Наҳзатиёнро интихобот чӣ ҳоҷат!

Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки бо шикасти дубораи наҳзатиҳо ва тарафдорони онҳо анҷом ёфт, магар ба наҳзатиён дарс набуд, ки дону нодон бар зидди миллати ҳазорсолаи тоҷик душманона мубориза мебаранд? Тули ҳазор сол, ки мо бе давлат будем тавонистем фарҳангу забон, урфу одат, таърихи худро нигоҳ дорем. Акнун, ки миллати мо ободу сарсабз аст, чанд тан наҳзатии хоин мехоҳад, ба сари ин миллат бадбахтӣ орад. Дониста гиред, «ҷанобон» аз дасти шумо ҳеҷ чиз наомадааст ва намеояд.

Дар ҷомеаи мутамаддин ҳизбҳо ва шахсиятҳо барои ноил шудан ба мақоми олӣ тариқи интихобот ва аз роҳи демократӣ, бо барномаю лоиҳаҳое, ки дар худ танҳо рушду равнақи давлат ва зиндагии шоиста муҳаё намудан ба шаҳрвандон ва садҳо нақшаҳои таҳкиму рушддиҳандаи соҳаҳои гуногун дар мамлакат равона гаштаанд, номзадии худро дар интихобот мегузоранд. Самимият ва садоқату вофодорӣ ба ватану миллат дар ҷомеаи имрӯза ягона воситаест, ки метавонад мақсадҳои номзадҳоро чӣ ба мақоми олӣ бошад, ё соҳиб шудани курсӣ дар Парламенти кишвар, амалӣ созад. Аммо ин арзишҳо танҳо дар шахсоне дида мешавад, ки дар ҳақиқат дар фикри якпорчагии марзу буми ватананду танҳо орзӯи хушбахтию сарбаландии миллати хешро мехоҳанд.

Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардем саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз аввал барои соҳиб шудан ба мансаб на бо роҳи интихоботу дигар воситаҳое, ки дар ҳақиқат онҳоро мардум интихоб кунанд, рафтанд, балки бо роҳи ҷанг, куштор, террору хунрезӣ, ваҳшоният, ғасби ҳокимият бо зурӣ, мехостанд мақсадҳояшонро амалӣ созанд. Вале бо ин қонеъ нашуда аз ин ҳам бадтар рафтор карданд ва карда истодаанд.

Бадтарин кирдори шаҳрванд, ки набахшиданист ин хиёнат аст. Роҳбарон Ҳизби наҳзати исломӣ молу сарват ва мансабро аз миллату давлат боло дониста, даст ба хиёнат заданд. Аниқтараш сари худро назди душманони миллати тоҷик хам намуда дар хизмати онҳо гузаштанд. Бо фармоиш ва роҳнамоии душманон кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд, ки аз хисороту қурбониҳояш намехоҳам сухан гӯям, чун шарм мекунам, ки аз модари тоҷик чунин разил, нохалаф ва ватанфурӯш таваллуд шудааст.

Вале миллати дилкушоду беғарази тоҷик душманонро ҳамчун дӯсти наздики худ медонист. Манзур кишвари ҳамфарҳангу ҳамдини мо Вена-Истанбул мебошад. Ин кишвари бо мо ба ном «дӯст» бо дӯстии миллати тоҷик қонеъ нашуда дар дохили мо заҳок барин тоифаҳоро парвариш намуда онҳоро бар зидди давлат равона карда, бо маблағу дигар лавозимот баҳри ба сари қудрат омадани намояндагони ин ҳизби террористӣ, таъмин кардааст. Хулоса дӯстони мо кӯшиш доштанд аз пӯшт ханҷар зананд.

Тибқи моддаи 9 Конститутсия Ҷумҳурии Точикистон дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Рўзи 1 марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот шаффоф ва беғараз гузаронида шуд. Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон қадамҳои худро ба суйи зиндагии шоиста, осудаву ором ва бемаломат мегузорад. Бо сарвари хеш баҳри тараққиёти кишвар заҳматҳои худро дареғ намедорад!

Абдураҳмонова М.И. – сармуаллимаи

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ

You might also like