Мо худои хеш дорем!

Рўзҳои охир мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин ба дастам расид, ки дар он аз рўзноманигор Далер Шарипов, ки ба муддати ду моҳ дар ҳабс гирифта шудааст, пуштибонӣ карда шудааст. Ман дар бораи Далер қазоват намекунам, ҳуқуқи  бор кардани айбу гуноҳро нисбати ўро надорам, зеро гуноҳи онро танҳо суд муайян менамояд.

Аммо дар нисбати мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин чунин муносибат карда наметавонам, зеро дар ин мақола калимоти зиёде истифода гардидаанд, ки онҳо дур аз одоби рўзномаю рўзноманигорӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз навиштани ин мақола дар асл пуштибонӣ  аз Далер  нест, балки ҳадафи асосии он санги маломат задан ба сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ мебошад, ки чунин афрод ин амалҳои зишти худро бо амри хоҷагони хориҷии худ анҷом медиҳанд.

Муаллифи  мақола  дар оғози  мақолаи ҳуд аз китоби «Муҳаммад (с) ва терроризм»-и Саид Қутб  ва  Юсуфи Қарзовӣ ёдрас шуда,  онҳоро  ҳамчун муҳақиқони ростин қаламдод намуда, ва сипас ба интиқоди  шахсиятҳои  илмии кишвар мепардозад. Аммо вай нагуфтааст, ки ин  «муҳаққони ростин» идеологҳои асосии «Ихвону-л-муслимин» ё ки «Бародарони мусулмон» мебошанд. Ба хусус Саид Қутб нахустин шахсест, ки тафсирии сиёсии Қуръони маҷидро бо номи «Фи – зилялил Қуръан» («Дар сояи Қуръон») навиштааст, ки он ба мисли китоби дар боло ёд гардида, аз диди идеологӣ, китоби рўимизии  ин созмони экстремистии қариб дар тамоми давлатҳои исломӣ мамнўи «Ихвону-л-муслимин» мебошанд.

Муаллифи мақола бо овардани иқтибосҳо аз мақолаҳои рўзноманигорони тоҷик, кишвари моро ба тафовути мазҳабию маҳал ҷудо менамояд, ки дар ин кишвар гўё танҳо ваю ҳаммаслаконаш миллию мазҳабиянд ва дигарон маҳалгарою бединва Тоҷикистони азизи моро ба Тоҷикистони инҳою онҳо тақсим менамояд, ки ин амали ў хилофи на танҳо одоби рўзноманигорӣ балки хилофи одоби  инсонӣ низ мебошад. Аз ин рў  ман ба муаллифи мақола мерасонам, ки Тоҷикистоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем албатта камбудиҳое дорад вале Ҳукумат ва мо сокинони ҷумҳурӣ дар фикри пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо мебошем ва ҳеҷ гоҳ он Тоҷикистонеро, ки шумо дидан мехоҳед, мо тарафдорӣ наменамоем.

Ба муаллифи мақола балки ин таҳқирнома расониданиам, ки феълан дар Тоҷикистон ҳизби атеистию идеологияи атеистӣ мавҷуд нест, ки хостаҳои худашонро ба сари мардуми мусулмони тоҷик бор намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои намозгузорон муҳаё сохтаанд. Бо ибтикори Президенти мамлакат дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри воқеан зебоманзараи Душанбе калонтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки гумон намекунам, ки Шумо дар оянда дар он адои намоз намоед. Яъне мардуми Тоҷикистон, дуруст мегўед, ки ҳамагӣ мусалмон ҳастанд, аммо онҳо намехоҳанд, ки Шумо ба ин фазои муътадили динӣ бо созмонҳои ифротии худ ворид гардед ва бо сармояи хоҷагони хориҷии худ ин муҳитро ноором созед.

Аз ин рў дар охир ба маълумоти муаллиф мерасонам, ки феълан, ки берун аз кишвар қарор доред ва аз руйдоду таҳаввулоти дар Тоҷикистон рухдода бехабаред, дигар мардуми тоҷикро диндору бедин ва ба маҳалгароӣ ҷудо нанамоед. Ин ҷо ман нисбати муаллифу ҳаммаслаконаш ин байти Хусрави Деҳлавиро иқтибос менамоям, ки хуш гуфтааст:

Киштии сабри худамро ғарқ кардам нохудо,

Мо худои хеш дорем нохудо даркор нест.

Дӯстов Д.К. – н.и.т., дотсенти

кафедраи таърихи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like