Террористони аср ХХI
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нисбати масъалаи доғи рӯз чунин таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалӣ буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразнок содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда ҳисси бадбинӣ, нафрат аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияш гузашт карда даст ба чунин кори зишт мезанад. Ташкилотҳои террористӣ қаблан маблағҳои калонро ба онҳо ваъда дода агар ту худро таркони ба биҳишт дохил мешавӣ, аз ту то рўзи қиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд.
Чашм ва дили он нобакор бо ин таъсирҳо кур гашта худро зинда ба зинда метарконад, ҳоло он, ки худкуши дар ислом манъ карда шудааст. Бояд дарк кард, ки мувофиқи таълимоти Қуръони Карим куштани инсон ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад, ҷояш ҷаҳаннам буда, дар онҷо то абад хоҳад монд» (Қуръон 4; 93). Яздони пок ба ў ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби азимро муқаррар мекунад
Яке аз шахсони дилсиёҳ ин террористи асри ХХI Муҳиддин Кабирӣ аст. Ӯ як мурдори сиёсиест, ки ниқоби дин бабаркардаву роҳи нави хиёнат ба Ватанро пеша намудааст. Нуқтаи дигар он аст, ки Кабирӣ санаи 30 январ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё ба мусоҳибаи мардум баромад. Ин шеваи кори Кабирии гумроҳ собит сохт, ки ӯ ба саволҳои мардум ҷавобҳои муносиб надод, балки бори дигар симои разилонаи худро ҳамчун як тахрибкори хиёнатпеша намоиш дод.
Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод, муҳоҷид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад, зеро ин калимаҳо, саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори наҳзатро зиёда аз чӣ сол инҷониб мехӯронад, мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.
Имрўз террористон бозичаи дасти «Давлатҳои исломӣ (ДИИШ)» гаштаанд. «Давлати исломии Ироқ ва Шом» бо забони араби «Ал-даула, Ал-исломия» дар шакли мухтасари он бо форси ДИИШ, бо забони руси «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст.
Ҳанӯз дар арафаи шукуфоии гурӯҳи «ал-Қоида» дар соли 2004 гурӯҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» таҳти роҳбарии Абу Мусъаб Ал-зарқавӣ таъсис ёфта, аз ҷониби саркардаи собиқи «ал-Қоида» Усомма Бинни Лодан ба расмият шинохта шуд. Қобили қайд аст, ки аъзоёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» хусусан «Ҷабҳаиту-н-нусра» аз бераҳмтарин ҷангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироқ, балки дар саросари ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз хизмати «Террористони худкуш», ки ташкилотҳо махсус тайёр мекунанд, ДИИШ васеъ истифода мебарад. Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.
Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд?
Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кудакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.
Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ингуна гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гурӯҳҳои экстремистӣ аз кишвари мо – Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомотҳои қудратии кишвар, мақомотҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрўз мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоем.
Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандусти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гурӯҳҳои ифротгаро гиранд.
Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ – динӣ, гурӯҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омӯзонанд.
Ҳасанов М.М. – сармутахассиси шуъбаи тарбияи ДДҲБСТ