст. Дар гузориш Тоҷикистонро ҳатто “давлати худкома” номидаанд.

Дар гузориш омадааст, қатлҳои ғайриқонунӣ ва худсарона дар зиндонҳо, рабудани афрод ва ба Тоҷикистон бурдани онҳо бо ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ, истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, бастани вебсайтҳо, маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, маҳдуд кардани озодии баёну ҳуқуқи динӣ аз мавридҳои чашмгири нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон будааст. Монеагузорӣ дар роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва кори иҷбориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсиро аз дигар мавридҳои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар номидаанд.

Албатта мардуми тоҷик хуб дарк менамояд, ки ин гуфтаҳо ғаразона ва беасос мебошанд. Имруз як преаблемаи ночизтарин ҳам метавонад ба як праблемаи асоси табдил ёбад. Мо бояд имруз шаҳрвандони кишвар ҳамчунин тамоми ҳизбҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд бояд роҳи бунёд кардани давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақсади худ қарор додем бояд амалу рафторамон як бошад дар ин роҳ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат бошему ҷомеаи имруза ва насли ҷавони кишварро аз гуруҳҳои нохалафи ҷомеа дур карда бошем. Зеро уструвори ҷомеа пойдори кишвар дар дасти мову шумо вобастаги дорад.

         Абдуллоева М. – сармуаллимаи

 кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДҲБСТ

You might also like