Гурӯҳаки 2 ё 3 нафара

Ростӣ чанде қабл дар шабакаи интернетӣ бо мақолаи таҳлилгари  тоҷик Сангинзода Зафарро дар мавзўи  «Садои мардум» ё садои мурдор ошноӣ пайдо намудам. Нисбати ин гурўҳак зикр бояд кард, ки он аз 3 нафар беш нест ва вақтҳои охир ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, ба ном «ҳаракати ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон ва инкишоф» ва ғайра музахрафотро ба дили худ созмон додааст.

Аслан, фалсафаи вуҷудии ин гурӯҳ мисли ба ғайр аз ақоиди душманона ва иғвоандозӣ дигар чизе нест. Ин созмонак аз дурӣ истода худро «муборизи роҳи озодӣ» медонад. Ҳоло он ки роҳбарияти он аз мактаби хиёнатпешагӣ ва аз пушт ханҷарзаниро нағз омӯхтааст. Онҳо нотавонбина ва аз карда пушаймон даст ба душманиву беимонӣ задаанд ва ба ҷуз каҷравиҳои беоқибад аз дасти онҳо ҳеҷ чизе намеояд.

Набудани дарки амиқ аз муборизаи сиёсӣ, масъулони ин гурӯҳро маҷбур месозад, ки аз як дар ба як дар ва аз як кишвар ба кишвари дигар дар гурез бошанд. Зеҳнҳои ларзон ва тарсонашон  дар ҳаракати ноҷо ва бемаврид қарор доранд.

Гурӯҳи 24 аслан решаҳои амиқ дар тариқатҳои диние дорад, ки бо сиёсат ва муҳити солим душманӣ меварзанд. Ба онҳо мегўем, ки қабл аз иғво «гиребони худ бўй намоянд», ки ки ҳастанду чӣ мехоҳанд.

Дар урфият мегӯянд, ки  «чун қиёмат қоим шуд,  дунё ба охир расид, қофила ба кӯдак мерасад». Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷӯиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

 кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

You might also like